Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдулғанӣ дар хотимаи тавсифи худ овардааст, ки «баёзи мазкур, махсусан, аз раҳгузари маълумоте, ки дар бораи шоирони муосири Бедил аз он ба даст меояд, бисёр муҳим аст».
Вале ӯ диққат надодааст, ки маълумоте, ки дар бораи муосирони Бедил дар феҳристи Рё мавҷуд аст, ба қалами худи Рё тааллуқ дорад, на ба қалами Бедил. Маълумотҳои нисбатан муфассале, ки дар феҳристи Рё дарҷ гардидаанд, дар дохили қавсайн омадаанд ва дар охири ҳар кадомашон маъхазҳои онҳо зикр гардидаанд. Маъхазҳое ки дар охири ин ё он маълумот номбар шудаанд, дар асрҳои ХУ111-Х1Х таълиф шудаанд. Масалан, пас аз зикри тахаллуси шоири асри ХУ11 Муҳаммадсайиди Ашраф дар кавсайн ин ҷумлаҳо илова шудаанд:
«Муҳаммадсайид аз Мозандарон аст. Муаллими Зебуннисобегим бинти Аврангзеб ва яке аз муқаррабони Баҳодуршоҳ буд».
Дар охири ҷумлаҳои боло тазкираҳои «Ҳарфт осмон» «Миръоти ҷаҳоннамо» ва асари Шпренгер «Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи ҳокимони Авадҳ «(Калкутта, 1854) зикр гардидаанд, ки маълумоти мазкур аз онҳо гирифта шудааст. Ё худ дар феҳристи Рё ҷое ки бо номи Алиризои Таҷаллӣ дучор мешавем, дар қавсайн ин тавзеҳро мехонем: «Мулло Алиризо аз Ардакони Язд аст. Дар замони Шоҳиҷаҳон муддате дар Ҳинд иқомат дошт. Баъдҳо ба Эрон баргашта дар аҳди шоҳ Аббоси 11 ва шоҳ Сулаймон дар ватани худ зиндагӣ мекард.
Соли 1088 дар ҳамон ҷо аз олам гузашт».
Баъди ин тавзеҳ низ маъхазҳои он тазкираи «Риёзушшуаро»-и Алиқулихони Волеҳ ва феҳристи номбаршудаи Шпренгер зикр гардидаанд.
Тавре ки гуфта шуд, комилтарин маълумот дар хусуси баёзи Бедил онест, ки дар феҳристи зикршудаи Рё дарҷ гардидааст: Бино бар қавли Рё, нусхаи мазкури баёз аз ду ҷилд иборат буда, дар Музеи Британия зери №№16802 ва 16803 нигоҳ дошта мешавад. Ҷилди аввали он дорои 429 ва ҷилди дуввум дорои 453 варақ буда, яке дар зулқаъдаи 1152 (феврали1740), дигаре дар муҳаррами1153 (апрели 1740), бо хати зебои шикастаомез дар шаҳри Лоҳур китобат шудаанд. Дар нусха, зоҳиран, номи котиб зикр наёфтааст, ки Рё низ дар ин бора чизе нагуфтааст. Баёз намунаҳои осори иддае аз шоирони форсигӯй аз Хоқонии Шервонӣ то муосирони Бедилро дар бар кардааст. Дар он намунаҳои осор аз рӯи навъҳои шеърӣ табақабандӣ шудаанд. Аз варақи саввуми ҷилди аввал то варақи 134 он бахши қасоид омадааст. Бахши ғазал, ки бахши калонтарини он аст, аз варақи 135 ҷилди аввал то варақи 136 ҷилди дуввум давом кардааст, яъне ин бахш беш аз 430 варақи баёзро фаро гирифтааст.
Баъд аз ин бахшҳои муаммо (як варақ), рубоӣ (се варақ), мустазод (60 варақ), қитъа (10 варақ) ва маснавӣ(12 варақ) дарҷ гардидаанд. Дар бахши маснавӣ намунаҳо аз осори Муҳаммадқулӣ Салими Теҳронӣ (ваф. 1647), Муҳаммад Сайид Ашрафи Мозандаронӣ (вафоташ 1708), Мир Яҳёи Кошонӣ (ваф. 1654), Ҳаким Рукнои Масеҳӣ (1657-1656), Муҳаммадҳусайн Толиби Омулӣ (вафот. 1627) ва дигаронро дидан мумкин аст. Баъд аз бахши маснавӣ чанд мухаммасу маснавиҳои ахлоқӣ аз худи Бедил, номаҳо ва дигар осори мансур аз Бедилу шоирони дигар, муаммо ва мусаддасоту муқадасоти қитъаҳои таърихӣ аз муаллифони гуногун дарҷ гардидаанд. Дар қитъаҳои таърихӣ воқеаҳои таърихии то соли 121 (1709-1710) рухдода инъикос ёфтаанд. Матни асосии ҷилди дуввум бо қиссае бо номи «Ҳикояти бараҳмани сода ва ҳилаҳои зани маккораи ӯ» ба поён мерасад. Дар ҳошияи ҷилди аввал илова бар чанд порчаи кӯтоҳи манзум «Зодулорифин» ном рисолаи мансуб ба Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1088), Латоифи гуногун аз муосири Бедил Абдулаҳади Ваҳдат (ваф. 1714) ва «Насоеҳ ва мавоиз» ном мавод аз Зиёуддини Нахшабиро дидан мумкин аст.

пешина
аз 250
навбатӣ