Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ишораҳо ба забти Дакан аз тарафи Аврангзеб ва инъикоси ошӯбҳои халқӣ дар Матҳро низ аз ҷумлаи маводи муҳими таърихии асар ба шумор мераванд.
Аз маълумотҳое, ки марбут ба ҳаёти худи Бедиланд, ёддошти ӯ роҷеъ ба Атуп Чатри рассом, ки сурати шоирро кашида буд, тафсили сафарҳояш аз Патна ба Меҳассӣ, аз Деҳлӣ ба Панҷоб ва аз Матҳро ба Деҳлиро метавон ном бурд.
Хотирнишон намудан лозим аст, ки «Чорунсур» бо насри мусаҷҷаъ навишта шуда, бо порчаҳои зиёди шеърӣ – маснавӣ, рубоъӣ, ғазал, қитъа ва фардҳо – зиннат ёфтааст. Аксари шеърҳо ба қалами худи Бедил тааллуқ доранд. Баъзеи онҳо дар ҷараёни таълифи асар эҷод шуда бошанд, баъзеи дигар аз асарҳои дигари шоир гирифта шудаанд. Чунончи, порчаи шеърие ки бо матлаъи Садоест печида дар коинот,
Ки пур карда аз шавқ зарфи ҷиҳат, дар унсури саввум омадааст, аз боби ҳафтуми маснавии «Муҳити аъзам» иқтибос шудааст.
Порчаи зерин низ аз маснавии мазкури шоир аст:
Чӣ лофӣ ба ҳарфи касон хомавор?
Сарире зи таҳқиқи худ ҳам барор.
Бурун тоз аз зулмати ваҳми хеш,
Бикун сайр дар кӯчаи фаҳми хеш.
Марав ҳамчу гӯш аз пайи ҳарфи кас,
Ба дил соъате ғӯта зан чун нафас,
Ки шамъе зи таҳқиқ равшан кунӣ,
Гули маъние зеби доман кунӣ.
Чӣ таҳқиқ? Нури басити қидам,
Ки ҷӯшад зи дил бе ғубори зулам.
Дар асар ба миқдори нисбатан ками осори шоирони дигар, чун Мавлавии Рум, Шамсидини Мағрибӣ (1349-1409) ва ғайра, низ дучор омадан мумкин аст. Масалан, се байти зерин, ки дар унсури аввал мавҷуданд, аз «Маснавии маънавӣ» гирифта шудаанд:
Ин туи зоҳир, ки пиндорӣ туӣ,
Ҳаст андар туи ту аз бетуӣ.
Ин ту ҳаст аммо на ин ту, ки тан аст,
Он туе, к-он бартар аз мову ман аст.
Туи ту дар дигаре омад дафин,
Ман ғуломи марди худбинам чунин.
Рубоъие, ки инак иқтибос мешавад, ба қалами яке аз устодони Бедил – Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ таъаллуқ дорад:
Дар кӯи дилором гузар бояд кард,
Феъли бади хешро бадар бояд кард.
Оинаи хеш босафо бояд дошт,
Дар вай рухи ёрро назар бояд кард.
Дар унсури якуми асар як байт аз амаки шоир – Мирзо Қаландар низ дида мешавад, ки ин аст:
Маҳрумии дидори ту хун дар ҷигар андохт,
Чашмам чӣ кунад, чашми туаш аз назар андохт.
Дар асар чанд шеъри «бегонаи» дигар низ мавҷуд аст, ки Бедил аз муаллифони онҳо ном набурдааст. Рубоъии зайл аз ҳамон ҷумла аст:
Дидем ниҳони гетиву асли ҷаҳон,
В-аз иллату осор гузаштем осон.
Он нури сияҳ зи нуқтае бартар дон,
З-он низ гузаштем, на ин монду на он.
Дар ин ҷо ба маврид аст бигӯем, ки дар нашри кобулии куллиёти Бедил (ҷилди дуввум, саҳ. 180, 336) рубоъии мазкур (Дидем ниҳони гетиву асли ҷаҳон) ва рубоъиии пештар иқтибосшудаи устоди Бедил Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ (Дар кӯи дилором гузар бояд кард) саҳван аз ҷумлаи ашъори Бедил пиндошта шудаанд. Дар ҳоле ки моли дигарон будани онҳоро худи Бедил сареҳан зикр кардааст.
НИКОТИ БЕДИЛ
Абдулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) аз ҷумлаи сермаҳсултарин шоирон дар адабиёти форсизабони ҷаҳон аст. Танҳо бахши манзуми мероси адабии ӯ наздик ба 80 ҳазор байт мебошад. Номгӯи асарҳои асосии шоир ба қарори зайл аст: девони ғазалу мухаммас, таркиббанду тарҷеъбанд, қасида ва қитъаву мустазод ва чанд маснавии кӯчак; девони алоҳидаи рубоъиёт, маснавиҳои «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифат» ва «Ирфон», асрҳои насрии «Чорунсур», «Никот» ва «Руқаъот».

пешина
аз 250
навбатӣ