Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ БАЪЗЕ НУСХАҲОИ
ХАТТИИ ОСОРИ БЕДИЛ
Нусхаҳои хаттии осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) дар аксари шӯъбаҳои шарқии китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуданд. Бо сабабҳои маълум муъайян кардани теъдоди дақиқи онҳо аз имкон берун аст. Аз ҷумлаи нусхаҳои то кунун маълуми осори Бедил аксарашон дар китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳфуз мебошанд. Чунончи, дар китобхонаҳои шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Тошканд, Санкт Петербург, Ашқобод ва Боку беш аз ҳазор нусхаи хаттии осори шоирро дидан мумкин аст.
Дар ин мақола доир ба ҳамаи нусхаҳои хаттӣ, ки бевосита ё ба ин ё он восита ба мо маълуманд, сухан карданӣ нестем. Ин кор, аз як тараф, боъиси тӯл кашидани сухан гардад аз тарафи дигар, он қадар зарурат ҳам надорад. Мақсади мо дар ин ҷо тавсифи мухтасари чанд нусхаест, ки аз ин ё он ҷиҳат арзиш ва аҳамияти хосаеро доро мебошанд. Чун матни илмӣинтиқодии осори Бедил то кунун таҳия нашудааст, огаҳӣ аз ҳама гуна нусхаҳои нодир ва муътабар аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Баъзеи нусхаҳо барои он мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтаанд, ки ба қалами худи Бедил китобат шудаанд. Сабаби ошноӣ ба гурӯҳи дигари нусхаҳо ин аст, ки онҳо нусхаҳои ба истилоҳ қадим мебошанд, яъне ё дар аҳди худи шоир китобат шуданд ё дар солхои наздик ба замони зиндагиии ӯ баррасӣ аз гурӯҳи саввуми нусхаҳо ба ин ҷиҳат аст, ки дар онҳо баъзе қайду ишораҳои ҷолибро пайдо намудан мумкин аст.
Азбаски нусхаҳои хаттии маҷмӯъи осори Бедил, яъне куллиёти ӯ, ангуштшумор мебошанд, суханро аз тавсифи онҳо шурӯъ менамоем. Мукаммалтарин ва қадимтарин нусхаи хаттии куллиёти Бедил нусхаест, ки дар зодгоҳи шоир шаҳри Патна, дар Китобхонаи оммавии Худобахш, ки бо номи Китобхонаи Банкипур низ маълум аст, дар ду ҷилд маҳфуз мебошад. Ин нусха дар асари Мавлавӣ Абдулмуқтадир «Феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ ва форсии Китобхонаи омавии шарқии Бангипур» (Ҷилди 3, Калкутта, 1912) зери №381, 382 тавсиф шудааст. Бино бар тавсифи муаллифи феҳрист, нусха дар байни солҳои 1134-1136 ҳиҷрӣ (1721-1724 милодӣ) китобат шуда, ҷилди авали он аз асарҳои насрии «Чорунсур», «Руқаъот» ва девони ашъори лирикии шоир иборат мебошад. Дар девони шоир илова бар ғазалу қасида, таркиббанду тарҷеъбанд чанд маснавии кӯчаке чун «Танбеҳулмуҳаввисин»
низ дохиланд. Дар феҳристи Муқтадир девони шоир ба панҷ бахши зерин: муқаддимаи девон, таркиббанд, маснавии «Танбеҳулмуҳаввисин», рубоъиёти ҳазл ва ғазалиёт тақсим шудааст. Ба таъбири дигар гӯем, дар феҳристи Муқтадир танҳо қисматҳои мазкури девон зери унвонҳои алоҳида омадаанд. Дар ҳоле ки дигар нусхаҳои хаттии девони Бедил навъҳои дигари шеърӣ-қасида, қитъа, мухаммас, тарҷеъбанд ва ғайраро низ фаро гирифтаанд. Ба назар чунин мерасад, ки дар дохили қисматҳое, ки Муқтадир зикр кардааст, навъҳои дигари шеърӣ низ мавҷуданд. Чунончи, аз теъдоди абёти он қисмати девон, ки ба таркиббанди шоир оғоз меёбад, пай бурдан душвор нест, ки дар ин бахш дар қатори таркиббанди ишоир, ки 630 байт аст, навъҳои дигари шеърӣ, ба мисли тарҷеъбанд ва қасоиду қитъа низ дарҷ гардидаанд, Зеро, бино бар нишондоди Муқтадир, бахши мазкури девон беш аз панҷ ҳазор байт аст.

пешина
аз 250
навбатӣ