ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Нусхаи таҳрирхӯрда ва тавсиъадидаву такмилёфтаи дебочаи девони қадим будани муқаддимаи девони умумиро ин ҳам тасдиқ менамояд, ки баъзе ибора ва ҷумлаҳои дебочаи аввал дар муқаддимаи дуввум суфтатару рехтатар ва маҳкамтару равонтар гардидаанд.
Масалан, ҷумлаи «Аммо баъд бар табъи салими арбоби фаросат ва зеҳни мустақими асҳоби диросат муҳтаҷиб намонад, ки решаи ҳар ниҳол дар мабодии нашвунумо ба ранги нафаси субҳ аз заъифӣ ночор аст ва шӯълаи ҳар камол дар оғози ҷавоҳирафрӯзӣ чун моҳи нав дар нотавонӣ беихтиёр», ки дар дебочаи девони қадим омадаст, дар муқаддимаи девони умумӣ бад-ин шакл таҳрир шудааст: «Аммо баъд мизони тааммули инсофсанҷон мунҳарифи тағофул мабод, ки решаи ҳар ниҳол дар бадояти нашвунумо чун нафаси субҳ ногузири изҳори заъифист ва шӯълаи ҳар камол дар оғози қоматороӣ чун моҳи нав беихтиёри арзи наҳифӣ. »
Илова кардан лозим аст, ки дебочаи девони қадим то ба дараҷаи муқаддимаи девони умумӣ расидан шояд борҳо таҳрир ва такмил пазируфта бошад. Зеро шоир дар муддати фаъолияти эҷодии худ на камтар аз се маротиба девони ашъор мураттаб кардааст ва ҳар як варианти баъдинаи он нисбат ба пешинааш бузургтару комилтар баромадааст.
БАЁЗИ МИРЗО БЕДИЛ
Тавре ки аз баъзе тазкираҳо ва таълифоти илмӣ бармеояд, Мирзо Абдулқодири Бедил (1644 – 1720) илова бар девони ашъор, маснавиҳои зиёди хурду бузург ва чанд асари насрӣ ду баёзи ашъор ва як рисола дар илми рамл низ тартибу тасниф кардааст. Аз рисолаи рамл танҳо муқаддимаи он дастрас буда, худи рисола мафқудшуда маҳсуб мешавад. Муқаддимаи онро дар ду нашри маъруфи Куллиёти шоир –нашри Сафарӣ (Бамбай, 1882) ва нашри Кобил(1341- 1344 шамсӣ) дидан мумкин аст. аз муқаддимаи мазкур маълум мешавад, ки унвони рисола «таълифулиҳком» аст ва он дар асоси китобҳои машҳури ин фан мураттаб шудааст. Бахши асосии муқаддима ин аст. «Аммо баъд бар замири сғоркашони маҳфили асрор махфӣ мабод, ки баъзе дустон дар даҳқиқи фунуни рамл, ки нашъаест саҳбои рамзи ладун, ҷаҳде балеғ масруфи табиъат доштанд. Чун аскаре кутуби муътабараи ин фан ба ҳукми тасарруфи котибон дар ҳар тасвид таҷдиди дигаре ёфта буд, сурати аҳком ба субут камтар мутобиқ менамуд. Ин аъзафи ибодуллоҳ аҳкоми чанд, ки дар умри зарурӣ кифоят дошт, аз нусухи машҳура фароҳам оварда. «таълифулаҳком»-е вонигошт ва дар тавзеҳи дақоиқ тарзе пардохт, ки ниг. Ба саҳ 232.
Аз ду баёзи ашъоре, ки Бедил тартиб додааст, яке мунтахаби байтҳо аз ғазалиёти худи ӯсту дигаре маҷмуаи осори шоирони гуногуни пешин ва муосирони худи Бедил.
Аз ҳақиқати баёзи аввал шогирди Бедил Биндробандоси Хушгӯ дар тазкираи худ «Сафинаи Хушгӯ» (замони таълиф 1724-1734) хабар додааст. Ӯ пеш аз сабти намунаҳо аз ашъори Бедил навиштааст: «Баёзе ба дастхати худ аз ашъори ғазалиёт интихоб фармуда, навишта ва онро ба фақир иноят кардаанд. Ин ашъор аз он ҷост».
Вале, мутаассифона, он чӣ ки аз ин баёз боқӣ мондааст 335 байтест, ки Хушгӯ дар тазкираи худ ҷой додааст. Худи баёз то кунун дастраси аҳли таҳқиқ нагардидааст.
Хушбахтона, аз баёзи дуввум, баёзе ки мунтахаби осори иддае аз суханварони асрҳои Х1- ХУ11- ро дарбар дорад, , як нусха маълум аст. Ин нусха дар захираи дасттхатҳои Музеи Британия (Лондон) маҳфуз мебошад ва дар асари Чарлз Рё «Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии Музеи Британия» (Лонлон, 1829) тавсиф шудааст. Дар хусуси ин баёз муаллифи рисолаи «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351) Абдулғанӣ низ маълумоти мухтасаре додааст. Маълумоти ӯ дар асоси навиштаи Рё сурат гирифтааст. Вале ӯ ҳангоми истифода аз феҳристи Рё ба чандин иштибоҳ роҳ додааст, ки зикри онҳо дар ин ҷо бемаврид мебошад. Абдулғанӣ навиштааст, ки аз баёзи Бедил ду нусхаи хаттӣ маълум аст, ки ҳарду ҳам дар музеи Британия маҳфузанд. Вале, чунон ки аз тавсифи Рё бармеояд, дар Музеи Британия, тавре ки гуфтем, ҳамагӣ як нусхаи баёз мавҷуд аст, ки аз ду ҷилд иборат мебошад. Аввалу идомаи якдигар будани ин ҷилдҳо аз мундариҷаи онҳо ба хубӣ ошкор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё