Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чист бедорӣ? Зи боғи ваҳму занн гул чидане, Хоб, яъне аз ғубори худ нигаҳ дуздидане.
Замоне, ки ин шоҳиди сародиқи танзеҳ (яъне рӯҳ – Б. Р) аз тамошои анҷумани зуҳур майли хилвати ҳуввият дорад, нахустин қадам ба пешгоҳи олами мисол мегузорад ва ин олам исми мартабаест, ки дар он мартаба инқитоъи гулбун аз шуҳуди кайфияти сувар сурат набастааст ва ба инфисоли мутлақ аз таъаллуқоти таваҷҷуҳоти хайру шар напайваста. Ҳар гоҳ бисоти ин пояи таваҳҳум дарнавардад, ба хобгоҳи пардаи ҷалол, ки ҷаҳони бетамизиии мутлақ аст, мавсул гардад».
Рисолаи мазкур наздик ба чоряк ҷузъи чопӣ буда, ба асари мустақил будани он худи Бедил сареҳан ишора кардааст. Аммо ҷои тааҷҷуб аст, ки аз муҳаққиқони шоир то кунун касе аз мавҷудияти он зикре ба миён наовардааст.
Унсури саввум илова бар муҳокамаҳои фалсафию ахлоқӣ ва адабию эстетикӣ якчанд рисолаи мустақили мансурро фаро гирифтааст. Ин рисолаҳо иборатанд аз «Дабистони сунъ», «Нағмаи ваҳдат», «Исория», «Баҳористони ҷунун», «Ҳуҷуми ҳайрат», «Сурмаи эътибор» ва «Фавоиди хамӯшӣ». Бедил пеш аз сабти рисолаҳои мазкур дар хусуси назму наср ва тафовути байни онҳо сухан карда, аз ҷиҳати вазифа ва моҳият ҳардуро як чиз шуморида, навиштааст, ки «назмҳои матин насри муҷмаланд ва насрҳои рангин назми муфассал».
Гӯшрас намудан лозим аст, ки аксар аз рисолаҳои мазкур пеш аз таълифи умумии «Чорунсур», яъне пеш аз соли 1095(1684) эҷод шудаанд. Аз ҷумла «Баҳористони ҷунун», ки тавсифи баҳорро дарбар кардааст, вақте иншо шудааст, ки Бедил ба таълифи маснавии «Муҳити аъзам» машғул будааст. Ӯ дар муқаддимаи ин рисола навиштааст: «Фасле ки баҳорияи «Муҳити аъзам» ба назми тартиб расид, ва ниҳолистони фавоидаш ба нашвунамои таҳрир сар кашид, баъзе дӯстон муҳаррики силсилаи шавқ гардиданд, ки аз ин олам насре агар ба рақам тавонад омад, нӯги хома бояд афшонд ва ба резиши ин ҷуръаи бепарво насиме ба ошуфтадимоғон низ метавон расонд. Ба таклифи аъизза ночор ранги савдое аз килки хаёл берун рехт ва ба оҳанги «Баҳористони ҷунун» шӯри таҳрир барангехт».
Шоир ҷое, ки дар ситоиши футувват ва накӯҳиши хиссат мулоҳаза меронад, рисолаи «Исория»-ро ба ҳайси тамсил дарӣ менамояд. Ӯ менависад: «Вақте дар сифати исор фоидае чанд аз килки хаёл ҷӯшида буд ва ба шӯҳрати «Исория» марқуми сафҳаи эътибор гардида.
Дар ин мавқеъ тарҳи ситоиши арбоби карам меандозад ва ба танбеҳи авзоъи аҳли хиссат мепардозад».
Рисолаи «Сурмаи эътибор» замони иқомати Бедил дар Акбаробод, яъне дар байни солҳои 1081-1083 ҳиҷрӣ (1670-1673 милодӣ) бо хоҳиши Мирзо Комгар ном амир ба силки таҳрир даромадааст.
Шароит ва сабабҳои таълифи рисолаҳои «Нағмаи ваҳдат», «Дабистони сунъ», «Ҳуҷуми ҳайрат» ва «Фавоиди хамӯшӣ» низ дар мавқеъҳои худ баён гардидаанд.
Шоир дар унсури чорум пас аз изҳори назар дар хусуси навъҳои гуногуни рӯҳ – рӯҳи мутлақ, рӯҳи табиъӣ, рӯҳи наботӣ, рӯҳи ҳайвонӣ ва рӯҳи инсонӣ – ба зикри воқеъоти таърихӣ ва саргузашту сафарҳои хеш пардохтааст. Ӯ зимни ёдоварӣ аз воқеъаҳои аҷиб ва нақшҳои ғариб, ки дар давраҳои гуногуни ҳаёташ мушоҳада кардааст, дар хусуси баъзе воқеъаҳои сиёсӣ ва таърихии асри хеш низ маълумотҳои муфидро дар ихтиёри мо гузоштааст. Чунончи, ахбороти ӯ дар бораи бемории подшоҳи вақти Ҳиндустон Шоҳиҷаҳон (1627-1658), лашкаркашии писари бузурги ӯ Шоҳшуҷоъ (ваф. 1662) бар муқобили падар, ҷанги байни Шоҳшуҷоъ ва бародараш Аврангзеб, дар ин ҷанг ғолиб омадану бар тахти шоҳӣ нишастани Аврангзеб ҷолиби диққат мебошанд.

пешина
аз 250
навбатӣ