Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шахси чаҳорум аз ин гурӯҳи муаллифон шоира Бедилии Хиёбонист, ки замони зидагиаш, мутаассифона, маълум нашуд. Аз натоиҷи афкори ӯ ҳамагӣ як байт дастрас аст, ки сабт мегардад:
Чашми пурхуну хаёли холи он дилбар дар ӯ
Миҷмари пуроташ асту пораи анбар дар ӯ.
Ва ниҳоят, панҷумин касе, ки бо ин тахаллус шеър гуфтааст, Бедилии Қазвинист. Ин муаллифро бо адиби асри XIX Бедили Қазвинии Рӯдбории Бодаштӣ, ки дар борааш сухан рафт, набояд як донист. Тазкирае, ки доир ба ӯ маълумот медиҳад, «Суҳуфи Иброҳим»-и Алӣ Иброҳим Халилхони Халил аст, ки дар соли 1205 (1790), яъне пеш аз замони зиндагии Бедили Қазвинӣ ба майдон омадааст.
Чунонки мебинем, бо тахаллусҳои «Бедил» ва «Бедилӣ» шоирони зиёде арзи вуҷуд карда, қисме аз онҳо мероси муайяне низ таълиф намудаанд. Аз ин рӯ, суоле ба миён меояд, ки оё дар байни таълифоти ин шоирон ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил ихтилоте ба амал наомадааст? Тавре ки ин гуна ҳодиса ба ашъори дигар шоирони ҳамтахаллус, ба мисли Шамси Табрезиву Шамсҳои дигар ва Фонии Новию Фонии Кашмирӣ рух додааст.
Дар ҳолати кунунии омӯзиши нусхаҳои хаттии девони Мирзо Бедил ва дастрас набудани қисми зиёди маҳсули адабии Бедилҳои дигар доир ба омезиши ашъори лирикии онҳо фикри қатъие гуфтан душвор аст.
Аммо ҳодисаи ба Мирзо Бедил нисбат додани асарҳои калонҳаҷми Бедилҳои дигар ба назар мерасад. Масалан, маснавии «Наргисистон»-и Чандрмани Бедил, ки дар борааш сухан рафт, бо айби ношири он бо номи Мирзо Бедил ба табъ расидааст ва ин иштибоҳ дар навиштаҳои чанде аз муҳаққиқон низ роҳ ёфтааст. Ё худ Владимир Иванов дар феҳристи «Нусхаҳои форсии Ҷамъияти Осиёии Бангола» (Калкутта, 1926, саҳ. 149), «Рисола дар арӯз»- и Бедили Мозандарониро ҳамчун асари Мирзо Бедил муаррифӣ кардааст. Ва ниҳоят дар асарҳои Эдвард Эдуардус «Феҳристи китобҳои чопии Музеи Бритония» (Лондон, 1922) ва Хонбобо Мушор «Феҳристи китобҳои чопии форсӣ» (Теҳрон, 1337), «Тӯҳфатуззокирин»-и Бедили Мозандаронӣ асари Мирзо Бедил пиндошта шудааст.
МАЪЛУМОТИ САРЧАШМАҲО ДАР БОРАИ БЕДИЛ
Дар тадқиқ ва омӯзиши зиндагӣ ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) дар баробари осори худи ӯ манбаъҳои адабиву таърихӣ низ арзиш ва аҳамияти зиёдеро доро мебошанд. Ин ҳақиқатест, ки аксари муҳаққиқони шоир онро таъйид ва эътироф намудаанд.
Чунончи, муаллифи рисолаи «Файзи қудс» (Кобул, 1334) Халилуллоҳи Халилӣ маълумоти сарчашмаҳоро пас аз «Чорунсур»-и худии Бедил муҳимтарин манбаъи омӯзиши шоир шуморидааст.
Абдулғанӣ – муаллифи китоби «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351), Холмуҳаммади Хаста – соҳиби рисолаи «Мунтахабуззамон Абдулқодири Бедил»
(Жувандун, 1342, № 2-19) ва Ҳасани Ҳусайнӣ – муаллифи маҷмӯъаи «Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ» (Теҳрон, 1368) низ аз маълумоти тазкираҳо истифода карда, арзишу аҳамияти онҳоро таъйид намудаанд.
Вале муаллифоне низ ҳастанд, ки ба ахбори манбаъҳои адабиву таърихӣ на фақат диққати зарурӣ надодаанд, балки арзишу аҳамияти онҳоро умуман ба эътибор нагирифтаанд.
Масалан, муаллифи рисолаи «Нақди Бедил» (Кобул, 1343) Салоҳуддини Салҷуқӣ дар тазкираҳо акс ёфтани лаҳзаҳои ҳаёти Бедилро зикр намуда, дар баробари ин ба аҳамияти онҳо, яъне тазкираҳо, қоил набудани худро чунин ба қалам додааст: «Чун банда ҳеҷ гоҳ муаррих ва мутанаббеъи таърих набудам, ҳеҷ вақт намехоҳам олиму адиб ва файласуфро дар ҳеҷ ҷо (яъне тазкираҳо ва кутуби таърих – Б.Р.) мутолаъа кунам, илло дар сухан ва дар осори ӯ. Ин гуна савонеъи ҳаётӣ (яъне тазкираҳо – Б.Р.) мақоми як марди нобиғаро ба мақоми оммаи мардум таназзул медиҳад. Чизе, ки муҷиби имтиёзи эшон аст, сухани эшон аст, ки бояд ба мардум гуфт ва ба эшон фаҳмонд» («Нақди Бедил», с. 88).

пешина
аз 250
навбатӣ