Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун суоле ба миён меояд, ки он қасида, ки Бедил ба воситаи он арзи аҳвол намуда буд, кадом аст?
Дар куллиёти Бедил танҳо як қасида мавҷуд аст, ки дар мавзӯъи арзи аҳвол навишта шудааст. Ин қасида дар аксари нусхаҳои хаттии девони шоир ва дар нашри Сафдарии куллиёти ӯ беунвон омада, дар иддае аз нусхаҳои хаттӣ бо номҳои «Шаби барот», «Васфи шаби бароту чароғон», «Сифати шамъ» ва ғайра дарӣ гардидааст. Дар нашри кобулии куллиёти Бедил онро бо номи «Чароғони Деҳлӣ» дидан мумкин аст. Қасида аз 41 байт иборат аст ва бо матлаъи зер шурӯъ мешавад:
Ин чароғон аст, ё раб, дар бисоти рӯзгор?
Ё дили парвонае доғи ҷунун кард ошкор?
Дар 16 байти аввал, ки ташбиби қасида аст, сифати шамъу чароғони зиёде дарӣ гардида, дар 8 байти минбаъда мадҳу ситоиши подшоҳ ҷой гирифтааст. Ва ниҳоят, 17 байти охир аз баёни кайфияти ҳол, зикри маҳорати шоираи худ, шикоят аз чархи дунпарвар ва дуъои давлати подшоҳ иборат аст. Бо қатъияти том метавон гуфт, ки қасидае, ки Бедил дар он арзи аҳвол намудаасту дар номаи мазкури хеш аз он ёд кардааст, ҳамин қасида аст, на қасидаи дигар. Қобили қайд аст, ки баъзе калимоту ибороте, ки дар номаи мазкур мавҷуданд, дар қасида низ ба назар мерасанд. Чунончи, дар нома пас аз зикри ирсоли нусхаи наср ба дарбор ҷумлаи зеринро мехонем: «Соли дигари муъовадат мири мимийилайҳ ба муждаи ин иноёт сарбаландӣ бахшид, ки ниёзи қатра дар боргоҳи муҳити раҳмат ба қабули мансаби гавҳар расид ва рашҳаи посухе сомиъанавози ҳалқабагӯшон гардид, ки боистӣ ба илтимоси арзи аҳвол дар ин ҳазрат бори иқбол меҷуст ва чеҳраи умед ба арақи инфиъоли коҳилқаламӣ мешуст. »
Инак, таваҷҷӯҳ шавад ба абёти зерини қасида:
Хусраво, маънипаноҳо, ку сару барги қабул?
То ба арзи ҳоли дил ҷӯям дар ин даргоҳ бор, Сурати аҳволам аз тарзи тахаллус равшан аст, Бедилиҳо чидаам бар худ зи вазъи рӯзгор…
Бетакаллуф, хони хонони ҷаҳони маъниям,
То ба ташрифи хитобам кардаанд уммедвор.
Маҳв будам, к-аз чӣ хидмат қобили ин мансабам?
Шуд яқинам, к-инқадарҳо бедилӣ кардаст кор.
Хулоса, номаи «Ба Қобилхони муншӣ» номаест, ки дар ҷавоби талаби боисрори Аврангзеб навишта шудааст ва дар он муносибати мутақобалаи Бедил ва подшоҳи мазкур инъикос ёфтааст.
Дар хусуси маҳз ба Аврангзеб дахл доштани ин нома баъзе аз муҳаққиқони дигар низ ишораҳо кардаанд. Чунончи, устод Айнӣ дар мақолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил ва эҷодиёти ӯ» (Шарқи сурх 1946, № 7, 1947 № 1, 2, 3) ва дар рисолаи машҳури хеш «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Сталинобод, 1954, саҳ. 50) роҷеъ ба ин нома чунин навиштааст: «Дар саҳифаи 33 «Руқаъот» як мактуби дарозе ҳаст, ки ба кадом кас навишта шуданаш маълум нест. Аммо аз мазмуни мактуб маълум мешавад, ки ба яке аз бузургони аҳли дарбори Аврангзеби Оламгир навиштааст. Аз рӯи ҳикояи худи Бедил дар ин мактуб, ҳафт сол аз он пеш мир Атиқуллоҳи Кӯка ном аз аҳли дарбор аз забони подшоҳ ба Бедил расондааст, ки ӯ аз асарҳояш ба ҳузур фиристонад. Баъд аз як сол боз ин хоҳиши подшоҳ такрор ёфтааст. Баъд аз он Бедил нусхаи насрие тартиб дода, ба подшоҳ фиристодааст. Аммо дергоҳ рад ё қабул ёфтани он чиз ба муаллиф маълум нашудааст. Дар ин наздикиҳо боз подшоҳ ба Бедил хабар расондааст, ки як ариза навишта ба дарбор вобаста шавад. Бедил ариза навишта хоҳиш кардааст, ки ӯро ба дарбор талаб накунанд. »

пешина
аз 250
навбатӣ