ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Албатта, дар таҳқиқи аҳвол ва андешаву афкори ин ё он адиб маъхаз ва маводи асосӣ, пеш аз ҳама, осори худи ӯст. Вале ин на ба он маънист, ки дар сурати дастрас будани осори шоир, аз навиштаҳои дигарон сарфи назар карда шавад. Шоирон ва мутафаккироне ҳастанд, ки ҷараёни зиндагии эшонро тавассути осори худи онҳо ба қалам овардан душвор ва ҳатто ғайри имкон аст. Масалан, тарҷумаи ҳоли Мавлавии Рум, Ҳофизи Шерозӣ ва ё Камоли Хуҷандиро оё метавон аз рӯи гуфтаҳои худи онҳо баён намуд?
Аз ин рӯ истифода аз манбаъҳои адабиву таърихӣ дар тамоми мавридҳо, хоҳ дар баёни аҳволу осор ва хоҳ дар таҳлили ақидаву афкори гузаштагон, танҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Нобоварӣ ва беэътиноӣ нисбат ба маълумоти тазкираҳо дар рисолаи Холида Айнӣ «Бедил ва достони ӯ «Ирфон» низ ба назар мерасад. Холида Айнӣ зимни ёдоварӣ аз асарҳои шарқшиносони Аврупо Гарсен де Тасси, Шпренгер ва Чарлз Рё таъйид намудааст, ки навиштаҳои эшон дар асоси маълумоти тазкираҳо сурат гирифтаанд, аз ин рӯ, он навиштаҳо дар бештари мавридҳо шубҳанок ва ғайривоқеъӣ мебошанд (Ниг.: Х. Айни, Бедиль и его поэма «Ирфон», Сталинабад, 1956, стр. 11-12).
Ин хулоса вақте ба миён омадааст, ки муаллифи он ба ягон тазкираи истифодакардаи муҳаққиқони мазкур ошно набудааст. Аксари манбаъҳое, ки мавриди истифодаи онҳо қарор доштаанд, аз ҷумлаи сарчашмаҳои боэътимоди асрҳои XVII-XVIII ба шумор мераванд.
Масалан, муаллифи феҳристи махтутоти Музеи Британия Чарлз Рё шарҳи аҳволи Бедилро бо истифода аз ҳашт тазкира овардааст, ки «Миръотулхаёл»-и Шералихони Лудӣ, «Калимотушшуъаро»-и Сархуш, «Риёзушшуъаро»-и Волеҳ ва «Иқди Сурайё»-и Мусҳафӣ аз ҷумлаи онҳо ҳастанд (Ниг.: Ч, Рё, «Феҳристи нусхаҳои хаттии Музеи Британия», Лондон, 1895, саҳ. 706-707).
Маълумоти Шпренгер низ дар асоси муҳимтарин сарчашмаҳо – «Мазмавуннафоис»-и Орзу ва «Хизонаи Омира»-и Озод сурат гирифтааст. (Ниг.: Шпренгер), «Феҳристи махтутоти китобхонаи ҳокимони Авадҳ», Калкутта, 1854, с. 377-79).
Дар адабиёти илмӣ акси ҳодисаи мазкурро низ дидан мумкин аст. Яъне асарҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо маълумоти тазкираҳо бе тафтиш ва тадқиқи иловагӣ ба ҳайси ҳақиқати бебаҳс пазируфта шудаанд. Ин ҳолатро дар мақолаи Муҳаммад Иброҳими Халил «Алоиқ ва ақоиди мо ба Бедил» (маҷаллаи «Ирфон», Кобул, 1333, №1) ва рисолаҳои зикршудаи Абдулғанӣ ва Холмуҳаммади Хаста дар мавриди истифода аз тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» мушоҳада кардан мумкин аст.
Суоле ба миён меояд, ки дараҷаи эътиборнокӣ ё ғайри қобили қабул будани маълумоти ин ё он сарчашмаро чӣ гуна метавон муайян кард?
Ба ақидаи мо, ин корро танҳо бо як роҳ – бо роҳи муқоиса бо ишораҳои худи шоир омӯхтани маводи манбаъҳо метавон анҷом дод. Ба ибораи дигар, дар тасдиқ ва ё тардиди ин ё он ҷиҳати маълумоти тазкираҳо, пеш аз ҳама, аз осори худи шоир далел мебояд ҷуст. Дар мавриди дар муқоиса бо якдигар омӯхтани маводи тазкираҳо ва ишораҳои худи шоир, аз як тараф, ҳолате пеш меояд, ки маълумоти тазкира санади иловагиест, ки дар тақвия ва тавзеҳи ишораи шоир зарур аст. Аз тарафи дигар, дурустии ахбори ин ё он тазкира тавассути ишораи шоир санҷида мешавад. Масалан, Бедил дар «Чорунсур» навиштааст, ки пас аз хонадор шудан «мутаббеъи суннати обо гардид ва тариқаи сипоҳ гаравид. «Вале шоир тавзеҳ надодааст, ки ӯ дар кадом вақт, дар куҷо ва дар лашкари кадом ҳоким маъмури ин вазифа буд. Тафсили ин ҳодисаро аз навиштаҳои Шералихони Лудӣ, Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ, Ғуломалии Озод, Анандроми Мухлис, Биндробандоси Хушгӯ ва дигарон пайдо менамоем. Бино бар қавли ин муаллифон, Бедил дар лашкари Муҳаммад Аъзамшоҳ, писари Аврангзеби Оламгир, хидмат намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё