Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар, филмасал, он матолиби олияро, ки дар асрори тавҳид ва розӣ ҳастӣ ва дар баёни мавқифи инсон дар ин ҷаҳон ҳайратангез аст, бо насре бас равон ва ҳатто омиёна бингоранд, мардеме, ки ба кунҳи ин матолиб ошноӣ надоранд ва лаззати ин бодаи рӯҳониро начашидаанд, аз идроки он оҷиз мемонанд. . . Дар ин қисмати ғазалиёти Мирзо ниқот ва ишоратест, ки ҳамеша дониши одамӣ аз маърифати он оҷиз омада ва дар пешгоҳи ин тилисми ҳайрат волеҳ ва саргардон монда.
” Ба ақидаи устод Халилӣ, сабаби дигари ба фаҳм дарнаёмадани шеъри шоъир касрати истиораву маҷоз, кинояву иҳом ва дигар санойеъи шеърист, ки матолиби сода ва ба зоти худ равшан дар сояи он санъатҳову резакориҳо пинҳону ноаён мондаанд. “Мирзо Бедил,

  • идома додааст устод Халилӣ,
    -дар қисмати дигари ғазалиёташ, ки матолиби оддӣ ва пешипоафтодаро ифода намуда, дар он низ чандон борикӣ ва резакорӣ ва истиъораву маҷоз ва кинояву иҳом ва тавсия ба кор бурда ва ҳусни таълил намуда ва мисолҳои навин оварда, дидани он матолиби равшану соф дар сояи ин ҳунарнамоиҳо ва борикиҳо ба тезии ҳуш ва диққати назар мӯҳтоҷ шуда, гӯё ин масоили оддӣ дар ҷойгоҳи рафеъе аз ҳунару санъат қарор ёфта, ки ҳар зеҳн ба пояи идроки он намерасад”.
    Муҳаққиқи маъруфи Эрон Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ дар чанд мақолае, ки дар бораи Бедил навиштааст, роҷеъ ба сабабҳои душвории забону услуби ӯ низ ишораҳо намудааст (Ниг.: ба китоби ӯ “Шоъири оинаҳо”, Теҳрон, 1366). Чунончӣ, дар мақолаи “Нақли Бедил”, ки бори аввал дар соли 1346 шамсӣ (1967) ба табъ расида буд, аз маъонии бегона, печидагии баён, истиъораҳои ғариби шоъир ёд карда навиштааст, ки “ин гироиш ба маънои бегона ва овардани тасвирҳои ғариб барои дурӣ аз ибтизол (умумигӯӣ-Б.Р.) буда”.
    Кадканӣ дар мақолаи дигари худ “Бедили Деҳлавӣ” душвории шеъри шоъириро ба хусусиятҳои забонии он низ алоқаманд дониста навиштааст: “Яке аз хусусиёти шеъри Бедил, ки забони ӯро бештар мубҳам ва печида сохтааст, навъи таркибот ва бофтаҳои хосест, ки вай дар шеъри хеш истиҳдом карда”.
    Муроди муаллиф аз “навъи таркибот ва бофтаҳои хос” калимаҳои мураккаби серҷузъаест аз қабили “фурсаткамин”, “ибратнигоҳ” , “ҷунунпаймона”, “тӯҳматнишон”, “ ҳайратоҳанг”, “адамфурсат”, “ ҳаёбегона”, “ ҳаёсармоягӣ” , “анқосарубаарг”, “норасоитакутоз” ва ғайра.
    Кадканӣ дар мақолаи “Сабкшиносии шеъри Бедил” ақидаи худро инкишоф дода, ин навъи таркиботро ихтироъи худи Бедил ҳисобида, маҳз ҳамин анвои калимаҳоро сабаби асосии душвории шеъри шоъир донистааст. Ӯ аз имконоти забони форсӣ дар сохтани таркибҳо, аз ананаи таркибсозӣ ва тафовути он дар сабкҳои пешин ва хусусияти услубӣ пайдо кардани таркибсозӣ дар сабки ҳиндӣ ёд намуда, дар бораи таркибҳо ва бофтаҳои хоси Бедил чунин навиштааст: “Баҳси мо дар ин ҷо бар сари навъи таркибҳоест, ки Бедил сохта ва ин таркибҳо аз навъи таҷориби шоъирони қабл аз ӯ нест. Ва ба ҳамин далел касоне, ки ба ин сохторҳои таркибӣ ошноии комил надошта бошанд, ба душворӣ метавонанд аз шеъри ӯ лаззат бибаранд. Шояд муҳимтарин омили ғумуз (душворӣ-Б.Р.) дар шеъри ӯ ҳамин навъи таркибот бошад”.
    Аз навиштаҳои Кадканӣ танҳо ба ду ишораи ӯ метавон эрод гирифт. Якум, ба он ки ин таркибсозӣ гӯё “бо системаи табиъӣ ва меҳвари ҳамнишинии забони форсӣ чандон созгор” набошад. Дуввум, ба он, ки гӯё “ин таркибҳо аз навъи таҷориби шоъирони қабл аз ӯ” (Бедил- Б.Р.) нестанд.
пешина
аз 250
навбатӣ