Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳошияи ҷилди дуввум «Меъроҷи хаёл» ном шеъри Мулло Алиризои Таҷаллӣ(ваф. 1682) «Мубоҳасаи кӯкнор ва танбоку» ном маснавии шоире бо номи Муҷрим, номаи Неъматхони Олӣ (ваф. 1710) ба Иродатхони Возеҳ (ваф. 1687), порчаҳои гуногун бо номи «Нақлиёти бузургон», хулосаи рисолаи «Ҷашни Хусн ва Ишқ»-и Неъматхони Олӣ, «Гулшани роз» ном тарҷеъбанди Урфии Шерозӣ (1556-1591) ва ғайраро дарбар кардааст.
Аз ишораҳои Рё бармеояд, ки Бедил қабл аз зикри намунаҳо аз осори шоирон доир ба шеъри баъзе онҳо ибрози назар низ намудааст. Чунончи, шоири маъруфи асри ХУ11 Мирзо Ҷалоли Асирро бо номи «подшоҳи сарири маънӣ» ва шеъри шоири дигари ин аср – Муҳаммадҷон қудсии Машҳадиро бо ибораи «меъроҷи сухан» ёд кардааст. Ё худ, намунаҳо аз осори муосири хеш Абдулаҳади Ваҳдатро бо таъбири «Латоифи устодона аз Ваҳдат» ба қалам додааст.
Хулоса, баёзи тартибдодаи Бедил яке аз манбаъҳои муҳими омӯзиши адабиёти асри шоир ба шумор рафта, дар кори таҳқиқ ва пажуҳиши аҳвол ва осори худи ӯ низ кӯмаки зиёде расонида метавонад. Дастрас ва тадқиқ намудани ин баёз барои равшан кардани назари Бедил ба мероси гузаштагону муосиронаш ва муайан сохтани завқи эстетикии ӯ дар интихоби шеър низ муфид мебошад.
ТААММУЛЕ ДАР САБКИ БЕДИЛ
Ҳар каси аз адаб иёти форсӣ бохабар вақте ки номи Бедилро мешунавад ё бо ягон асари ӯ дучор мегардад, пеш аз ҳама, пӯшидагии маъно, печидагии баён, душвории забон ва муракаббии услуби ӯро ба хотир меоварад. Устод Айнӣ дар рисолаи маъруфи худ “Мирзо Абдулқодири Бедил” (Сталинобод, 1954, саҳ. 99) дар хусуси сабку услуби шоир сухан карда, забони асарҳои ӯро “душвортарин забони адабии тоҷик” донистааст.
Шарқшиноси маъруф Евгений Бертелс дар муқаддима бар рисолаи мазкури устод Айнӣ навиштааст: “Аввалин чизе, ки одатан, дар вақти ном бурдани Бедил ба хотир меояд, забони хеле душворфаҳми вай аст”.
Суоле ба миён меояд, ки чаро осори Бедил ин қадар мушкилфаҳм ва услуби нигориши ӯ ин гуна мураккаб аст? Ин хусусият оё аз табиати осори вай бармеояд, ё ки ин тарзи баён ва ин роҳи фодаро ӯ қасдан пеш гирифтааст?
Аксари муҳаққиқоне, ки ба омӯхтани осори Бедил даст задаанд, ба ин масъала низ дахл намудаанд. Шоирони тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Абдусалом Деҳотӣ, ки дар кори омӯзиши Бедил аз ҷумлаи аввалинҳо ба шумор мераванд, дар китоби дастҷаъии “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (Сталинобод, 1940, с. 186) роҷеъ ба Бедил маълумоти мухтасаре дода, навиштаанд, ки “Бедил барои эҷодиёти худаш як услуби нави ба худ махсус ихтироъ кард, ки он хеле мураккаб ва душворфаҳм аст”. Ин муаллифон дар айни ҳол эътироф кардаанд, ки “ба чӣ сабаб чунин як услуби мураккаб ва душворфаҳмро пеш гирифтан”-и шоир ба онҳо равшан нест.
Евгений Бертелс дар соли 1945 доир ба хусусиятҳои услуби забони Бедил ва сабабҳои ба ин услуб гароидани ӯ мақолаи алоҳидае навишта, кӯшиш кардааст, ки ба ин масъалаҳо равшанӣ андозад (Ниг.: Э. Е. Бертелс. История литературы и кульруты Ирана, М. 1988, стр.
352-362). Ӯ навиштааст, ки ба саволи аз чӣ иборат будани хусусиятҳои услуби забони Бедил ва сабабҳои душвории он вақте ҷавоби фарогир додан мумкин аст, ки ду масъалаи муқаддамотии дигар равшан карда шавад. 1. Ташаккур ва такомули сабки ҳиндӣ омӯхта шавад ва муайян гардад, ки оё ин сабк ихтироъи Бедил аст, ё ки натиҷаи инкишофи табии назми форсизабони Ҳиндустон? 2. Ғояҳои асосии эҷодиёти шоир, аз ҷумла ҷанбаҳои гуногуни ҷаҳонбинии ӯ, ошкор карда шаванд.

пешина
аз 250
навбатӣ