Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз асарҳои маълум ва машҳури шоир «Никот» аст, ки бо насри мусаҷҷаъи омехта бо назм навишта шудааст.
Пеш аз он ки дар хусуси ин асар баъзе мулоҳазаҳоро иброз намоем, дар бораи номаш низ чанд сухан гуфтанро лозим медонем. Дар адабиёти илмӣ бо ду шакли навишти номи асар дучор омадан мумкин аст: бо шаклҳои «Никот» ва «Нукот». Кадоме аз ин шаклҳо саҳеҳ аст?
«Никот» ё «Нукот»?
Чунон ки маълум аст, калимаи никот ё нукот шакли ҷамъи калимаи нукта аст. Нукта ба маънои сухани тоза, нукта ба маънои сухани нотакрор, нукта ба маънои асари бадеӣ.
Дар луғатҳои арабӣ – русӣ, форсӣ-русӣ ва урду-русӣ омадааст, ки шаклҳои ҷамъи калимаи нукта никот ва нукат аст. Дар ин китобҳо калимаи нукот ҳамчун шакли ҷамъи калимаи нукта умуман зикр наёфтааст.
Муаллифи «Ғиёсуллуғот» Муҳаммад Ғиёсуддин навиштааст, ки шакли ҷамъи калимаи нукта никот аст, на нукот. Нукот – идома додаст ӯ, маҳзи ғалат аст, чаро ки вазни фуъол аз авзони ҷамъ нест.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ»-и устод Айнӣ низ таъкид шудааст, ки асли калимаи нукот никот аст.
Ви ниҳоят, дуктур Муъин низ дар «Фарҳанги форсӣ»-и хеш ин калимаро дар шакли «никот» овардааст ва илова кардааст, ки ағлаб дар тадовул (гуфтугӯ) ба замми нун хонда мешавад, вале дар асл ба касри он аст.
Дар асоси ин далелҳо номи асари Бедил низ бояд «Никот» навишта шавад, на «Нукот».
Аввалин сухане, ки дар шинохти «Никот» гуфтан лозим аст, ин аст, ки ин асар ва асари дигари шоир «Ишороту ҳикоёт» дар асл як асар мебошанд. Дар нусхаҳои хаттии осори Бедил ҳардуи ин асарҳо ҳамчун як асар дар якҷоягӣ омадаанд. Дар нусхаҳои хаттӣ онҳо идома ва ҷузъҳои алоҳидаи якдигар набуда, балки бо ҳам омехта дарҷ гардидаанд. Яъне баъд аз ҳар як нукта як ё дутогӣ ишорату ҳикоят илова шудааст. Азбаски ин ишорату ҳикоятҳо бо нуктаҳои аслӣ, яъне порчаҳои насрии «Никот», алоқаи маъноӣ надоранд, ноширони баъзе нашрҳои куллиёти Бедил, масалан, нашри Сафдарӣ (Бамбай 1299), онҳоро аз матни «Никот» ҷудо карда, ҳамчун асари ҷудогона дар алоҳидагӣ чоп кардаанд. Вале дар ин гуна нашрҳои куллиёт низ иртиботи «Ишороту ҳикоёт» бо «Никот» бетаъкид намондааст. «Ишороту ҳикоёт» дар ин гӯрӯҳи нашрҳо бо номи «Ишороту ҳикоёт мутаъаллиқ ба Никот» ба табъ расидааст.
Ва ниҳоят, чанд тан аз муҳаққиқони Бедил, аз ҷумла Ёсинхони Ниёзӣ ва Қорӣ Абдуллоҳ низ «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт»-ро як асар донистаанд. (ниг. Сӣ мақола дар бораи Бедил, Кобул, 1365, саҳ. 37. 101).
«Никот» маҷмӯъаест иборат аз порчаҳои мазмунан мустақили мансур ва манзум, ки дар мавзӯъҳои гуногун (фалсафа, ахлоқ, ирфон, масоили эҷоди бадеӣ ва ғайра) таълиф шудаанд.
Ҳамаи нуктаҳо аз ҷиҳати сохту таркиб бо ҳам монанд буда, аз якпорагӣ насри мусаҷҷаъ, яктогӣ рубоъӣ ё қитъа, яктогӣ ғазал ё мухаммас ва як – дутогӣ шеъри маснавишакл иборатанд. Чунон ки гуфтем, шеърҳои маснавишакл бо номҳои «Ишорат» ва «Ҳикоят» дарӣ гардидаанд.
Иддае аз муҳаққиқон, аз ҷумла Ёсинхони Ниёзӣ дар мақолае бо номи «Мирзо Абдулқодири Бедил» (маҷалаи «Оинаи ирфон», Кобул, 1312 № 4-5), Аҳмади Оташ дар нашри туркии «Энсиклопедияи ислом» (ҷилди 2, Истамбул, 1944), Абдулғанӣ дар китоби «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351), Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи «Мунтахабуззамон Абдулмаъонии Бедил» (маҷаллаи «Жувандун», Кобул, 1342 № 15), Асадуллоҳ Ҳабиб дар мақолаи «Доир ба аслияти асарҳои Бедил «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт» (маҷаллаи «Народы Азии и Африки» М., 1973, № 4) навиштаанд, ки «Никот» асари мустақил набуда, балки интихоб аз «Чорунсур», девон ва маснавиҳои худи шоир аст.

пешина
аз 250
навбатӣ