ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Оғози муқаддимаи девони умумӣ чунин аст: «Ҳамди мубдиъе ки тараддуди анфоси аъёни кайфу кам мавқуфи таҳрикест аз сарангушти иродати ӯ ва ҷунбиши амвоҷи осори ҳудусу қидам марҳуни шикане аз абрӯи ишорати ӯ. Мурғи нотиқаро бар шохсори забонҳо бисмил оҳоҳангии парвози санохониаш ва тоири босираро дар ошёни дидаҳо риштабарпои ҳайрати бенишониаш» (Куллиёти Бедил, ҷилди 1. Кобул, 1341, саҳ. 2).
Тавре ки дида мешавад, ин порчаҳо ҳам аз ҷиҳати ифодаи мазмун ва ҳам аз ҷиҳати таҳриру сохти ҷумлабандӣ хеле монанд мебошанд. Фарқ танҳо дар гуногунии баъзе калимаву ибораҳост. Масалан, таъбири «ҳастии мавҷудот, » ки дар порчаи аввал омадааст, дар мисоли дуввум дар шакли «аъёни кайфу кам» ифода шудааст. Ё худ, ибораи «ҷунбиши муҳити коинот»-и порчаи аввал дар порчаи дуввум дар шакли «ҷунбиши амвоҷи осори ҳудуси қидам» дарӣ гардидааст.
Дар байни порчаҳои манзуми ин муқаддимаҳо низ умумият ба назар мерасад. Аз 11 байт шеъре, ки дар дебочаи аввал мавҷуд аст, 5 байти он бо тағйироти чанд калимаву ибора дар муқаддимаи девони умумҳ такрор шудаанд.
Лекин, бо вуҷуди ин монандиҳо, чунон ки мазмуни бахши асосии дебочаи аввал нишон медиҳад, ин дебоча ҷузъи алоҳидаи муқаддимаи девони умумӣ набуда, балки муқаддимаи асар ё маҷмӯаи дигарест. Барои мисол аз бахшҳои асосии онҳо ду ҷумларо зикр менамоем.
Аз дебочаи аввал:
«Лоҷарам, байте чанд, ки сутураш чун ниҳоли тоза решаи таҳрир дар замини ин авроқ дамонидааст ва ҳарфаш ба ранги барги сабз аз шохсори хати мистар ба серобии маонӣ сар кашида, баъзе аз он абҷади сармашқи Бедил аст дар кисвати ҷаҳли мураккаб ҳоҷизи маҷмаъи имтиёз ва аз ғубори ҳайрати нодонӣ оинаи тасвирпардоз».
Аз муқаддимаи девони умумӣ:
«Лоҷарам, натоиҷи афкоре чанд, ки решаи таҳрир дар замини ин авроқ давонидааст ва барги шохсори сатр гардида, аксар аз абҷадҳои машқи Бедил аст инфиъоли қусур дар бор ва ҳиҷлати ҷаҳли мураккаб дар канор».
Чунонки мебинем, Бедил мундариҷаи девони умумиро бо таъбири «натоиҷи афкоре чанд»
ном бурда, нисбат ба маҷмӯае, ки дебочаи мазкурро муқаддимаи он донистаем, ибораи «байте чанд»-ро ба кор бурдааст. Ибораи «байте чанд» ба он далолат менамояд, ки ин дебоча муқаддимаи маҷмӯаи нисбатан хурдест. Дурусттараш, ин дебоча, ба ақидаи мо, муқаддимаи девони қадими шоир аст. Ин маъниро дар баробари монандии айнии оғози он бо оғози муқаддимаи нусхаи китобхонаи Индия – Оффис баробарии ҳаҷмҳои онҳо низ исбот менамояд. Монандии оғоз ва анҷоми ин дебоча ба ҷойҳои мутаносиби муқаддимаи девони умумии шоир аз он ҷиҳат аст, ки муаллиф баъди мураттаб намудани девони умумӣ дебочаи девони қадими худро аз ҷиҳти ҳаҷм тавсиъа ва такмил дода, муқаддимаи девони умумӣ сохтааст. Ба ибораи дигар гӯем, муқаддимаи девони умумӣ варианти такмилёфта ва тавсиъадидаи муқаддимаи девони қадим аст.
Бедил дар муқаддимаи девони қадим дар хусуси мавзӯъҳои фарогирифтаи он чизе намегӯяд. Лекин дар муқаддимаи девони умумӣ доир ба мундариҷаи девон сухан ронда, ба баъзе мавзӯъҳои он, аз ҷумла ба масъалаҳои ирфон, фалсафа, мадҳу ситоиш ва ҳаҷву мутоиба ишораҳо менамояд. Дар дебочаи девони қадим ҳамагӣ 11 байт шеър вуҷуд дошта бошад, дар муқаддимаи девони умумӣ миқдори онҳо ба 48 расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё