Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки қаблан гуфта шуд, нашри Сафдарии куллиёти Бедил сабаб шудааст, ки муқаддимаи мавриди баҳс бо номи «Дебочаи куллиёт» шӯҳрат ёбад. Аммо сабаби муқаддимаи девони қадим унвон гирифтани он, ҳамоно, иштибоҳи Мавлавӣ Абдулмуқтадир будааст. Гап дар сари он аст, ки ягона нусхаи хаттии то кунун маълуми девони қадим ё худ девони нахустини Бедил, ки дар китобхонаи Индия-Оффис маҳфуз асту дар ҷилди якуми феҳристи Эте «Нусхаҳои форсии китобхонаи Индия-Оффис» (Оксфорд, 1903) тавсиф шудааст, низ дорои ҳамин гуна як муқаддимаи мансур мебошад, ки оғозаш ба оғози муқаддимаи девони умумӣ монанд аст. Мавлавӣ Абдулмуқтадир, ки дар таълифи феҳристаш аз асари Эте истифода кардааст, зоҳиран, ҳамин монандиро ба асос гирифта, ҳар дуи онҳоро як чиз- муқаддимаи девони қадим-қаламдод кардааст. Ӯ ба назар нагирифтааст, ки нусхаи тавсифкардаи вай нусхаи девони умумӣ буда, теъдоди абёташ наздик ба 40 ҳазор байт аст.
Дар сурате ки нусхаи китобхонаи Индия-Оффис, бо шаҳодати Эте, нусхаи девони қадими шоир аст ва ҳаҷми умумиаш аз даҳ ҳазор байт беш нест. Ин нусхаҳо аз лиҳози таркиб низ тамоман гуногунанд. Нусхаи Китобхонаи Худобахш, чунон ки гуфта шуд, аз таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву ғазал, қитъаву мухаммас, рубоиёти таърих, рубоъиёти қайди воқеъа ва чанд маснавии кӯчак иборат аст. Аммо нусхаи китобхонаи Индия-Офис қисматҳои ғазалу қасида ва рубоиро дар бар кардаасту бас. Аз ин рӯ, муқаддимаҳои ин ду девон низ набояд ду нусхаи як чиз бошанд.
Фикри як чиз набудани ин муқаддимаҳоро бо як далели иловагии дигар тақвият додан мумкин аст. Ин далел иборат аст аз як муқаддимаи мансури дигар, ки дар баъзе нусхаҳои хаттии «Чорунсур»-и Бедил, масалан нусхаи № 107 Институти шарқшиносии АИ Россия ва ду нашри мухтасари куллиёти шоир-нашрҳои Лакҳнав(1287 ҳ.) ва Конпур (1292 ҳ.) саҳван чун хотимаи унсури саввуми «Чорунсур» дарӣ гардидааст. Ин иштибоҳ кай ва бо айби кӣ рух додааст, алҳол ба мо маълум нест. Ҳамин қадараш возеҳ аст, ки ин дебоча дар аксар нусхаҳои хаттии «Чорунсур» ва нашрҳои Сафдариву кобулии куллиёти Бедил дида намешавад ва бо мазмуну мӯҳтавиёти хеш низ ба «Чорунсур» ҳеҷ гуна алоқа ва муносибате надорад. Балки бо хусусияти тарзи баён, ифодаи фикр ва характери таҳрир, чунон ки пешакӣ гуфтем, як муқаддимаи мустақилест дорои қисматҳои ҳамду наът ва бахши асосӣ. Бахши асосии он бо таъбири «аммо баъд» оғоз меёбад ва дар он доир ба кайфияти каломи бадеъ, натиҷаи заҳмати эҷодӣ будани он сухан меравад.
Гӯшзад кардан лозим аст, ки ин муқаддима ҳамчун дебочаи мустақил дар ягон нашри девон ё куллиёти Бедил дохил нагардидааст ва муҳаққиқони шоир низ аз мавҷудияти он хабар надодаанд.
Бо вуҷуди он ки ин дебоча нисбат ба муқаддимаи девони умумӣ ҳаҷман хеле хурд аст, оғоз ва анҷомҳои ҳардуи онҳо, бо истиснои гуногуни баъзе калимоту иборот ва камобешии порчаҳои шеърӣ, бо ҳамдигар монанд мебошанд. Барои мисол ду порчаро аз назар гузаронидан мумкин аст. Дебочаи мазкур бо ҷумлаҳои зерин сар мешавад:
«Тараддудоти анфоси ҳастии мавҷудот таҳрикест аз сарангушти иродати ӯ ва ҷунбиши муҳити коинот шиканест аз абрӯи ишорати ӯ. Мурғи нотиқа бар шохсори забонҳо болафшони аҷзи санохонии ӯст ва тоири босира дар ошёни дида риштабарпои чамани ҳайронии ӯ» (Куллиёти Бедил, Лакҳнав, 1287, саҳ. 505).

пешина
аз 250
навбатӣ