ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ба ақидаи Ҳасани Ҳусайнӣ, дар шеъри Бедил илова бар печидагиҳои маънавӣ, ки ба мазмуну муҳтавиёти осораш марбутанд, печидагиҳои шакливу услубӣ низ ба назар мехӯранд. Бархе аз онҳо,
-таъкид мекунад муаллиф,
-аз вижагиҳои сабки ҳиндӣ бармеоянд.
“Шеъри сабки ҳиндӣ,
-идома медиҳад муаллиф,
-шеъре дардошност ва дарки он мусталзами ошноӣ бо калидҳо ва қарордодҳои роиҷ байни шоъирони ин сабк аст, ки ба мурури замон дар шеъри сабки ҳиндӣ ҷову макони хосе барои худ даступо кардаанд. Аз ин рӯ, агар хонандаи ин шеър бо равобити ашёӣ ва зарфиятҳои тамсилии асомӣ ва калимоти хосу истилоҳоти забонии ин сабк ошноии кофӣ надошта бошад, аз дарки шеъри ҳиндӣ ва лаззатҳои маънавии ҳосил аз мукошафаҳои шоъирони ин сабк маҳрум мемонад. Барои дарки шеъри ҳиндӣ бояд алифбои онро омӯхт ва рамузи онро фаро гирифт. Филмасал агар касе аз иртиботи пунбаву мино, катону маҳтоб, қумриву сарв, шарору теша, ҳубобу дарё, ҳумову устухон, оинаву занг, теғу об, шамъу гоз, баҳлаву шикор, пайғому кабӯтар, чунуну занҷир, шонаву синаи чок ва садҳо намунаи дигар ба шакле ҳамаҷониба муталеъ набошад, ҳатто аз фаҳми тамоми камоли шеъри содагӯёни ин сабк бенасиб хоҳад монд. Чӣ расад ба шеъри тӯфонзада ва ҳазоргӯи Бедил, ки худ хештанро “чунуниншо” ва “ҳайратофарин” мехонад”.
Образҳои дугонае, ки муаллиф зикр кардааст, воқеъан, дар шеъри сабки ҳиндӣ хеле зиёданд. Вале онҳо хоси фақат ин сабк нестанд. Ба ин образҳо дар осори шоъирони сабкҳои пешин низ дучор омадан мумкин аст. Барои мисол чанд байтро зикр намудан мумкин аст:
Поям аз хиттаи фармони ту берун нашавад,
Сарам ар пеши ту чун шамъ бибурранг ба гоз.
(Анварӣ)
Хумой бар сари мурғон аз он шараф дорад,
Ки устухон хӯраду ҷонвар наёзорад.
(Саъдӣ)
Ба пеши сарви худам роҳ нест, эй қумрӣ,
Туро чӣ ғам, ки сари сарв ошёнаи туст.
(Мушфиқӣ)
Ҳасани Ҳусайнӣ дар фароварди мақолаи хеш аз кӯшишҳои маъниёбӣ ва мазмунофаринии шоъирони сабки ҳиндӣ, аз ҷумла Бедил, ёдовар шуда таъкид кардааст, ки “талошҳо барои ҷустани мазмуни ноёб баъзан ба бурузи забони ноёб низ” сабаб шудаанд. Мурод аз “забони ноёб” ҳамон таркибот ва бофтҳои хосест, ки Шафеъии Кадканӣ зикр кардааст.
Душворӣ ва дандоншикании шеъри Бедил, шояд сабабҳои зиёд дошта бошад, ки номбар кардани онҳо алҳол ғайри имкон бошад. Он чӣ, ки дар ин бора гуфтаанд ва ҳар чӣ, ки мо дар ин хусус гуфтанӣ ҳастем, фарогири танҳо баъзе сабабҳо шуда метавонанд.
Эътироф бояд кард, ки андешаҳои мо дар ин бора кашфиёт ё худ мушоҳидаҳои тоза нестанд. Он чӣ ки мо мегӯем, дигарон, аз ҷумла онҳое, ки ақидаҳояшон баррасӣ гардид, низ гуфтаанд. Аммо ба таври пароканда ё ки дар шакли ишора ва тезис. Навиштаҳои мо гуфтаҳои дигаронро ё ҷамъбаст менамоянд ё ин ки инкишоф медиҳанд.
Зоҳиран, душвории забони Бедил бештар ҷанбаи субективӣ дорад. яъне, ин хусусияти осори ӯ, пеш аз ҳама, ба худи ӯ вобаста аст. Ё аз табиъати осораш бармеояд ё аз ҳунари шоиъирӣ ва ибтикороташ дар забони форсӣ.
Умдатарин сабаби душвории шеъри Бедил, чунон ки устод Айнӣ ва устод Халилӣ навиштаанд, ба мазмун ва маъонии худи он алоқаманд аст. Шоъир дар бахше аз осори худ масъалаҳоеро ифода намудааст, ки бе дониши муайян ва бе омодагии пешакӣ фаҳмидани онҳо душвор аст. Ин масъалаҳо ё худ ин мавзӯъҳо, чунон ки муҳаққиқи мазкур Ҳасани Ҳусайнӣ гуфтааст, ба зоти худ “барои баён шудан ниёз ба тафсил ва тавзеҳу ташреҳ доранд”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё