ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муҳаққиқ ба қадри он имконоте, ки дар он вақт вуҷуд дошт, танҳо ба яке аз ин масъалаҳо ҷавоб гуфтааст. Ӯ тавассути нигоҳе ба таърихи адабиёти форсии Ҳинд исбот кардааст, ки сабки ҳиндӣ ихтироъи Бедил набуда, идома ва инкишофи сабки адабиётест, ки аз асри ХІІ то замони Бедил дар Ҳиндустон ҷараён доштааст. Ба ақидаи Бертелс, сабабҳои душвории услуби Бедилро вақте муайян кардан мумкин аст, ки ғояҳои асосии эҷодиёти ӯ омӯхта шаванд. Агар исбот карда шавад, ки ақоиди Бедил хилофи таълимоти расмии ислоим буданд,
-идома додааст Бертелс,
-пас метавон хулоса кард, ки шоир ба мақсади пардапӯш кардани афкори зиддидиниаш ба ин услуби душвор рӯй овардааст. Вале,
-таъкид кардааст Бертелс,
Бедил агар ақоиди худро аз ҳомиёни дин пинҳон карда бошад, ошкор кардани он ақоид барои мо кори чандон осон нахоҳад буд.
Пас аз ду соли нашри мақолаи Бертелс рисолаи Абдулғанӣ Мирзоев “Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик” (Сталинобод, 1947) ба табъ расид. Мирзоев дар ин рисола аз таърихи пайдоиши сабки ҳиндӣ низ баҳс намуда, хусусиятҳои ин сабк, аз ҷумла услуби Бедилро, ба “муҳити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳиндустон, тарзи зиндагӣ ва хусусиятҳои фикрии халқҳои он ҷо ва инчунин манзараҳои табии” он кишвар алоқаманд донистааст.
Носирҷон Маъсумӣ низ тақрибан дар ҳамин ақида аст. Ӯ дар мақолаи “Туғрал ва муҳити адабии ӯ” аз омилҳои пайдоиши сабки ҳиндӣ сухан карда, аз ҷумла навиштааст: “Шароити ба худ хоси таърихӣ, табиӣ, иҷтимоӣ ва мадании Шарқ дар адабиёти форсизабони Ҳиндустон “сабки ҳиндӣ”
-ро ба вуҷуд оварда, инкишоф дод, ки ин, пеш аз ҳама, ба тарзи махсуси баёни маънӣ ва тарзи ифодаи образҳои бадеӣ дахл карда, дар навбати худ дар асоси қонуни мутобиқат шаклу мазмунро якҷоя фаро мегирифт. Дар инкишофу такомулоти сабки мазкур дар шароити Ҳиндустони асри ХУП Мирзо Абдулқодири Бедил мақоми махсусе дорад” (Ниг.: Туғрал, Мунтахаботи ашъор, Душанбе, 1964, саҳ. 8.).
Албатта, муҳити зист, тарзи зиндагӣ, урфу одати халқу манзараҳои табии ин ё он кишвар ба асаре, ки дар он муҳит эҷод шудааст, таъсир накарда наметавонад. Вале ин таъсир асосан дар мазмун ва муҳтавиёти асарҳо зоҳир мегардад, на дар сабку услуб. Аз ин рӯ, огнро омили асосии тафовути сабки ҳиндӣ аз дигар сабкҳо ҳисобидан саҳеҳ нест. Зеро дар адабиёти форсизабони Ҳинд дар қатори шоъирони сабки ҳиндӣ шоъиронеро низ мебинем, ки ба сабки соддаву оммафаҳм, ба таъбири тазкиранависон, “ба тарзи қудамо” шеър гуфтаанд. Яъне, на ҳамаи шоъирони форсигӯи Ҳинд, аз ҷумла на ҳамаи муъосирони Бедил, ба сабки ҳиндӣ асар эҷод кардаанд. Ё худ осори на ҳамаи шоъирони Ҳиндустон душвору дандоншикан аст. Аз ҷумлаи муосирони Бедил шоъирони зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки забону услуби онҳо аз забону услуби Бедил ва дигар чеҳраҳои дурахшони ин сабк Носиралӣ, Мирзо Соиб, Ғании Кашмирӣ, Салими Теҳронӣ ва ғайра тафовути ҷиддӣ дорад. Ба ин гурӯҳи шоъирон Бараҳмани Лоҳурӣ, Шукруллоҳхони Хоксор, Вазоратхони Олӣ, Аҳмадёрхони Якто, Муҳаммадсаъдии қурайшӣ, Мирзо Абдурасули Истиғно ва даҳҳо дигаронро дохил намудан мумкин аст.
Чунонки гуфтем, сода ва оммафаҳм будани шеъри ин гурӯҳи шоъиронро тазкиранависон низ гӯшрас намудаанд. Муаллифи тазкираи “Калимотушшуъаро” Муҳаммадафзали Сархуш дар бораи ҳаким Қозии Гелонӣ ном шоъири асри ХУП навиштааст: “Аз шуъарои мӯътабари подшоҳӣ буд. Девоне захим тартиб дода. Ашъораш ба тарзи қудумо рост ба рост аст”
.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё