Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Каталог фонда Института рукописей АН Уз ССР, том 2. Ташкент, 1988), дигаре нусхаи китобхонаи Мадрасаи олии Сипаҳсолор дар Теҳрон. Бино бар шаҳодати муаллифи феҳристи нусхаҳои хаттии ин китобхона Ҳадоиқ ибни Юсуфи Шерозӣ, нусхаи «Никот» бо нусхаи девони шоир дар як ҷилд аст ва чун нусхаи девон ҳини дар қайди ҳаёт будани муаллиф рӯйнавис шудааст.
РОҶЕЪ БА ЯК НОМАИ БЕДИЛ
Маҷмӯъаи номаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720), ки бо номи «Руқаъоти Бедил»
маъруф аст, бахши муҳими мероси адабии ӯро ташкил медиҳад ва дар кори омӯхтани ҳаёту осори шоир аҳамияти зиёде дорад. Номаҳои Бедил, ки наздик ба 300 адад мебошанд (Дар нашри кобулии куллиёташ286 нома мавҷуд аст), ба шахсони гуногуни асри ӯ-шоирону олимон, амирону вазирон, ҳунарварону соҳибкасбон, хешу ақрабо, ёру дӯстон ва ғайра навишта шудаанд. Омӯзиши ҳамаҷонибаи номаҳо имкон медиҳад, ки баъзе лаҳзаҳои ҳанӯз ҳам торики ҳаёти шоир равшан карда шаванд, муносибату робитааш ба намояндагони касбу кори гуногун ошкор гардад.
Яке аз номаҳое, ки муносибати шоирро ба дарбори шоҳӣ инъикос кардааст, мактубест, ки ба Қобилхон ном муншии дарбори подшоҳи онвақтаи Ҳиндустон Аврангзеби Оламгир (1658-1707) ирсол шудааст. Унвон ва матни пурраи нома ин аст:
«Ба Қобилхони муншӣ.
Дӣ сайди ман аз яъс дари нола кушуд,
Сайёд ба ноз ҷоми лутфе паймуд,
Гардонд ба гирди сару озодам кард,
Бар дом ҳамон ҳалқаи дигар афзуд.
Меҳрубони фуқарои бедил, вуруди ҳасбуламри ҷалилулқадр хоки дармондаро ба уруҷи иқболи фалакӣ навохт ва аз обиларезии қадами фарсуда бисоти иззати сурайёӣ пардохт.
Мулаххасе аз моҷарои ҳайратимо маъруз доштан аст ва мунтахабе аз девони ибратунвон вонигоштан: ҳафт сол қабл аз ин мир Атиқуллоҳи Кӯка пайғоми забонӣ расонид, ки шоҳи динпаноҳ ба муқтазои фазли рубубият ёде аз ҳоли фаромӯшимаол фармудаанд. Агар ба василаи ниёз натиҷаи афкоре захираи саъодат тавон андухт, мусоъидати замони фурсат аз муғтанамоти куллист. Ҳарчанд ба мулоҳазаи нокасӣ ва бемиқдории худ бар ин вонамуд он ҳама саботи яқине набуд, ба ҳукми такрори таъкид ва эҳтимоли имдоди толеъ, нусхаи насре тӯҳфаи таслим намуд. Соли дигари мувоъадат мири мумийилайҳ ба муждаи ин иноят сарбаландӣ бахшид, ки ниёзи қатра дар боргоҳи муҳити раҳмат ба қабули мансаби гавҳар расид ва рашҳаи посухе сомиъанавози ҳалқабагӯшон гардид, ки боистӣ ба илтимоси арзи аҳвол дар ин ҳазрат бори иқбол меҷуст ва чеҳраи умед ба арақи инфиъоли коҳилқаламӣ мешуст. Ба рафъи хиҷолати афсурдагӣ ночор нақши ҷанибе ба суҷуди таҳрир орост ва фузулии табиъатро муқаддами фазъи номуродӣ андешида, сархайлии лашкари дуъо дархост.
Адами тимсоли раду қабул муддате хор-хори оинаи интизор буд. Дар ин волоибром ҳасрат ба таҷдиди ароиз пардохт ва қуръаи суҷуд ба номи ҷабҳаи беэътибор андохт. Агар бар ахлоқи заррапарварӣ ва раъфати зотии подшоҳон эътиқоди росих намебуд, парафшонии муште ғубор дар он ҷаноби муъалло чӣ имкон дошт ва густохии сояи номасиёҳ дар талиъаи анвори қудс чӣ тоқат меангошт?
Рубоъӣ:
Ҳар гоҳ мани нокаси беишқуҳавас
Нанги пари пашша бошаму пои магас,
З-ин густохӣ, ки номат орам ба забон,
Ё раб, ту бибахшо, ки набахшояд кас.

пешина
аз 250
навбатӣ