ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чунончи, донишманди лоҳурӣ Ёсинхони Ниёзӣ дар ин бора навиштааст: «Никот» китоби мустақиле нест, балки маҷмуъаест, ки Мирзо аз назму насри худ онро ҷамъ ва интихоб намуда, «Никот» ном карда. Бештар қисмати назму насри «Никот» аз «Чорунсур», девон, «Муҳити аъзам», «Тури маърифат» ва ғайра мебошад».
Шоир ва донишманди Афғонистон Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи мазкури хеш роҷеъ ба «Никот» чунин гуфтааст: «Никот» маҷмуъаест мухтасар, шахси Бедил аз қисмати назму насри осори худ рӯҳи матлабро интихоб намуда ва «Ишороту ҳикоёт» ҷузъест аз маснавиёт, худ хулосаи матлабро интихоб карда. Агар касе ба сайри куллияи осори Бедил муваффақ нашавад, метавонад аз мутолаъаи «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт»-и ӯ баҳрае аз афкори Бедил бибардорад».
Холмуҳаммади Хаста дар варианти тасҳеҳшуда ва такмилёфтаи рисолааш фикри худро дар хусуси мураттиби «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт» тағйир дода, гуфтааст, ки ин асарҳоро дӯст ва ҳомии Бедил Шукруллоҳхони Хоксор (ваф. 1696) аз осори ӯ интихоб намуда, тартиб додааст (ниг. Хаста, Мунтахабуззамон Абдулмаъонии Бедил. Нусхаи қаламӣ маҳфуз дар идораи маҷаллаи «Китоб» дар Кобул).
Устод Айнӣ низ дар рисолаи маъруфи худ «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Сталинобод, 1954) «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро ду асари алоҳидаи мустақил ҳисобидааст. Ӯ дар хусуси «Никот» навиштааст: «Ин асар асосан наср буда, бо порчаҳои бисёри шеърӣ-бо рубоиҳо, қитъаҳо, ғазалҳо, маснавиҳо, мухаммасҳо ва мураббаъҳои мустазод зинат ёфтааст. Аз мундариҷоти гуногунаш маълум мешавад, ки ин асар дар давраҳои гуногуни ҳаёти муаллиф таълиф ёфта, баъд аз он тартиб дода шудааст».
Ба ақидаи устод Айнӣ, «Ишороту ҳикоёт» инз дар вақтҳои гуногун эҷод шуда, «баъд аз он аз тарафи муаллиф ё ягон каси дигар дар шакли китоби ҷудогона тартиб ёфтааст. »
Донишманди дигари лоҳурӣ Ибодуллоҳи Ахтар дар асоси умумият ва иртиботи «Никот»
бо дигар осори шоир навиштааст, ки «Никот» шарҳи баъзе пораҳои «Чорунсур», бахшҳои алоҳидаи маснавиҳо ва абёте аз ғазалиёту қитъаот ва рубоъиёти шоир аст. (ниг. Ибодуллоҳи Ахтар, Бедил, Лоҳур, 1952, саҳ. 139).
Муаллифи рисолаи «Нақди Бедил» (Кобул, 1343, саҳ. 558) Салоҳудини Салҷуқӣ доир ба «Никот» изҳори назар намуда, зоҳиран, дар пайравӣ аз Ибодуллоҳи Ахтар, онро шарҳи баъзе аз ғазалҳои шоир пиндоштааст. Ӯ навиштааст: «Бедил барои он, ки аз рӯҳи назми худ битавонад ба он табақа, ки ба шеъри ӯ чандон ошноӣ надоранд, ба забони насри классик таъбире кунад, то шарҳи порае аз ғазали ӯ гардад, лозим донист, ки «Никот»-ро ба рӯи кор орад».
Фикри Салоҳуддини Салҷуқӣ дар бораи «Ишороту ҳикоёт», ки бахшҳои ҷудогонаи «Никот» аст, ҳамон аст, ки муҳаққиқони мазкур Ёсинхони Ниёзӣ, Абдулғанӣ ва дигарон гуфтаанд. Яъне ӯ низ «Ишороту ҳикоёт»-ро интихоб аз маснавиҳои шоир донистааст.
Муаллифоне, ки «Никот»-ро интихоб аз асарҳои гуногуни Бедил донистаанд, беасос ва бедалел сухан накардаанд. Зеро, воқеъан, тамоми порчаҳои манзуми «Никот»-ро аз девони ашъору маснавиҳо ва «Чорунсур»-и шоир пайдо намудан мумкин аст. Аммо на ҳамаи қисматҳои насрии асарро дар «Чорунсур» ва «Руқаъот» метавон пайдо кард. Чунончи, порчаҳои насрии 19 нуктаи авали «Никот» на дар «Чорунсур» дида мешаванду на дар матни аслии «Руқаъот». Онҳоро танҳо дар як нусхаи «Руқаъот»-нусхаи дохили нашри Сафдарии куллиёт дидан мумкин аст. Дар ин нашри «Руқаъот» 12 нуктаи дигар низ вуҷуд дорад, ки на фақат дар «Чорунсур» нестанд, балки дар матни кунунии «Никот» низ дида намешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё