ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар муддати ихтиёри фақр хоксории ин ғубори мавҳум бо шикастагие дарнасохта, ки ҳар гоҳ бар пастии иқтидори худ назар андозад, беэътибориҳои вазъи замонаро ғанимати эътибор нашуморад ва нотавонии ин сояи маъзур тарҳи аҷзе наяндохта, ки чун ба тасаввури пояи худ пардозад, бемиқдории олами иттифоқро дастгоҳи миқдор напиндорад.
Маснавӣ:
З-ин биёбон ки ваҳшатанҷом аст,
Ҳар куҷо вокашидӣ, ором аст.
Амал оинаест кулфатхез,
Обрӯи сафои ҳол марез.
Нақди кайфияти фароғ куҷост?
Ток то май шавад, димоғ куҷост?
Ба ҳама ҳол мутаваққеъи ин таваҷҷӯҳ аст, ки ҳар гоҳ тақрибе ба зуҳур пайвандад, дар истеъфои ҷароими замингирӣ ҳамин қадар маърӯз доранд ва дуъогӯро марҳуни эҳсонҳои азим шуморанд.
Рубоъӣ:
Дарё чӣ кушояд аз наҳангу ҳуташ?
Гар парвариш ораду расонад қуташ.
Хосияти хуршед ҳамон тарбият аст,
Не лаъл ба кор ояду не ёқуташ.
Ё раб, ки забони ҳақбаёни фуқаро ба иршоди тазкираи ҳамду санои он ҳазрат мутаҳррики ҳарфу савти дунявӣ мабод ва ҷамъияти ҳавосу қивои бедилон ба юмни дуъои давлати абадмуддат тафриқаи умури дигар мабинод» (Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул, 1344 Руқаъот, саҳ. 102).
Чунон ки аз ҷумлаи аввали мактуб (Меҳрубони фуқарои бедил) бармеояд, он ҷавоб аст ба номаи Қобилхони муншӣ, ки бо амри Аврангзеб ба Бедил фиристода шуда будааст.
Шоир пас аз тавсифи номаи Қобилхон тавзеҳ додаст, ки ҳафт сол қабл Атиқуллоҳи Кӯка ном амир хабар овард, ки подшоҳи динпаноҳ, яъне Аврангзеби Оламгир, ба муносибате аз Бедил ёд намуда, таваҷҷӯҳе ба осори ӯ зоҳир кардааст. Аз ин рӯ, Бедил агар намунае аз эҷоди худро ба дарбор равона созад, мавриди қабули подшоҳ қарор хоҳад гирифт. Бедил ба мулоҳазаи он, ки навиштаҳояш оё ба подшоҳ писанд меоянд ё не, иҷрои ин корро ба таърих андохтааст. Вале амири мазкур бо маслиҳати боисрор шоирро водор сохтааст, ки пораи насреро ба подшоҳ фиристад. Пас аз як сол амири мазкур хабар овардааст, ки нусхаи наср ба подшоҳ писанд омад ва подшоҳ иноят кард, ки Бедил мебояд ба василаи қасидае арзи ҳол намуда, ба дарбор наздикӣ ҷӯяд. Бедил қасидае навишта дар он дар баробари арзи аҳвол намудан сархайлии лашкари дуъо талабидааст, яъне аз подшоҳ хоҳиш кардааст, ки ӯро осуда гузорад.
Дар ин миён муддати зиёде сипарӣ шудааст, вале ба Бедил ҷавобе наомадааст. Ва ниҳоят, пас аз шаш соли хамӯшӣ подшоҳ бори саввум Бедлиро ба дарбор даъват карданӣ шуда, иҷрои ин корро ба муншии дарбори хеш Қобилхон супоридааст. Қобилхон, тибқи амри подшоҳ, ба Бедил номаи даъват фиристодааст. Вале Бедил бо мулоиматӣ ва хоксории ба худ хос ин даъфа низ аз робита ба дарбор сар тофтааст. Ӯ навиштааст, ки меҳрубонӣ ва фақирпарварӣ хулқи табиъӣ ва хислати зотии подшоҳон аст. Дар акси ҳол аз фақире чун ӯ ёд кардани подшоҳ ғайри имкон мебошад. Ӯ дар айни ҳол таъкид кардааст, ки беэътибории замонаро эътибор медонаду бемиқдории олмаро миқдор мешуморад ва аз пайи амалу мансаб худро овора намесозад. Талаби амал боъиси қудурати дил ва парешонии хотир аст.
Бедил дар поёнии нома аз Қобилхон хоҳиш кардааст, ки ҳар гоҳ ба ягон муносибате подшоҳ аз ӯ ёд кунад, ҳамин узри баёнгардида пеш оварда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё