ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ҷолиби диққат аст, ки ба масъалаи душвории шеъраш ва сабабҳои он худи шоъир низ ишораҳои зиёде намудааст. Аз ҷумла навиштааст:
Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
Ба фаҳми рози ту, Бедил, чӣ мумкин аст расидан?
Ҳамин бас аст, ки тимсолрас шуд оинаи мо.
Машқи маъниям, Бедил, бар табоеъ осон нест, Сар фурӯ намеояд фикри ман ба ҳар зону.
Бедил дар байти зерин таъкид мекунад, ки сабабаи душвории маънӣ ва мушкиллии матлабаш он аст, ки ӯ аз забони дигар кас, аз забони маҳбуб, маҳбуби ҳақиқӣ сухан мегӯяд:
Ғаври маъниям душвор, фаҳми матлабам мушкил, Бедил, аз забони ӯст, ин мане ки ман дорам.
Шоъир дар байти дигар иддаъо дорад, ки маънии ӯ аз қудрати фаҳми хонанда ба дараҷот баландтар воқеъ гардидааст. Маънии ӯ хирмани моҳ бошад, хонанда мӯрест, ки аз ин хирман хиёли дона рабудан дорад:
Маънӣ аз ҳавсалаи фаҳм баланд афтодааст,
Хирмани моҳ ҳамон донакашонаш мӯранд.
Бедил дар ҷойҳои дигар сабаби душвории шеъри худро дар нозукии маъноҳои он мебинад ва ба хонанда таъкид менамояд, ки барои дарки он тааммул ва тафаккур ба кор бибарад:
Ғунча шав, бӯи гули тарзи каломам нозук аст, Бе тааммул нест мумкин кас ба ин иншо расад.
Бе саъйи тааммул натавон ёфт садоям,
Ҳуш дор, ки тори нафаси набз сақим аст.
Эй ғофил аз назокати маънӣ, тааммуле,
Маҳро касе шинохт, ки сайри ҳилол кард.
Муфти ғаввоси тааммул гуҳари маънии бикр, Дафтари Бедили мо хислати қулзум дорад.
Фурсате бояд, ки ибрат гирӣ аз мактуби мо, Сафҳаи оташзада ҳарфаш шарардунбола аст.
На танҳо мазмунҳои баланду маъниҳои борик боъиси душворфаҳмии шеъри Бедил шудаанд, балки калимаву ибораҳои нозук низ ранги мазмунро дигаргун карда, онро ба назари хонанда бегонаву ноошно сохтаанд:
Бедил, ашъорни ман аз фаҳми касон пӯшида монд, Чун иборат нозук афтад, ранги мазмун мешавад.
Сабаби дигари душворфаҳмии шеъри Бедил вобаста ба ибтикорот ва тасарруфоти ӯ дар забон аст. Яъне, мушкилии фикри ӯ ба чанде аз хусусиятҳои забонии осораш низ алоқаманд мебошад. Яке аз он хусусиятҳо, чунон ки Кадканӣ ва Ҳасани Ҳусайнӣ навиштаанд, корбурди калимаҳои мураккаби серҷузъа мебошад. Дар осори Бедил хусусан дар шеъри ӯ, ба калимаҳои мураккабе дучор омадан мумкин аст, аз се-чор ва ҳатто аз 5-6 тогӣ калимаи сода сохта шудаанд. Дар бузургтарин маснавии ӯ “Ирфон” калимаҳоеро мебинем, ки аз яктогӣ мисраъи тамом иборат мебошанд. Аз ин навъи калимаҳо се мисолро зикр намудан мумкин аст:
Дӣ ба дайри хаёл барҳамане,
Шӯъладарҷайбиҷустучӯфикане.
Бо ҳарифони дард посух дошт,
Қиссаи ибрати таносух дошт.
Бориш ангехт жола дар доман,
Сангбарсоғаригулобафкан.
Аз хадам баргузид фитнафане
Барқдархонумонидилфикане.
Хонандае, ки ба осори шоъир, ба услуби ӯ ошно нест, ҷузъҳои алоҳидаи ин гуна калимаҳоро аз ҳам ҷудо мехонад ва дар натиҷа аз ин ё он байт маъное берун оварда наметавонад. Бигирем ин байти шоъирро:
Саъйи дайруҳарамбаҳонаи мо,
Бурд моро бурун зи хонаи мо.
Фаҳмидани ин байт вақте муяссар мегардад, ки калимаҳои “дайр”, “ ҳарам” ва “баҳона” ҳама чун як калимаи мураккаб якҷоя хонда шаванд. Маънии байт чунин аст, ки ба умеди зиёрати дайру ҳарам аз тавофи хонаи худ, яъне аз наздикӣ ҷустун ба дили худ, маҳрум мондаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё