Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин, гумони ғолиб бар он аст, ки бахши дигаре, ки бо маснавии «Танбеҳулмуҳаввисин» шурӯъ мешавад, маснавиҳои дигари шоир-«Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер» ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ»-ро низ дарбар кардааст.
Ашъоре, ки дар ин бахш омадааст, тибқи навиштаи Муқтадир, наздик ба ҳазор байт аст. Дар ҳоле ки маснавии «Танбеҳулмуҳаввисин» ҳам дар нусхаҳои дигари хаттӣ ва ҳам дар нашрҳои маълуми куллиёти шоир – нашри Сафдарӣ, нашри Кобул ва нашри Теҳрон-аз дусад байт андаке бештар аст. Вале ҳаҷми умумии «Танбеҳулмуҳаввисин», «Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер» ва «Сифати даҳону гуфтори маъшуқ» наздик ба 900 байт аст, ки ба навиштаи Муқтадир мутобиқат менамояд.
Дар феҳристи Муқтадир аз мухаммасҳои шоир низ ёд нашудааст. Мухаммасҳои ӯ, шояд, бе унвони алоҳида дар дохили ғазалиёт ҷойгир шуда бошанд. Чунин ҳолатро дар нусхаҳои дигари девони ӯ, аз ҷумла дар нусхаи № 52\22 Архиви миллии Афғонистон ва нусхаҳои 565, 489 Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан мумкин аст.
Ҷилди дуввуми нусхаи мазкури куллиёт иборат аст аз девони рубоъиёт, маснавиҳои «Тури маърифат», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат» ва «Ирфон». Тавре ки мебинем, рубоъиёти Бедил ҷузъе аз девони умумии ӯ набуда, балки дар девони алоҳида ҷамъ омадаанд. Сабаби ин кор, яъне дар девони алоҳида ҷой додани рубоъиёт, шояд, фаровони теъдоди онҳо бошад.
Бедил дар қатори рубоъиёти маъмулӣ, ки девони мустақиланд, як идда рубоъиёти дигар низ навиштааст, ки дар нусхаҳои хаттӣ ва чопҳои куллиёти ӯ бо унвонҳои «Рубоъиёти ҳазл»
ва «Рубоъиёти қайди воқеъа» мундариӣ мебошанд. Ин гурӯҳи рубоъиёти шоир, тавре ки дидем, бахше аз девони умумии ӯ ҳастанд.
Нусхаи мазкури куллиёти Бедил қадимтарин ва дар айни ҳол комилтарин нусхаи хаттии осори ӯ мебошад. Масалан, ҳаҷми ғазалиёти ин нусха наздик ба 30 ҳазор байт аст. Ҳамаи маснавиҳои шоир низ нусхаҳои комил ба назар мерасанд. Аз ҷумла маснавии «Муҳити аъзам», ки дар аксар нусхаҳои хаттӣ ва ҳамаи чопҳои сангӣ аз ду ҳазор байт андаке бештар аст, дар ин ҷо, чун дигар нусхаҳои комил, беш аз шаш ҳазор байт мебошад.
Чунонки гуфтем, нусхаи куллиёт дар байни солҳои 1134-1136 ҳиҷрӣ (1721-1724) китобат шудааст. Чунончи, таърихи китобати «Чорунсур» шаҳри зулҳиҷҷаи 1134 (сентябри 1722) қайд шуда, санаҳои китобати «Руқаъот» ва «Тилисми ҳайрат» зикр наёфтаанд. Боқӣ ҳамаи асарҳо-девони умумӣ, девони рубоъиёт, «Тури маърифат», «Муҳити аъзам» ва «Ирфон» дар соли 1136 (1723-1724) рӯйнавис шудаанд. Котиби нусха Муҳаммадворас ибни Муҳаммадбоқари Сиддиқӣ ном шахс аст. Ӯ санаи китобати «Чорунсур»-ро чунин ба қалам додааст: «Шаҳри зулҳиҷҷаи санаи 1134 як ҳазору яксаду сию чори ҳиҷрӣ ба хати аъҷазулибод Муҳаммадвдорас ибни Муҳаммадбоқар ал-Сиддиқӣ ба итмом расид».
Муҳаммадворас илова бар нусхаи мазкури куллиёт чандин нусхаи дигари осори Бедилро низ китобат кардааст, ки бо баъзеи онҳо шинос хоҳем шуд.
Тавре ки мебинем, нусхаи мазкури куллиёти Бедил ба ғайр аз «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт» ном асарҳои шоир тамоми мероси манзум ва мансури ӯро дарбар кардааст. Сабаби аз ин нусха берун мондани «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт» дар чист? Иллати ин ҳодиса, ба ақидаи мо, он аст, ки «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт» аслан асарҳои мустақил набуда, мусаввадаи баъзе қисматҳои осори Бедил мебошанд. Ба назар чунин мерасад, ки Бедил маводи ин асарҳоро дар давраҳои гуногуни зиндагиаш дар шакли нукта, ҳикоят ва ишорат эҷод карда, ҳангоми таҳрири ин ё он асари худ аз ин маводи тайёр истифода кардаааст. Зеро тамоми порчаҳои манзум ва аксари пораҳои мансури ин ду асарро дар «Чорунсур» ва маснавиҳои «Тури маърифат», «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам» ва «Ирфон» пайдо намудан мумкин аст. Аз пораҳои мансури «Никот» танҳо 19 нуктаро метавон зикр кард, ки дар ҳеҷ кадоме аз асарҳои шоир роҳ наёфтаанд. Асарҳои мустақил набудани «Никот» ва «Ишороту ҳикоёт»-ро ин факт ҳам таъйид менамояд, ки Бедил дар осори худ аз ин ду асар боре ҳам ёд накардааст. Дар ҳоле ки ӯ дар «Чорунсур» ва «Руқаъот» аз тамоми асарҳои маълумаш-девони ашъор, «Тилисми ҳайрат», «Тури маърифат», «Муҳити аъзам», «Ирфон»

пешина
аз 250
навбатӣ