ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Таъкид кардан лозим аст, ки байни ин 31 нуктаи нашри Сафдарии «Руқаъот» ва матни аслии он ҳеҷ гуна муносибат ва иртибот ба назар намерасад. Яъне ин нуктаҳо бахше аз ин ё он нома, ё замимае бар ин ё он мактуб нестанд. Онҳоро касе ба таври механикӣ дар байни ду номаи шоир ҷой додааст.
Ҳамин тавр, агар порчаҳои насрии «Никот»-ро интихоб аз «Чорунсур» донем, 31 пораи насрӣ аз «Чорунсур» берун мемонад. Яъне фикри интихоб аз «Чорунсур» будани насри «Никот» беасос менамояд.
Бар хилофи нуктаҳои дохили «Никот», ки бахшҳои манзуми онҳо аз чандтогӣ шеър иборатанд, қисматҳои манзуми 31 нуктаи мазкур дорои фақат яктогӣ шеър (асосан рубоъӣ) мебошанд. Ин нуктаҳои на ғазал доранду на мухаммас ва на порчаҳои маснавишакл. Аз ин нигоҳ онҳо ба нуктаҳои дар «Чорунсур» буда шабоҳат доранд.
Чунин тахмин дуруст менамояд, ки матни аслии «Никот» аз пораҳои насрӣ ва сирф яктогӣ шеър, асосан рубоъӣ, иборат аст. Он ғазалу мухаммас ва маснавиҳое, ки дар матни ҳозираи асар мавҷуданд, иловаҳое ҳастанд, ки онҳоро каси дигаре аз девони ашъор ва маснавиҳои шоир «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифат» ва «Ирфон» ба матни аслии «Никот» илҳоқ кардааст. Зеро байни порчаҳои насрию рубоъиҳо, аз як тараф ва ғазалу мухаммасу порчаҳои маснавишакл, аз дигар тараф, ҳеҷ гуна алоқаи маъноӣ ва мантиқӣ дида намешавад. Барои мисол як нуктаи кӯтоҳро бо порчаҳои илҳоқиаш аз назар мегузаронем.
Нукта ин аст: «Аз қаландаре пурсиданд: Маърифат чист? Гуфт: Натиҷаи бекорӣ, ки агар шуғле дигар даст ба ҳам медод, ҳеҷ кас дар ин вартаи хаёл намеафтод.
Рубоъӣ:
Гар қобили касби амале мезодем,
Дар вартаи фикри худ намеафтодем.
Дидем, ки дасти мо ба ҷое нарасид,
Аз саъйи ҷунун доди гиребон додем. »
Тавре ки мебинем, ҳам пораи наср ва ҳам рубоъӣ баёнгари як маънӣ мебошанд. Як маънӣ дар ду шакл ифода ёфтааст. Маънои нукта ба туфайли рубоъӣ сангинтару муассиртар гардидааст.
Дар аксари нусхаҳои хаттӣ ва чопии «Никот» баъд аз рубоъии мазкур ғазале омадааст, ки он ҳам ҷузъи нуктаи мазкур ба шумор меравад. Ғазал аз 7 байт иборат аст ва дар баъзе нусхаҳои чи хаттӣ ва чи чопии «Никот» бо номи «Номатбӯъ» сабт ёфтааст. Ғазал ин аст:
Ба намуди ҳастии беасар чӣ ниқоб шақ кунам аз ҳаё?
Ту магар ба ман назаре кунӣ, ки даме арақ кунам аз ҳаё.
Агарам диҳад хати имтиҳон ҳаваси китоби нӯҳ осмон, Мижа бар ҳам орам аз ину он, ҳама як варақ кунам аз ҳаё.
Чӣ кунам зи шӯхии табъи дун?
Қадаҳе назад арақам ба хун,
Ки бибӯсам он лаби лаългун, саҳаре шафақ кунам аз ҳаё.
Зи тахайюле ки ба роҳи дин ғами ботилам шуда дилнишин, Ба ман ин гумон набарад яқин, ки хаёли ҳақ кунам аз ҳаё.
Чу зи хок лола бурун занад, қадаҳи шикаста ба хун занад.
Ҳавасе агар ба ҷунун занад, ба ҳамин насақ кунам аз ҳаё.
Зи камолам он чӣ ба ҳам расад, на зи лавҳу на зиқалам рассад, Хати нақши по ба рақам расад, ки манаш сабақ кунам аз ҳаё.
Ба умеди васли ту, нозанин, ҳамаро нисор дил асту дин, Мани Бедилу арақи ҷабин, ки чӣ дар табақ кунам аз ҳаё?
Чунонки мебинем, ин ғазал дар мавзӯъи тамоман дигар эҷод шудааст ва ба пораи насру рубоъии зикршуда иртиботи маъноӣ надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё