Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сабаби «ба кадом кас навишта шуданаш маълум нест» гуфтани устод Айнӣ дар он аст, ки ӯ аз нашри Сафдарии куллиёти Бедил (Бамбай 1299, Руқаъот, саҳ. 33) истифода кардааст.
Дар ин нашри куллиёт аксари номаҳои Бедил, аз ҷумла номаи мазкур, беунвон дарӣ гардидаанд. Дар нусхаҳои хаттии «Руқаъот», ки дар ихтиёри мо буданд, ҳамчунин дар нашрҳои Лакҳнав (1287, саҳ. 166) Конпур (1296 саҳ. 162) ва Кобули (ҷилди 4, Руқаъот, саҳ.
102) куллиёти шоир унвони нома «Ба Қобилхони муншӣ» аст.
Аммо роҷеъ ба ин нома дар баробари ақидаи мазкур ақидаи дигаре низ мавҷуд аст, ки он нисбат ба ақидаи баёнгардида таърихи қадимтар ва тарафдорони бештар дорад. Бино бар ин ақида, номаи «Ба Қобилхони муншӣ» дар асл ба Муҳаммад Аъзамшоҳ (1646-1707) писари саввуми Аврангзеби Оламгир фиристода шудааст, на ба дарбори худи Аврангзеб. Манъаш ва маъхази ин ақида иддае аз нусхаҳои хаттии «Руқаъот»-и худи шоир аст. Гап дар сари он аст, ки дар баъзе нусхаҳои хаттии «Руқаъот», аз ҷумла дар нусхаи хаттии № 822 Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсии Тоҷикистон ва нусхаи хаттии 2559 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон дар унвони мактуби мазкур пас аз таъбири «Ба Қобилхони муншӣ» ин ҷумла илова гардидааст: «Дар ҷавоби ҳасбуламри талаби Аъзамшоҳ, ки навишта буданд: касеро, ки ҳақтаъолло саломати ҳавос ва қиво бахшида бошад, ба инзиво сохтан куфрони неъмат аст».
Ин иловаро дар нашрҳои Лакҳнав (1286, саҳ. 166) ва Конпури (1296, саҳ. 162) куллиёти шоир низ дидан мумкин аст. Фарқ танҳо дар он аст, ки иловаи мазкур дар ин ду нашр дар ҳошия омадааст, на дар унвони нома.
Табиист, ки нашрҳои мазкури куллиёти шоир сабаб шудаанд, ки гурӯҳе аз муҳаққиқон низ номаи мазкурро ба номи Аъзамшоҳ қаламдод кардаанд. Чунончи, муҳаққиқи маъруф дуктур Абдулғанӣ дар асари машҳури хеш «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Коблу, 1351, саҳ. 72) роҷеъ ба истеъфои Бедил аз хидмати Аъзамшоҳ сухан карда, навиштааст.
«Бедил истеъфои худро бо чунон вазъи тумтароқе пеш кард, ки муддати дарозе қалби Аъзамшоҳ аз он ҷариҳадор буд. Рӯзе шахсеро ки мир Атиқуллоҳ ном дошт, назди Бедил фиристод, то навиштаҳояшро биёварад. Қитъае аз насри худро игсил намуд ва аз ин, ки мавриди тақдири шаҳзода шудааст дар асари илтимоси мири мазкур, сипосгузорӣ кард. »
Ногуфта намонад, ки дуктур Абдулғанӣ қасидаи зикршудаи «Арзи ҳол» ё худ «Чароғони Деҳлӣ»-ро низ ба Аъзамшоҳ бахшидашуда донистааст. Ӯ ин қасида ва қасидаи воқеъан дар мадҳи Аъзамшоҳ гуфташударо як асар пиндошта, дар хусуси онҳо чунин навиштааст: «Дар ҷумлаи қасоиди Бедил қасидаи неруманде дар мадҳи шаҳзода Аъзамшоҳ аст. Қасидаи мазкур муташаккил аз ду ҷузву дар як вазн, аммо бо қофияҳои мухталиф аст. Ва аз ин ҷо дида мешавад, ки Бедил низ монанди соири шуъаро аз шаҳзода таваққуъи эҳсон ва мусоъадат дошт. Шоир ба забони бисёр олӣ арзи ҳол мекунад:
Сурати аҳволам аз тарзи тахаллус равшан аст, Бедилиҳо чидаам бар худ зи вазъи рӯзгор.
Гар шавад абри иноят обёри мазраъам,
Хӯшасон аз пой то сар ҷумла дил орам ба бор. »
Тавре ки аз «Сафинаи Хушгӯ» ва дигар манбаъҳо бармеояд, замоне ки Бедил дар шаҳри Матҳро тарки хидмати Аъзамшоҳ намуда, ба Деҳлӣ омад, Аъзамшоҳ дар Дакан буд. Ӯ пас аз огаҳӣ аз ин ҳодиса ба Бедил номае навишта, ба хидмат баргаштанашро хоҳиш намуд. Номаи Аъзамшоҳ, ки дар «Сафинаи Хушгӯ» дарӣ гардидааст, ин аст: «Алҳамдулиллоҳи вал миннату, ки ҳанӯз қивои баданӣ, он рифъату шуҷоъати дастгоҳ ба ҳоли худ аст. Бо вуҷуди барқарории ҳавос аз хидмати олии шоҳӣ тақоъуд варзидан шарти ифои ҳуқуқи ихлос нест.

пешина
аз 250
навбатӣ