Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

(Маосирулумаро, ҷилди 3, Калкутта, 1309, саҳ. 33).
Шаҳнавозхон дар ҷои дигари асари хеш навиштааст: «Ва дар соли 18 (аз ҷулуси Аврангзеб-Б. Р) Муҳаммадшариф муншии дорулиншо бародари Абулфатҳ Қобилхон муншии қадими волошоҳӣ ба лиҳози муносибатҳо ба қобилхонӣ сарфарозӣ ёфт» (Ҳамон ҷо, саҳ. 35).
Аз ишораҳои мазкури Шаҳнавозхон бармеояд, ки дар дарбори Аврангзеб бо ном ё худ бо хитоби «Қобилхон» ду амир фаъолият доштаанд ва ҳарду ҳам дар солҳои гуногун вазифаи муншигариро иҷро мекардаанд. Яке Абулфатҳ Қобилхон, ки муншии қадими Аварангзеб будааст, яъне аввалин ё яке аз аввалин муншиҳои дарбори подшоҳӣ ба шумор мерафтааст, дигаре бародари ӯ Муҳаммадшарифи Қобилхон, ки зоҳиран, баъд аз вафоти бародараш ба вазифаи муншигарии дарбор таъин шуда будааст. Муҳаммадшариф, илова бар ишғоли вазифаи бародар, дар ҳаждаҳумин соли салтанати Аварнгзеб, ки санаи 1086 ҳиҷрӣ (1675- 1676) аст, ба хитоби қобилхонӣ низ сарфароз гардида будааст.
Акнун суоле ба миён меояд, ки агар дар дарбори Аврангзеб бо номи Қобилхон ду шахс маълум бошад, пас номаи Бедил ба номи кадоме аз онҳост? Ба ақидаи мо, нома ба номи Муҳаммадшарифи Қобилхон, яъне Қобилхони сонист. Зеро замони фаъолияти ҳамин шахс ба давраи нисбатан ҷавонии Бедил, яъне ба айёми 30-35 солагии ӯ, рост меояд. Тавре ки гуфтем, Муҳаммадшарифи Қобилхон дар соли 1086 ҳиҷрӣ (1675-1676), яъне дар ҳаждаҳумин соли салтанати Аварнгзеб, ба хитоби қобилхонӣ мушарраф гардида, дар соли 1091 ҳиҷрӣ (1680-1681), яъне дар бистусеюмин соли салтанати Аврангзеб, аз вазифаи муншигарӣ озод гардида буд. Аз ин рӯ, номаи Бедил бояд дар байни ҳамин солҳо (1086-1091) ба дарбор ирсол шуда бошад. Ва дар ин асос тахмин намудан мумкин аст, ки ҳам даъватҳои пайдарпайи Аврангзеб аз Бедил, ҳам ирсоли пораи наср ба дарбор ва ҳам таълифи қасидаи «Арзи ҳол»
пеш аз соли 1091 (1681), яъне пеш аз истеъфои Қобилхони сонӣ сурат гирифтаанд. Дар ин замон Бедил ҳанӯз дар лашари Аъзамшоҳ машғули хидмат буд ва ба дарбори марказӣ даъват шудани мулозимони Аъзамшоҳу дигар ҳокимони вилоёт як амри табиъӣ ба шумор мерафт.
ДЕБОЧАИ КУЛЛИЁТ
Ё МУҚАДДИМАИ ДЕВОН?
Аз куллиёти осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-7020) нашрҳои зиёде маълуманд, ки дар давраҳои гуногуни асрҳои 19-20 ба табъ расидаанд. Аз ҷумлаи онҳо ду нашр нашрҳои нисбатан комил ба шумор мераванд. Инҳо иборатанд аз нашри Сафдарӣ (Бамбай, 1299) ва нашри чорҷилдаи Кобул (1341-1344шамсӣ). Ҳар дуи ин нашрҳо дорои муқаддимаи мансуре низ ҳастанд, ки бо номи «Дебочаи куллиёт» мундариӣ аст ва бо ҷумлаи зайл оғоз меёбад:
«Ҳамди мубдиъе, ки тараддуди анфоси аъёни кайфу кам мавқуфи таҳрикеест аз сарангушти иродати ӯ ва ҷунбиши амвоҷи осори ҳудусу қидам марҳуни шикане аз абрӯи ишорати ӯ».
Дар аксар адабиёти илмии оид ба Бедил, аз ҷумла дар яке аз мақолаҳои муаллифи ин сатрҳо, ин муқаддима бо ҳамин ном, бо номи «Дебочаи куллиёт», зикр ва баррасӣ гардидааст (ниг. Масъалаҳои филологияи тоҷик, Душанбе, 1976). Танҳо дар чанд таълифи ҷудогона, аз ҷумла дар рисолаи Абдулғанӣ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351), онро бо дигар ном, бо номи «Муқаддимаи девони қадим», дидан мумкин аст. Лекин дар нусхаҳои хаттии куллиёт ва девони Бедил, ки ба мо маълуманд, ин муқаддима ба сифати дебочаи куллиёт ё муқаддимаи девони қадим қайд нашудааст. Балки дар чандин нусхаҳои хаттии чи куллиёт ва чи девон, ки ин муқаддима дар онҳо мавҷуд аст, чун муқаддимаи девони умумии шоир дарӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар қадимтарин нусхаи хаттии куллиёт (китобаташ солҳои 1721-1723), ки дар Китобхонаи оммавии Худобахш (шаҳри Патнаи Ҳиндустон) дар ду ҷилд маҳфуз асту тамоми осори манзум ва мансури шоир-«Чорунсур», «Руқаъот», девони қасоиду ғазал, тарҷеъбанду таркиббанд, қитъаву мухаммас, девони алоҳидаи рубоъиёт, маснавиҳои «Тури маърифат», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат» ва «Ирфон»-ро дарбар дорад, ин муқаддима на дар ибтидо, чунон ки дар ду нашри мазкури куллиёт дида мешавад, балки пеш аз девони қасидаву ғазал, тарҷеъбанду таркиббанд, қитъаву мухаммас ва маснавиҳои кӯчаке чун «Танбеҳулмуҳаввисин» ҷойгир шудааст (ниг.

пешина
аз 250
навбатӣ