Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шабнами лутфи каримони ҷаҳон:
Шабнами лутфи каримони ҷаҳон барқ асту бас, Ғайри оташ нест дар сарчашмаи хуршед об.
Фиреби ҷилваи найранги зиндагӣ:
Фиреби ҷилваи найранги зиндагӣ нахӯрӣ,
Ки шустаанд аз ин сафҳа ғайри нақши сароб.
Ҳамқофилаи ҳайрати саршори нигоҳ:
Ҳамқофилати ҳайрати саршори нигоҳем,
Гарди раҳи мо сурма ба овози ҷарас рехт.
Қофилаи беҷараси мақсади таслим:
Дар қофилаи беҷараси мақсади таслим
Бетоқатии набзи талаб ҳарзадароист,
Намунаи ибораҳое, ки панҷтогӣ калимаро дар бар кардаанд:
Маҳви рангинии гулзори тамошои ту:
Маҳви рангинии гулзори тамошои туам,
Аз нигаҳ то мижаам арзи хиёбони гул аст.
Масти хаёли майкадаи наргиси ту:
Масти хаёли майкадаи наргиси туем,
Шӯри ҷунун кунад қадаҳи шаробро.
Шаҳиди интизори ҷилваи теғи кӣ?
Шоҳиди интизори ҷилваи теғи киям, ё раб,
Ки чун шамъам зи як гардан баландӣ мекунад сарҳо.
Хароби майкадаи олами хаёли ту:
Хароби майкадди олами хаёли туем,
Чӣ машрабӣ, ки қадаҳнӯш кардаӣ моро.
Тавре ки аз мисолҳои зикршуда пай бурдан мумкин аст, ин навъи ибораҳо низ фаҳмидани матлаби шоъирро мушкил кардаанд. Бо сабаби тафсил ёфтани ҷузъҳои тобеъи ибораҳо дарки маъноҳои онҳо душвор шудааст. Хусусияти характерноки ин ибораҳо он аст, ки ҷузъҳои тобеъашон дар баробари вазифаи тобеъӣ доштан ба вазифаи ҷузъи асосӣ низ омада метавонанд. Чунончӣ, дар ибораи “масти хаёли майкадаи наргиси ту” ҷузъи асосӣ калимаи “маст” аст. Калимаҳои дигар ҳама нисбат ба он ҷузъҳои тобеъанд. Дар баробари ин калимаи “хаёл” низ нисбат ба калимаҳои минбаъда ҷузъа асосист. Ҳамин тавр калимаҳои “майкада” ва “наргис” низ ҳам ҷузъи асосӣ ва ҳам ҷузъи тобеъ шуда метавонанд.
Аз ҷумлаи сабабҳои душвории фикри Бедил чанд сабабе, ки зикр кардем, ҳама сабабҳое мебошанд, ки ба мазмуну мӯҳтавиёт ва забону услуби осори ӯ вобастаанд. Дар доираи эҷодиёти шоъир ин сабабҳоро сабабҳои объективӣ гуфтан мумкин аст.
Дар радифи сабабҳои мазкур як сабаб ё худ як омили дигар низ мавҷуд аст, ки бар хилофи сабабҳои зикршуда характери сирф субъективӣ дорад. н омил он аст, ки Бедил дар баъзе мавридҳо ихтиёран ё худ қсдан ба баёни душвори фикр ва ифодаи печдарпечи мақсад рӯй овардааст. Яъне, ӯ кӯшиш кардааст, ки “ғаври маъният душвор” ва “фаҳми матлабаш мушкил” бошад. ӯ ин тарзи баёнро зоҳиран, бо мақсади нишон додани ҳунари шоъириаш ихтиёр кардааст. Ҷолиби диққат аст, ки ӯ аз ин мақсади худ хонандаро баъзан огоҳ низ намудааст. Чунончӣ дар байти зерин навиштааст, ки мақсади маъниҳои равшанро ба имову ишора ифода карданаш санҷидани фитрати ёрон аст:
Ҷуз имтиҳони фитрати ёрон мурод нест,
Бепарда маъние, ки ба имо навиштаем.
Илова бар ин, чунон ки маълум аст, Бедил бузургтарин намояндаи сабки ҳиндӣ ба шумор меравад. Печидагии маъно ва душворфаҳмии мазмун аз мушаххасоти асосии сабки мазкур аст. Азбаски дар забони Бедил сабки ҳиндӣ сабки пешрав ва ҳукмрон буд, таъсири он бар осори шоъир амри табиъӣ мебошад. Бедил дар сабки ҳиндӣ осори фаровоне эҷод намуда, барои сода ва омафаҳм шудани он на фақат кӯшиш накард, балки бо андешаҳои амиӣ, мазмунҳои баланд, маъноҳои нозук, таъбироти латиф, ташбеҳу истъораҳои нав онро душвортару печидатар гардонид. Беҳуда нест, ки муҳаққиқони адабиёти форсӣ сабки Бедилро авҷи сабки ҳиндӣ ва забони асарҳои ӯро душвортарин забони адабии тоҷик донистаанд.

пешина
аз 250
навбатӣ