Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар матни маъмулии «Никот» пас аз ғазали мазкур як мухаммас омадааст, ки аз 12 банд иборат аст. Вай низ бахше аз нуктаи мазкур аст, вале ба он ҳеҷ гуна умумият надорад. Инак ду банди он мухаммас низ оварда мешавад:
Фарёд, ки изҳори ҳунар яъскамин буд,
Иқболи камолот ба идбор қарин буд,
Таҳрир чу тақрир сияҳкори яқин буд,
Сарсабзии ин мазраъа зангорнишин буд,
Ҳар ҷо нафасе коштам, оинаи замин буд.
Дил рамзи ҳақиқат, ки ниҳон буд, аён ҷуст, Имрӯзи яқин бохта, фардои гумон ҷуст,
Бар хок ватан дошт, бурун рафту макон ҷуст, Бар чарх назар кард, раҳе бартар аз он ҷуст, З-ин шӯъбада ғофил, ки ҳам он асту ҳам ин буд.
Маводи илҳоқӣ будани ғазалу мухаммас ва ашъори маснавишакли нуктаҳоро ин далел низ таъйид менамояд, ки ин гурӯҳи шеърҳо дар нашрҳои гуногуни асар аз якдигар фарқ мекунанд. Яъне агар ин ё он нукта дар як нашр ғазал дошта бошад, дар нашри дигар ба ҷои ғазал мухаммас омадааст. Масалан, нуктаи «Агар мункири нубуват наӣ, ба хатарот ҷуз ба таъзим пеш маё» дар нашрҳои Лакҳнав ва Сафдарии куллиёт умуман маводи илҳоқӣ надорад. Ин нукта дар ин нашрҳо аз як пораи насру як рубоъӣ иборат асту халос. Вале дар нашри Кобул ба ин нукта як мухаммас низ илова шудааст.
Ё худ нуктаи «Агар ҳусули ризқ аз олами ғайб мутасаввир намебуд» дар нашри Лакҳнав ду порча шеъри маснавишакл дорад, яъне дорои як ишорату як ҳикоят мебошад. Ҳамин нукта дар нашрҳои Сафдарӣ ва Кобул илова бар ду шеъри мазкур як мухаммас низ дорад.
Нуктаи «Одамӣ решаи истеъдест» дар ҳар сеи нашрҳои зикршудаи куллиёт – Лакҳнав, Сафдарӣ ва Кобул-ду ғазали илҳоқӣ дорад. Ин ғазалҳо дар нашри Сафдариву Кобул дигаранду дар нашри Лакҳнав дигар.
Чунин ба назар мерасад, ки матни аслии «Никот» интихоб аз «Чорунсур» ва дигар осори Бедил набуда, балки асар ё худ маҷмуъаест, ки дар давраҳои гуногуни ҳаёти шоир дар шакли андешаҳои пароканда эҷод шудааст ва шоир дар вақти таҳрири «Чорунсур» қисми бештари онҳоро дар ҷойҳои мувофиқи он истифода кардааст. Ба таъбири дигар гӯем, аксари нуктаҳои «Никот» мусаввадаи баъзе қисматҳои «Чорунсур» мебошанд.
Дар таъйиди он, ки «Никот» пеш аз таълифи «Чорунсур» ва дигар осори Бедил ҳамчун асари алоҳида вуҷуд дошт, илова бар мулоҳазаҳои боло, як далели дигар низ мавҷуд аст. Ин далел мавҷудияти як нусхаи қадими хаттии «Никот» мебошад. Бино бар қавли муаллифи китоби «Адаби форсӣ дар аҳди Аврангзеб» (Деҳлӣ, 1969) Нурулҳасани Ансорӣ, дар китобхонаи Осафияи Ҳайдаробод нусхае аз «Никот» мавҷуд аст, ки дар соли 1091 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1680 милодӣ, яъне 25 сол пеш аз хатми «Чорунсур» (хатми «Чорунсур»
1116 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1704-1705 милодист) рӯйнавис шудааст. Муассиси китобхонаи Осафия сарсилсилаи хонадони Осафҷоҳони Дакан Низомулмулки Осафҷоҳ (вафот. 1748) аст.
Осафҷоҳ, чунон ки маълум аст, яке аз дӯстон ва шогирдони Бедил буд. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки нусхаи мазкури «Никот» нусхаи шахсии худи Низомулмулк бошад. Ва ин нусха, шояд, аз дасти Бедил ба ӯ расида бошад. Ва ниҳоят, имкон дорад, ки котиби нусха низ худи Бедил бошад.
Илова кардан лозим аст, ки аз «Никот» ду нусхаи қадими дигар низ мавҷуд аст. Яке нусхаи Институти дастхатҳои АИ Ӯзбекистон, ки дар соли 1125(1713) китобат шудааст (ниг.

пешина
аз 250
навбатӣ