Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То ҳол ҳеҷ нарафта, он чӣ заруриёти роҳ даркор бошад, буютоти дорулхилофа (шаҳри Деҳлӣ-Б. Р) амри нафоз ёфта, саранҷом карда хоҳад дод. Зуд мустаъиди мулозамат гардад»
(Сафинаи Хушгӯ, дафтари солис, Патна, 1959, саҳ. 108).
Хушгӯ пас аз иқтибоси номаи Аъзамшоҳ илова кардааст, ки Бедил низ дар ҷавоби Аъзамшоҳ номае навишта, ки бо хитоби «худовандо» оғоз меёбад ва он нома дар «Руқаъот»- и шоир мавҷуд аст. Хушгӯ аз он нома рубоъиеро зикр кардааст, ки ин аст:
Аз шоҳи худ он чӣ ин гадо мехоҳад,
Афзунии мансаби ризо мехоҳад.
То ҳиммати фақр нанги хоҳиш накашад,
Сархайлии лашкари дуъо мехоҳад.
Дар «Руқаъот»-и Бедил мактубе бо унвони «Ба шоҳ Аъзамшоҳ, ки ҳақиқати орзуи фақир дархостаанд» вуҷуд дорад, ки воқеъан, бо хитоби «худовандо» шурӯъ мешавад ва рубоъии мазкур низ дар он дида мешавад. Инак он мактубро низ иқтибос менамоем:
«Ба шоҳ Аъзамшоҳ ки ҳақиқати орзуи фақир дархостанд. Худовандо, беқадр заррае ба ҳавои офтоб бол меафшонад, оинаи нокасаш дар пеш нагузорӣ, то биёбонмарги ғубори инфиъол нашавад ва нотавон қатрае ба хаёли муҳит бетоқат аст, сурати мавҳумиаш нишон надиҳӣ, то ба тӯфони арақи шарм наравад. Агар ғубори бесарупоро бар пастии бунёди худ назар меафтод, бар авҷи азамати сипеҳр чашм намекушод ва агар мӯри заъиф ба ҳоли худ таамуле мегумошт, бо Сулаймон ҷуръати такаллумаш чӣ имкон дошт?
Фазли яздон зи илтифоти қадим
Бандагонро дуъо кунад таълим,
Боз аз эшон ҳамон дуъо талабад,
Сӯи худ з-он баҳона воталабад.
Оҷизӣ бандаро хамуш дорад,
Лек ҳақ бо хурӯш хуш дорад.
Дар арзи маротиби таслим ба кисвати ҳар нуқтае ҳазор аҷзи убудият маҳви ҷабҳасоист ва ба андози мадориҷи курнуш (таъзим-Б. Р) дар сурати ҳар ҳарфе ҳазор одоби заминбӯс фарши саҷдапаймоӣ. Умрест дур аз қадами саҷдатирозони ҳузур ба дарди норасоӣ менолад ва фарёдрасе надорад ва мудатҳост ҷудо аз рикоби саъодатпаймоёни мавкиби иқбол дар ғубори гумномӣ фурӯ рафта ва аз ҳеҷ ҷо сар барнамеорад. Нигунбахт саре, ки маҳруми хокбӯси он даргоҳ аст, ҳаргиз ҳаловати гиребон нашнохта ва ҳирмоннасиб чашме, ки бебаҳраи он остон аст, дар хоб ҳам ба улфати мижгон напардохта. Тоқатҳои ҷавонӣ, ки василаи обрӯи бандагист, ба заъфи пирӣ анҷомид ва истиқомати қиво, ки далели саъодати хидматгузорист, сар ба ҷайби азподарафтодагӣ кашид. Дар ин муддат:
Ҳар чӣ аз саъйи норасо меруст,
Ба арақ рӯи хиҷлате мешуст.
Орзуҳо ба боди растан рафт,
Арақе монду рӯ ба шустан рафт.
Лилаҳулҳамд, ба юмни дуъои давлати абадӣ ҳанӯз мамнуни бақои нафас аст ва ба ҳавои парафшонии гулзори ҳамду санно марҳуни шикастагии қафас.
Рубоъӣ:
Аз шоҳи худ он чӣ ин гадо мехоҳад,
Ҷамъияти мансаби ризо мехоҳад.
То ҳиммати фақр нанги хоҳиш накашад,
Сархайлии лашкари дуъо мехоҳад.
Партави иқболи бениёзӣ бар фарқи ҷумҳури аноми лоязол мабсут ва ҷабҳаи умеди хавосу авом ба сояи тамсили шоҳаншоҳӣ мануту марбут бод» (Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул 1344, Руқаъот, саҳ. 19-20).
Тавре ки мебинем, Бедил дар ин нома ба робитаи собиқаи худ ба саркори Аъзамшоҳ борҳо ишора кардааст. Аз ҷумлаҳои «Умрест дур аз қадами саҷдатирозони ҳузур ба дарди норасоӣ менолад ва муддатҳост ҷудо аз рикоби саъодатпаймоёни мавкиби иқбол дар ғубори гумномӣ фуру рафта. Нигунбахт саре ки маҳруми хокбӯси он даргоҳ аст ва ҳирмоннасиб чашме ки бебаҳраи он остон аст» ба хубӣ маълум мешавад. ки шоир замоне дар хидмати Аъзамшоҳ қарор доштааст ва акнун ба заъфи пирӣ анҷомидани тоқатҳои ҷавониро баҳона карда, аз идомаи хидмат канораҷӯй намудааст.

пешина
аз 250
навбатӣ