Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сархуш дар хусуси муъосири дигари худ Муҳаммадҳусейни Холис чунин овардааст: “Дар аҳди Оламгиршоҳ аз вилоят ба Ҳинд омада, ба тарафи Дакан аксар гузаронида. Қасидаву маснавӣ ва девони мухтасар дорад. Ашъораш пухта аст, аммо ба тарзи қадим”.
Тазкиранависи дигар муаллифи “Сафинаи Хушгӯ” Биндробандоси Хушгӯ дар бораи муъосири Бедил Оқилхони Розӣ овардааст: “Аскарӣ ном аз садоти Хоф буд. Дар шеър тарзи қудамо бисёр дуруст карда”.
Гузашта аз ин, аз симоҳои машҳури сабки ҳиндӣ шахсонеро нгм бурдан мумкин аст, ки умуман ба Ҳиндустон сафар накардаанд. Яъне дар муҳиту шароити тамоман дигар ба сабки ҳиндӣ шеър гуфтаанд. Мирзо Ҷалоли Асир, Муҳташами Кошӣ ва Ваҳиди Қазнивӣ аз ҳамин қабилаанд. Умуман, дар ташаккул ва такомули сабки ҳиндӣ омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву ҷуғрофӣ нақши ҳалкунанда надоранд. Нақши ҳалкунанда надоштани омили ҷуғрофиро Е. Э. Бертелс низ таъйид намудааст (Ниг.: Е. Э. Бертелс, китоби зикршуда, саҳ.
438).
Чунон ки маълум аст, яке аз аввалин тадқиқотҳои муфассал ва пурарзиш дар бораи Бедил асари зикршудаи устод Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” (Сталинобод, 1954) мебошад.
Устод Айнӣ дар ин асар дар баробари шарҳи зиндагӣ ва тавзеҳи умумии осори Бедил доир ба сабабҳои душвории забон ва услуби ӯ низ мулоҳизаҳои ҷолиби диққат иброз намудааст. Ӯ аз ҷумла навиштааст: “Баъзеи тазкиранависон ва танқидчиён мегӯянд, ки Бедил барои ифодаи таълимоти фалсафиаш ба ихтиёр кардани ин услуб маҷбур шудааст. Ин фикр як дараҷа дуруст аст. Чунки ифодаи маъниҳои дақиқи махсус таъбирҳои душвори махсусро талаб мекунад, хусусан вақте ки муаллиф маъниҳои фалсафиашро дар пардаи сӯфизм печондан хоҳад, ин печдарпечӣ дучанд мегардад”.
Дар баробари ин устод Айнӣ таъкид кардааст, ки душворӣ ва мураккабии забону услуб дар ифодаи маъниҳои оддӣ ва рӯзмарра, аз ҷумла дар таҳрири номаҳо ва саргузаштҳои шоъир низ риоя шудааст. Аз гуфтаҳои устод Айнӣ чунин хулоса бармеояд, ки душвории забон ва услуби Бедил, аз як тараф, ба мазмуну мӯҳтавиёти осораш вобаста бошад, аз тарафи дигар, натиҷаи саъу талоши ӯст дар кори навҷӯӣ ва навпардозӣ.
Масъалаи мавриди баҳс, яъне сабабҳои душвории забон ва услуби Бедил аз назари муҳаққиқи дигари ӯ Холида Айнӣ низ дур намондааст. Х. Айнӣ дар рисолаи “Бедил ва достони ӯ “Ирфон” (Сталинобод, 1956) дар таъйиди гуфтаи Бертелс тахмин намудааст, ки Бедил шояд барои пинҳон доштани ақоиди даҳриёнаи худ ин услуби душворро ба кор бурда бошад. Вале ин тахмин, навиштааст Х. Айнӣ, сабаби ягона ва асосии душвории услуби Бедил шуда наметавонад. Ба назари Х. Айнӣ, сабаби асосӣ, ҳамоно, кӯшиши бартарӣ ҷустани шоъир бар муъосиронаш мебошад. Гузашта аз ин,
-илова намудааст Х. Айнӣ,
-услуби Бедил на танҳо як ҷузъи сабки ҳиндӣ ба шумор меравад, балки ба сабку услуби назми ҳиндизабони Ҳиндустон низ алоқаманд аст. Сабаби ба назар наву тоза бархӯрдани баъзе образҳо ва тарзи тасвир дар осори шоъир, хулоса намудааст Х. Айнӣ, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст.
Роҷеъ ба сабабҳои душвории осори Бедил шоъир ва донишманди Афғонистон устод Халилуллоҳи Халилӣ низ изҳори назар кардааст. Устод Халилӣ дар муқаддимае, ки ба нашри кобулии куллиёти шоъир нигоштааст, аз маҳорати шоъирии Бедил сухан ронда, яке аз иллатҳои ба фаҳм дарнаёмадани шеъри ӯро дар баландии мазмун ва нозукии маънои он донистааст. Ӯ навиштааст: “Агар бархе аз андешаҳои жарфи вай (Бедил-Б.Р.) зуд ба фаҳм дарнамеояд, иллати аслӣ он аст, ки Мирзо дар як қисмати ғазалиёти худ он масоили олӣ ва мубҳамро ифода намуда, ки идроки он ба зоти худ душвор ва аз фаҳми ҳар кас болотар аст.

пешина
аз 250
навбатӣ