ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чанд таркибе, ки Кадканӣ ба ҳайси мисол дарҷ кардааст, ҳама калимаҳои мураккаби дуҷузъа ва сеҷузъа мебошанд. Яъне, калимаҳое ҳастанд, ки аз ду ва сетогӣ калимаи сода сохта шудаанд. Ин навъи калимаҳо дар эҷодиёти пешгузаштагон ва муосирони Бедил, аз ҷумла, дар осори Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ ва Сайидои Насафӣ низ ба назар мерасанд. Миқдори зиёди ин хели калимаҳоро дар навиштаҳои шоъирони асрҳои баъдина, чунончӣ дар ғазалиёти Фориғи Ҳисорӣ низ дучор омадан мумкин аст.
Бартарӣ ё худ тафовути Бедил дар корбурди калимаҳои мураккаб дар он аст, ки ӯ аз ин навъи калимаҳо хеле зиёд истифода кардааст. Ӯ касрати истеъмоли ин калимаҳоро ба ҳадде расонидааст, ки онҳо ба яке аз хусусиятҳои услубии осори ӯ табдил ёфтаанд.
Муҳимтарин асаре, ки баъди нашри китоби мазкури Кадканӣ дар Эрон дар хусуси Бедил ба табъ расид, маҷмӯаи мақолаҳои Ҳасани Ҳусайнӣ “Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” (Теҳрон, 1367) мебошад. Мақолае аз ин маҷмӯъа “Иллали печидагии шеъри Бедил” ном дорад ва назари муаллиф доир ба масъалаи мавриди баҳс дар ҳамин мақола ифода ёфтааст.
Ба ақидаи ин муаллиф низ душвории шеъри Бедил, пеш аз ҳама, аз душвории мавзӯъ ва мундариҷаи он бармеояд. Шоъир дар шеъри худ мавзӯъ ва масъалаҳоеро баён ва баррасӣ кардааст, ки “фи нафсиҳӣ барои баён шудан ниёз ба тафсил ва тавзеҳу ташреҳ доранд”. Ба таъсири дигар “печидагии ғазали Бедил дар маънӣ бармегардад ба печидагии обишхӯри маънавии ӯ, яъне фалсафаи ирфонии ваҳлати вуҷуд, фалсафае, ки бехабарӣ аз румузи он корро барои хонандагони оддӣ ва ноошнои ғазали Бедил. . . сахт печида мекунад”.
Тавре ки мебинем, ин фикри муаллиф такрори мушоҳадаи устод Халилист, ки мо дар борааш сухан кардем. Ҳасани Ҳусайнӣ агарчӣ муқаддимаи устод Халилиро дар даст доштааст, масъараро тарзе баён кардааст, ки гӯё дар ин бора сухани аввалро ӯ мегуфта бошад.
Ба ақидаи Ҳасани Ҳусайнӣ, чизи дигаре ки ба душворфаҳмии андешаҳои фалсафӣирфонии шоъир сабаб шудааст, кӯшиши ифодаи ин андешаҳо ба забони ғазали сабки ҳиндист. “Ба назар мерасад, ки-навиштааст муаллиф,
-ин кор (яъне андешаҳои фалсафии ирфонӣ-Б.Р.) бо ҷолиби ғазал, ки зарфияти маҳдуде дорад ва бо забони он, хоса забони ғазали ҳиндӣ, ки сахт мӯъҷаз аст, дар тазод ва носозгорист. Бесабаб нест, ки бузургони ирфону адаб ва фалсафаи исломӣ аз Саноӣ гирифта то шайх Маҳмуди Шабистарӣ ҳама барои табйини ин макулот ҳамвора ҷолиби дарандашти маснавиро баргузида ва дар ин ҷолиб доди маънои мавриди назари хешро ба ашкори гуногун додаанд”.
Дуруст аст, ки ифодаи андешаҳои фалсафию ирфонӣ дар ғазал, ки дорои маҳдудиятҳо муъайянест, канда-канда, ба мисли дурахш ва шарораи оташ сурат мегирад. Аммо бозтоби ин масъалаҳо дар маснавӣ ботафсилтару доманадортар аст. Аз ин рӯ, дарк ва дарёфти онҳо дар ғазал душвортару дар маснавӣ осонтар аст. Вале бо ин наметавон гуфт, ки забони ғазал, аз ҷумла ғазали ҳиндӣ барои ифодаи мавзӯъҳои мазкур бегона ва носозгор аст. Масъалаҳои фалсафию ирфонӣ хоси танҳо маснавӣ набуда, дар тамоми жанру намудҳои назму наср ифода ёфта метавонанд. Дар осори Мавлавии Рум, Ҳофизи Шерозӣ, Шамсиддини Ироқӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра ғазалҳои ҳакимонаву орифона оё каманд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё