Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё худ Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ-муаллифи тазкираи «Миръоти воридот»
овардааст, ки Бедил қабл аз он, ки ба лашкари Аъзамшоҳ бипайвандад, чанд муддат дар мулозимати Мирзо Сулаймон ном шахс ба сар бурдааст.
Муаллифони тазкираҳои дигар ба ин мазмун ишора накардаанд. Вале аз як номаи худи Бедил бармеояд, ки навиштаи мазкури Ворид беасос нест. Дар байни Бедил ва Мирзо Сулаймон, воқеъан, як навъ робита ва алоқае вуҷуд доштааст.
Пеш аз он, ки ба маълумоти тазкираҳо дар бораи Бедил ошно шавем, зарур аст, ки доир ба онҳо чанд сухани муқаддимотӣ гуфта гузарем.
Манбаъҳои адабӣ ва таърихие, ки дар бораи Бедил маълумот доранд, ба эътибори замони таълиф, ба се аср – асрҳои XVII, XVIII, XIX тааллуқ доранд. Аз ин рӯ, ахбори онҳо аз нигоҳи арзишу аҳамият дар як поя намебошанд. Асарҳое, ки дар қарни XVII ва ибтидои қарни XVIII таълиф шудаанд, дар тадқиқи ҳаёту эҷодиёти шоир дорои аҳамият ва арзиши бештаре ҳастанд. Ба ин гурӯҳи сарчашмаҳо тазкираҳои Шералихони Лудӣ «Миръотулхаёл»
(соли таълиф 1690-91), Муҳаммадафзали Сархуш «Калимотушшуъаро» (1682-1696), Кшанчанди Ихлос «Ҳамешабаҳор» (1723-24), Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ «Миръоти воридот» (1733-34), Биндробандоси Хушгӯ «Сафианаи Хушгӯ» (1724-1734) ва ғайра дохил мешаванд. Аксари муаллифони ин асарҳо Бедилро борҳо дида ва аз файзи сӯҳбати ӯ баҳравар гардидаанд. Масалан, Хушгӯ, ки аз шогирдони Бедил аст, бино бар қавли худаш, беш аз ҳазор бор сӯҳбати ӯро дарёфтааст. Ё худ шарҳе, ки Шералихони Лудӣ дар аҳволи шоир нигоштааст, аз назари худи ӯ гузаштааст.
Гурӯҳи дигари манбаъҳо асарҳое ҳастанд, ки тақрибан 30-40 сол баъд аз вафоти Бедил ба миён омадаанд. Табиист, ки ин асарҳо доир ба аҳволи Бедил маводи тозаро камтар фаро гирифтаанд. Вале аз нигоҳи он, ки муаллифони ин асарҳо баъзе ҷиҳатҳои шеъри Бедилро арзёбӣ намуда, ба мавзӯъоту хусусиятҳои забонии осори ӯ ишора кардаанд, арзишу аҳамияти онҳо кам нестанд. Тазкираҳои Мирғуломалии Озод «Сарви озод» (1752-53) ва «Хазонаи омира» (1762-63), Алиқулихони Волеҳ «Риёзушуъаро» (1747), Сироҷиддин Алихони Орзу «Маҷмаъуннафоис» (1751) ва боз чанд асари дигар аз ҳамин қабиланд.
Бахши саввуми сарчашмаҳо, қатъи назар аз замони таълиф ва ҳаҷми маълумот, манбаъҳои дуввумдараҷа ба шумор мераванд. Дар асоси ин манбаъҳо роҷеъ ба зиндагии шоир тасаввуроти зарурӣ ҳосил намудан душвор аст. Асарҳои Мирҳусайн Дӯсти Санбаҳлӣ «Тазкираи Ҳусайнӣ» (1750), Муҳаммад Ҳакимхони Қӯқандӣ «Мунтахабуттаворих» (1859), Абӯмуталлибхоҷа Фаҳмии Самарқандӣ «Тазкираи Фаҳмӣ» (1860-61) аз ҷумлаи ҳамин гуна сарчашмаҳо мебошанд.
Ва ниҳоят, қисми чаҳоруми сарчашмаҳо асарҳои талфифӣ ё худ компелятивӣ мебошанд.
Маълумоти ин гуна манбаъҳо дар асоси маъхазҳои дигар, аниқтараш, дар асоси манбаъҳои ду гурӯҳи аввал фароҳам омадаанд. Ба ин гурӯҳ асарҳои Абдулваҳҳоби Ифтихор «Тазкираи беназир» (1758-590), Алӣ Иброҳимхони Халил «Суҳуфи Иброҳим» (1790-910), Абӯтолибхони Исфаҳонҳ «Хулосатулафкор» (1790-1793), Ҳусайкулихони Азимободҳ «Ништари ишк» (1817-1818), Кудратуллоҳи Тӯпомӯҳ «Натоиҷулафкор» (1842-1843).
Муҳаммадсидиқи Ҳасанхон «Шамъи анҷуман» (1875-76)-ро дохил намудан мумкин аст.

пешина
аз 250
навбатӣ