Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мисоли дигар:
Бедил, лаби он баргигуландом надорад
Шаҳде, ки тавонад ба хаёлаш магас афтад.
Аз калимаи “баргигуландом” ҷузъи “андом” агар ҷудо хонда шавад, мисраъи аввал чунин маъно медиҳад, ки лаби он маҳбуб андом, яъне шаклу сурат ё худ намуди зоҳир надорад. Дар ин ҳолат робитаи байни мисраъҳо канда мешавад ва маънои умумии байт ошкор намегардад.
Боз як мисол:
Шӯълаи идрок хокистаркулоӣ афтодааст,
Нест ғайр аз боли қумрӣ пунбаи минои сарв.
Ин байт аз ғазалест, ки чанде аз шоъирони асрҳои 18-19 ба он мухаммас бастаанд. Яке аз он мухаммасҳо мухаммаси Мирзо Олимҷони Ҳасрат аст, ки дар китоби “Мероси адабии шоъирони Ҳисор” (Душанбе, 1974, саҳ. 65) ба табъ расидааст. Мураттиби китоб марҳум Амирбек Ҳабибов мисраъи аввали байтро дар ин шакл овардааст:
Шӯълаи идроки хокистар кулоҳ афтодааст.
Аз ин шакли мисраъ ҳеҷ гуна маъно барнамеояд. Мисраъ вақте маъно медиҳад, ки калимаҳои “хокистар”-у “кулоҳ” якҷоя навишта шаванд. Яъне шӯълаи ақлу идрок (дар муқобили оташи ишқ) аз хокистар кулаҳ пӯшидааст, ё худ хомӯш шуда, ба хокистар табдил ёфтааст. Шоъир шӯълаи ҳанӯз хомӯш нашудаи идрокро ба дарахти сарв, ҳолати ба хокистар табдил ёфтани онро ба қӯмрии бар сари сарв нишаста ташбеҳ дода, сипас ҳам шӯълаи аз хокистар кулаҳ пӯшида ва ҳам сарви бар сар қумрӣ доштаро ба минои пунбадардаҳон монанд кардааст.
Ваҷҳи монандии шӯълаву сарву мино ростӣ ва қадкашидагии онҳо бошад, сабаби мушобаҳати хокистару қумриву пунбаи даҳони мино якрангии онҳост.
Боз як мисоли дигар:
Рамиваҳшинигоҳи ман ғуборангези ҷавлон шуд, Саводи дашти имкон шӯхии чашми ғизолон шуд.
Шахси ба услуби шоъир ноошно таъбири “рамиваҳшинигоҳи ман”-ро дар шакли “рами ваҳшӣ нигоҳи ман” мехонад. Дар натиҷа аз ибора маънои акс бармеояд. Яъне чунин маъно бармеояд, ки шоъир нигоҳи худро ба рамидани оҳувони ваҳшӣ монанд кардааст. Дар ҳоле ки мақсади шоъир тавсифи нигоҳи маъшуқ аст. Яъне, маъшуқи ман, ки нигоҳаш ба рамидани оҳувон монанд аст, ба хиромидану ҷавлон задан шурӯъ намуд. Аз хирому ҷавлони ӯ гарду ғубор ба миён омад ва аз ин гарду ғубор саводи (масоҳати, вусъати) дашти имкон ба шӯхии чашми ғизолон табдил ёфт. Ба таъбири дигар, саводи дашти имкон аз гарди ҷавлони маъшуқи ман пайдо шуд.
Дар осори Бедил дар қатори калимаҳои мураккаби серҷузъа ба ибораҳои изофии серҷузъа низ дучор омадан мумкин аст. Ин навъи ибораҳо аз ибораи маъмули забон бо он фарқ мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо аз чор ва панҷтогӣ калима таркиб ёфтаанд. Бинобар ин мо онҳоро бо номи ибораҳои изофии таркибӣ ёд мекунем.
Намунаи ибораҳое, ки аз чортогӣ калима иборат мебошанд, инҳоянд:
Кабоби хомсӯзи оташи ҳасрат:
Кабоби хомсӯзи оташи ҳасрат диле дорам,
Ки ҳар ҷо бенавое сӯхт, дудаш сар кашид ин ҷо.
Ҷоми уммеди назаргоҳи хумор:
Ҷоми уммеди назаргоҳи хумор аст ин ҷо,
Ҳалқаи доми ту хамёзашикор аст ин ҷо.
Адабпарвардагони ёди тамкини ту:
Аз адабпарвардагони ёди тамкини тӯем,
Мӯи чинӣ мефурӯшад нола дар кӯҳсори мо.
Муқими пардаи номуси фақр:
Муқими пардаи номуси фақр бояд буд,
Куҷост даст, ки бардорӣ остини ҳубоб.
Шарми рӯсиёҳии аъмоли зист:
Аз шарми рӯсиёҳии аъмоли зишти хеш
Ба рух кашидаем зи дасти дуъо ниқоб.

пешина
аз 250
навбатӣ