Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавлавӣ Абдулмуқтадир, Феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ ва форсии Китобхонаи Бонкипур, ҷилди 3, Калкутта, 1912).
Дар дигар нусхаи хаттии куллиёт, ки дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон маҳфуз асту асарҳои «Чорунсур», девони ашъор, «Ирфон», «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифат», «Никот» ва «Руқаот»-ро дар бар мегирад, низ ҳамчун мукаддимаи девон омадааст (ниг. Собрание восточных рукописей АН Узб. ССР, том 2, Ташкент, 1954. Стр 293).
Илова бар, ин дар шаш нусхаи хаттии девони шоир, ки дар китобхонаҳои институтҳои забону адабиёт (нусхаи № 4) ва шарқшиносии (нусхаҳои №№ 1149, 2465) АИ Тоҷикистон ва Архиви миллии Афғонистон (нусхаҳои №№ 117/14, 121/15, 137/7) нигаҳдорӣ мешаванд, ин дебочаро ҳамчун муқаддимаи девон дидан мумкин аст.
Ва ниҳоят, дар яке аз нусхаҳои қадимтарини девони Бедил, ки дар китобхонаи донишгоҳи шаҳри Карочии Покистон мавҷуд аст, ин муқаддима низ ба назар мерасад. Нусхаи мазкур «Мусаввадаи девони қадим ва ҷадид» ном дошта, аз ғазал, қасида, рубоӣ ва ашъори мутафарриқа иборат аст ва даҳуми рамазони 1108 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 2 апрели 1697 милодӣ, яъне 23 сол қабл аз вафоти муаллиф, ба хати худи ӯ китобат шудааст. (ниг. ба мақолаи «Чанд сухан дар бораи баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил») Чунон ки медонем, дар ин вақт, яъне дар соли 1108 ҳиҷрӣ, Бедил таълифи ду асари бузурги худ «Чорунсур» ва «Ирфон»-ро ба итмом нарасонида буд ва табиъист, ки куллиёташ низ то он вақт мураттаб нагардида буд. Пас маълум мешавад, ки муқаддимаи мазкур дар асл муқаддимаи девони умумии шоир аст, ки иштибоҳан бо номи дебочаи куллиёт маъруф шудааст. Ин иштибоҳ, ғолибан, аз нашри Сафдарии куллиёти шоир сар зада, аз ҳамон ҷо ба адабиёти илмӣ ва нашрҳои баъдинаи куллиёт роҳ ёфтааст.
Дар сурате ки дебочаи мазкурро муқаддимаи девони умумӣ донистем, тавзеҳ бояд диҳем, ки худи он девон кадом аст ва чӣ миқдор аз асарҳои шоирро дар бар дорад?
Нусхаи хаттии девон, ки дар таркиби нусхаи куллиёти китобхонаи Худобахш аст, бино бар гуфтаи Мавлавӣ Абдулмуқтадир, аз таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву ғазал, мухаммасу қитъа, рубоиёти ҳазл ва маснавиҳои хурде чун «Танбеҳулмуҳаввисин» иборат мебошад.
Нусхаи № 4 Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ғазал, таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву мухаммас, қитъаву рубоиёти таърих, маснавиҳои «Танбеҳулмуҳаввисин», «Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер», «Сифати забону гуфтори маъшуқ» ва тақрибан 300 рубоъиро фаро гирифтааст.
Се нусхаи зикршудаи Архиви миллии Афғонистон ва нусхаи № 1145 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон низ айнан ҳамин навъҳои шеърӣ- ғазал, таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву мухаммас, қитъаву рубоиёти таърих, маснавиҳои кӯчаки зикршуда ва тахминан дусадтогӣ рубоиро доро мебошанд. Нусхаи № 2445 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон аз таркиббанду тарҷеъбанд, ғазалу мухаммас, қасидаву қитъа ва рубоиёти таърих таркиб ёфтааст.
Ва ниҳоят, як нусхаи девони Бедил, ки замоне дар китобхонаи шоҳии Берлин маҳфуз буду дар ҷилди чоруми феҳристи Вилҳелм Перч «Нусхаҳои хаттии Китобхонаи шоҳии Берлин»
(Берлин, 1888, с. 939) тавсиф шудааст, аз бахшҳои зерин иборат мебошад:

  1. Муқаддима, 2. Таркиббанду тарҷеъбанд, 3. Қасида, 4. Мухаммас, 5. Маснавии «Сифати шамшер», 6. Ғазал, 7. Рубоӣ.
пешина
аз 250
навбатӣ