ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Оғози муқаддимаи ин нусха ба оғози муқаддимаи девони қадим, ки дар борааш сухан хоҳем ронд, монанд аст. Лекин аз лиҳози таркиб аз нусхаи девони қадим тавофут дорад. Ин нусха бо вуҷуди он ки навъҳои гуногуни шеърро фаро гирифтааст, ҳаҷман хеле хурд-143 варақ мебошад ва гумон меравад, ки мунтахаби девони умумӣ бошад.
Чунон ки мебинем, ба истиснои нусхаи дохили куллиёти Китобхонаи Худобахш ва нусхаи № 2445 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон нусхаҳои дигари девони шоир қисмати рубоӣ низ доранд. Лекин бахшҳои рубоиёти ин нусхаҳо миқдори хеле кам – аз 200 то 300 тогӣ рубоиро дар бар гирифтаанду халос.
Ин миқдори кам низ, ғолибан, тавассути котибони нусхаҳо ба девони умумӣ роҳ ёфтаанд.
Зеро худи шоир, зоҳиран, бо сабаби зиёдии рубоиёташ, ки беш аз чор ҳазоранд, онҳоро ба девони умумӣ дохил накарда, девони алоҳидаи рубоиёт тартиб додааст. Ин маъниро теъдоди зиёди нусхаҳои хаттии девони рубоиёт, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуданд, таъкид менамояд. Яке аз онҳо нусхаи китобхонаи Худобахш аст, ки ба қавли Мавлавӣ Абдулмуқтадир, дар соли 1115 ҳиҷрӣ (1703-1704 милодӣ) бо хати худи Бедил китобат шудааст.
Ҳамин тавр, девони умумии Бедил аз таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву ғазал, қитъаву мухаммас, рубоиёти таърих ва маснавиҳои кӯчаки «Танбеҳулмуҳаввасин», «Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер» ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ» иборат аст ва дебочаи мазкур муқаддимаи ҳамин девон ба шумор меравад.
Зимнан бояд бигӯем, ки девони умумии Бедилро баъзе аз муҳаққиқон бо номи куллиёт низ баррасӣ намудаанд. Аз ҷумла, нусхаи № 137 Архиви миллии Афғонистон дар рисолаи Абдулғанӣ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351) бо ҳамин ном ёд шудааст.
Албатта, маҷмӯъаи ашъори лирикии ин ё он шоирро бо номи куллиёт ё худ куллиёти девон қаламдод кардан мумкин аст. Чунонки девони ашъори Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ бо унвони «Куллиёти Шамс ё девони кабир» (Теҳрон, 1334-35), ғазалиёти Мирзо Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ бо номи «Куллиёти Соиб» (Теҳрон 1333 ш.) ва девони нахустини Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бо номи «Куллиёти Ҷомӣ» (Тошкент, 1907) ба табъ расидаанд.
Лекин девони умумии Мирзо Абдулқодири Бедилро бо номи куллиёт муаррифӣ кардан бо ду сабаб саҳеҳ намебошад. Аввалан, бар хилофи рубоиёти аксар шоирони дигар, ки як қисми девонҳои умумии онҳо мебошанд, рубоиёти Бедил, чунон ки гуфтем, ба девони умумиаш дохил нашудаанд, то ки онро куллиёти ашъори лирикӣ гуфта тавонем. Сониян, ҳамаи он тазкиранависоне, ки аз куллиёти шоир сухан кардаанд, тамоми осори манзум ва мансури ӯро дар назар доштаанд. Аксари онҳо ҳангоми ба забон гирифтани куллиёт теъдоди абёташро 90- 100 ҳазор донистаанд. Дар сурате, ки миқдори умумии ашъори лирикии шоир аз 50 ҳазор байт беш нест.
Фикри муаллифи тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» (Патна, 1959) ва баъзе муаллифони муосир, ки танҳо ғазалиёти шоирро беш аз 50 ҳазор байт гуфтаанд, асосе надорад. Дар ҳеҷ кадоме аз нусхаҳои чи хаттӣ ва чи чопии осори Бедил ғазалиёти ӯ аз 30-35 ҳазор байт зиёд нестанд.
Масалан, ғазалиёти нашри кобулии куллиёт 33 ҳазор, нусхаи зикршудаи Китобхонаи Худобахш тахминан 30 ҳазор, нусхаи № 4 Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон 26-
27 ҳазор, нусхаи № 137 Архиви миллии Афғонистон 26 ҳазор байтро дар бар доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё