ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
ва «Чорунсур»-ёд намудааст. Қобили зикр аст, ки аз муаллифони тазкираҳо низ касе аз ин ду асар ёдовар нашудааст. Дуруст аст, ки баъзеи муаллифон аз мавҷудияти нусхаҳои қадими «Никот» хабар додаанд. Масалан, Нурулҳасани Ансорӣ-муаллифи китоби «Адаби форсҳ дар аҳди Аврангзеб (Деҳлӣ, 1969) навиштааст, ки дар Китобхонаи марказии Ҳайдаробод нусхае аз «Никот» мавҷуд аст, ки соли 1091 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1680 милодӣ рӯйнавис шудаааст.
Аммо мавҷудияти нусхаи қадими «Никот» ба асари мустақил будани он далел шуда наметавонад. Зеро аз имкон дур нест, ки он никоту ҳикоёт ва ишороте, ки зикр шуданд, дар шакли мусаввада низ боқӣ монда бошанд.
Акунун суоле ба миён меояд, ки нусхаи куллиёти Бедил, ки дар Китобхонаи Худобахш маҳфуз аст, аз рӯи кадом нусха истинсох шудааст?
Чун таърихи китобати ин нусха ба замони зиндагии Бедил наздик аст ва чун тарзи китобати он чормисроъӣ, яъне дар ҳар саҳифа чор сутун шеър дорад, гумони ғолиб бар он аст, ки ин нусха аз рӯи нусхаи аслии куллиёти Бедил китобат шуда бошад. Нусхаи аслии куллиёти Бедил, ба қавли шогирд ва ҳамнишини доимии шоир Биндробандоси Хушгӯ, ба таври чормисроъӣ китобат шуда будааст. Хушгӯ дар ин бора дар тазкираи худ «Сафинаи Хушгӯ» чунин навиштааст: «Куллиёте аз он ҳазрат ёдгор аст, ки шумори тамоми абёти он наваду нӯҳ ҳазор байт аст. Ва онро дар ҳини ҳаёти худ чормироъӣ нависонида, авроқи вазн карда, чаҳордаҳ сери мутаъориф ба вазн даромад» (Саинаи Хушгӯ, Патна, 1959, с7123).
Қобили зикр аст, бо ин гуна қадамот ва мукаммалӣ, ки хоси нусхаи мазкур аст, нусхаи дигаре то ба ин рӯз маълум нест. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи матни илмӣ-интиқодии осори Бедил ин нусхаи куллиёт набояд аз мадди назар дур бошад ва ҳатто месазад, ки асоси матни илмӣ - интиқодии осори шоир қарор бигирад.
Чанд нусхаи дигари куллиёт, ки ба мо маълуманд, нусхаҳои қарни XIX мебошанд.
Чунончи, нусхаҳое ки дар китобхонаҳои шаҳри Тошканд маҳфузанд, ҳама дар асри X1X китобат шудаанд. Қадимтарини онҳо нусхаи китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон аст, ки зери № 2858 маҳфуз мебошад. Таърихи китобати ин нусха 1216 (1801- 1802) буда, девони ашъор, маснавиҳои «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Ирфон», асарҳои насрии «Чорунсур» ва «Никот»-ро дарбар кардааст. Дар феҳристи китобхонаи мазкур «Собрание восточных рукописей АН Уз ССР» (Том2, Ташкент, 1954) дар тавсифи ин нусхаи куллиёт илова бар «Чорунсур» асарҳои дигаре бо номҳои «Фавоиди хамӯшӣ», «Сурмаи эътибор», «Баҳористони ҷунун», «Ҳуҷуми ҳайрат», «Нағмаи ваҳдат» ва «Гудринома» низ зикр ёфтаанд. Асарҳои мазкур, ба ғайр аз «Гудринома», ҳама рисолаҳои мустақили мансур ҳастанд, ки дар якҷоягӣ бахши саввуми «Чорунсур»-ро ташкил додаанд.
Яъне қисматҳои ҷудогонаи унсури саввуми «Чорунсур» мебошанд. «Гудринома, бар хилофи панҷ рисолаи мазкур, асари мустақил набуда, балки ҷузъи манзуми як номаи шоир аст. Ин нома дар «Руқаъот»-и шоир мавҷуд аст ва чунин унвон дорад: «Дар таҳнияти ирсоли гудрӣ, ба Шукрулоҳхон».
Нусхаи дигаре, ки дар ҳамин китобхона маҳфуз асту аз нигоҳи ҳаҷм нисбат ба нусхаи якум комилтар мебошад, нусхаи № 1880 аст, ки дар соли 1267 (1850-1851) китобат шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё