ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муаллифи «Сафинаи Хушгӯ» Биндробандоси Хушгӯ пас аз зикри рубоъии боло илова кардааст, ки шоир «ба ёдоварии ҳуқуқи намак ғазале дар он ариза (мактуб-Б. Р) нигошта буд, ки ин ду байт аз он аст:
Агар хуршеди гардунам в-агар гарди сари роҳам, Гадои ҳазрати шоҳам, гадои ҳазрати шоҳам.
Қабуле доштам дар боргоҳи арштаъзимаш,
Зи касби он саъодатҳо кунун мақбули аллоҳам»
(Сафинаи Хушгӯ, саҳ. 108-109).
Ин ғазал низ дар куллиёти Бедил мавҷуд аст ва шоир дар он низ аз мулозимати хеш дар саркори Аъзамшоҳ ёд кардааст.
Идомаи ғазал ин аст:
Зи иқболи заминбӯсаш ғаное кардаам ҳосил, К-аз инъоми фалак ҷуз узри истиғно намехоҳам.
Замингирӣ надорад манъи таслими ҳузур аз ман, Ба хок афтодаам, аммо ҳамон чун соя ҳамроҳам.
Суҷуде мебарам аз дур хоки остонашро,
Ба он қурбе ки наздикон ҳам аз дуранд огоҳам.
Ба зери сояи ёдаш виқоре чидаам бар худ, Ки хиффат мекашад кӯҳ аз тамошои пари коҳам.
Чи наздикӣ, чи дурӣ, бандагӣ ботил намегардад, Фидоӣ будам, акнун аз дуъогӯёни даргоҳам.
Ба ҳукми нокасӣ домони нозе додаам аз каф, Ки меҷӯшад чу мижгон чокҳо аз дасти кӯтоҳам.
ҷудо з-он остон дигар чӣ гӯям чистам Бедил?
Ғамам, дарди дилам, доғам, сиришкам, нолаам, оҳам.
(Куллиёти Бедил, ҷилди 2, Кобул 1342, Қитъаот, саҳ. 143).
Бо ин ҳама мо гуфтанӣ ҳастем, ки номаи ҷавобие, ки Бедил ба Аъзамшоҳ фиристодааст, дигар асту номаи ба Қобилхони муншӣ ирсолшуда дигар. Ба таъбири дигар гӯем, номае ки ба Қобилхони муншӣ ирсол шудааст, ба Аъзамшоҳ ҳеҷ гуна муносибат надорад. Ба унвони Аъзамшоҳ набуданашро, пеш аз ҳама, мазмуни он таъкид менамояд. Чунон ки аз тарҷимаи ҳоли Бедил маълум аст, ӯ аз соли 1081 (1670-1671) то соли 1096 (1685) дар хидмати Аъзамшоҳ буд. (ниг. ба мақолаи «Бедил ва муддати сипоҳигарии ӯ»).
Вале тибқи мазмуни номаи «Ба Қобилхони муншӣ» шоир бо вуҷуди чандин бор мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанаш ба дарбор умуман наздик нашудааст. Яъне шоир дар ҳузури шахсе, ки нома ба ӯ дахл дорад, умуман хидмат накардааст. Ин нома агар дар ҷавоби номаи Аъзамшоҳ мебуд, Бедил ба мулозимати хеш дар саркории ӯ ҳатман ишора мекард. Тавре ки дар нома ва ғазали ба Аъзамшоҳ фиристодааш ишораҳо кардааст.
Қароини дигар низ ҳастанд, ки ба Аъзамшоҳ дахл надоштани номаи болоро таъкид менамоянд. Чунончи, аз таъбири «шоҳи динпаноҳ» шоир яқинан Аврангзебро дар назар дорад. Зеро ин таъбир маъмулан нисбат ба подшоҳони воқеъӣ, яъне подшоҳони мамлакат гуфта мешавад, на ба шоҳзодагону дигар ҳокимони субаҳову вилоёт.
Ва ниҳоят, Қобилхон, ки мактуби мазкур ба номи ӯ равона шудааст, муншии дарбори Аврангезб буд, на муншии саркори Аъзамшоҳ. Дар хусуси муншии саркори воло, яъне дарбори марказӣ, будани Қобилхон муаллифи «Маосирулумаро» Самсомуддавла Шаҳнавозхон баъзе ишораҳо кардааст. Чунончи, ӯ дар шарҳи ҳоли Фозилхон ном амир овардааст: «Асли вай аз Татта аст. Ибтидо ба муншигарии Муҳаммад Аъзамшоҳ перояи нашвунумо пӯшида, соли 23 аз ҷулуси Хулдмакон (Аврангзеб-Б. Р), чун Қобилхони мирмуншӣ бародари Абулфатҳ Қобилхони волошоҳӣ ба ваҷҳе мавриди итоб гардид, ӯ (Фозилхон-Б. Р) ба атои хидмати дорулиншоии подшоҳӣ (тавфиқ-Б. Р) ёфт»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё