ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Мундариҷаи ин нусха иборат аст аз девони ғазалу қасида ва дигар ашъори лирикӣ, маснавиҳои «Ирфон», «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифт» ва асарҳои насрии «Никот»-у «Руқаъот».
Қайд кардан лозим аст, ки дар иддае аз нусхаҳои хаттии куллиёти Бедил «Рамзу имо» ном маснавии шоири асри XVII Мунири Лоҳурӣ низ дохил шудааст, ки нусхаи № 1880 аз ҷумлаи онҳост.
Дар баъзе нусхаҳои дигари куллиёти Бедил, аз ҷумла, дар нусхаи № 1487 Тошканд, ду маснавӣ бо номҳои «Миръотуллоҳ» ва «Сайри Ҳирот» зикр гардидаанд. «Миръотуллоҳ»
бахше аз маснавии «Ирфон» аст, ки дар он ҷо низ бо ҳамин ном, мундариӣ мебошад. «Сайри Ҳирот» асари маъруфи Бедил «Тури маърифат» аст, ки дар баъзе нусхаҳои хаттӣ иштибоҳан бо ин ном низ дучор меояд.
Нусхае аз куллиёти Бедилро дар Музеи таърихии шаҳри Панҷакент низ дидан мумкин аст.
Нусха зери № 186 маҳфуз буда, ғазалиёт, таркиббанду тарҷеъбанд, рубоъиёт, «Никот», порае аз «Чорунсур», бахше аз маснавии «Муҳити аъзам» ва иддае аз ашъори мутафарриқаро дарбар кардааст. Бузургтарин бахши ин нусха бахши ғазалиёт аст, ки беш аз 20 ҳазор байт дорад. Котиби нусха Мирзо Муҳаммадносир ибни Бобомӯъмин ва санаи китобаташ 1257 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1841-1842 милодӣ мебошад. Ин нусха бо вуҷуди ноқис буданаш баъзе шеърҳоеро низ фаро гирифтааст, ки дар нашрҳои комили куллиёти шоир-нашри Сафдарӣ ва нашри Кобул-ба назар намерасанд. Рубоъии зерин, ки «Дар реҳлати фарзанд» унвон дорад, аз ҳамин қабил шеърҳо мебошад:
Эй чарх, ба ҳаққи ҷӯш ин майхона,
Яъне ба хурӯши оқилу девона,
Берун набарӣ зи анҷуман шамъи маро,
Оташ назанӣ ба хонаи парвона.
Гуфтан лозим аст, ки дар ин нусха ба шеърҳое низ дучор омадан мумкин аст, ки сабку услубашон ба сабку услуби Бедил монандӣ надоранд. Яъне, ҷолибан, моли шоирони дигар мебошанд. Яке аз ин гуна шеърҳо ғазали панҷбайтаи бемақтаъест бо ин матлаъ:
Шаб, ки банди ниқоб во кардӣ,
Ду ҷаҳон чашм мубтало кардӣ.
Як нусхаи куллиёти Бедилро дар захираи дастхатҳои шарқии шаҳри Боку дидан мумкин аст. Нусха дар феҳристи захираи мазкур, ки бо номи «Элйазмалары каталогу» (1 ҷилд, Боку, 1963) ба табъ расидааст, тавсиф шудааст. Вале аз он тавсиф фаҳмида намешавад, ки ин нусха нусхаи куллиёт аст ё нусхаи ягон асари дигари шоир? Аз тавсифи мазкур ин қадар маълум мешавад, ки бахши аввали он ҳовии «Никот»-и шоир мебошад.
Сурати тавсиф ин аст:
«Мирзо Абдулқодири Бедил, Куллиёт, Таърих 1220=1805. Котиб Муҳаммадлатиф. Хатнастаълиқ-шикаста. Оғоз-Агар мункири нубуват наӣ, бо хатарот… Анҷом-Бираҳматика ё арҳамарроҳимин, омин. Мазмун-куллиёт, Андоза-25х41см. ҳаҷм 450 варақ».
Нусхае аз куллиёти Бедилро дар захираи дастхатҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Россия (Санкт Петербург) мебинам. Ин нусха, ки зери №Е-18 маҳфуз аст, аз ҷумлаи нусхаҳои нисбатан мукаммали куллиёт аст. Муқоисаи ин нусха бо нашри Сафдарии куллиёти шоир (Бамбай-1882) нишон дод, ки он аз рӯи ҳамин нашр истинсох шудааст.
Тафовут танҳо дар он аст, дар ин нусха унвонҳои асарҳо, хотимаи табъ, тақриз ва дигар маводи хоси нусхаҳои чопӣ партофта шудаанд.
Дар феҳристи мухтасари захираи мазкур, ки бо номи «Персидские и таджикские рукописи Института народов Азии АН СССР» (М. 1964) чоп шудааст, таърихи китобати нусха солҳои 1301-1325 ҳиҷрӣ нишон дода шудааст, ки ғалат мебошад. Тавре ки аз худи нусха бармеояд, китобати он солҳои 1301-1302 сурат пазируфтааст. Чизе ки муаллифони феҳристи мухтасарро ба иштибоҳ андохтааст, он аст, ки дар баъзе ҷойҳо аз адади чоррақамаи таърих як рақам афтидааст. Масалан, дар охири «Никот» таърихи китобат бо ҳуруф «ҳазору сесаду як» навишта шуда, баъди ин таъбир адади 131 сабт шудааст. Яъне ба ҷои 1301 131 омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё