ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ҳамин гуна ҳодиса дар поёни «Руқаъот» низ рух додааст. Дар ин ҷо ба ҷои 1302 132 сабт ёфтааст. Аммо дар охири «Рубоъиёт» санаи 1320 аст. Зоҳиран, ин ҷо низ адади 132 буда, ки касе дар охири он рақами сифрро илова кардааст. Ё худ котиб иштибоҳан дар ҳамин шакл навиштааст. Умуман ба муддати 24 сол идома ёфтани китобати як нусха ҳодисаи басо нодир мебошад.
Аз нусхаҳои хаттии куллиёти Бедил чанд адад дар Архиви миллии Афғонистон низ мавҷуд аст. Муҳимтарин ва мукаммалтарини онҳо нусхаест, ки зери № 52\22 маҳфуз мебошад. Ин нусха аз ғазалу мухаммас, қасидаву қитъа, маснавиҳои кӯчаки «Танбеҳулмуҳаввисин» ва «Сифати шамшер», муқаддимаи девон, «Никот», «Чорунсур», «Руқаъот», «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Ирфон» ва миқдори тахминан 200 рубоъӣ иборат аст. Тафовути назарраси ин нусха, пеш аз ҳама, он аст, ки муқаддимаи девон пеш аз «Никот» омадааст. Яъне он бахше аз «Никот» пиндошта шудааст. Ҳамчунин маснавии «Миръотуллоҳ», ки қисми таркибии «Ирфон» аст, ҳамчун асари мустақил дар алоҳидагӣ дарӣ гардидааст.
Яке аз бартариҳои ин нусха нисбат ба нусхаҳои дигари архив ин аст, ки он дорои матни комили маснавии «Муҳити аъзам» мебошад. Ҳамчунин дар ин нусха ду мухаммас ба назар мерасад, ки дар нусхаҳои чопии куллиёт дида намешаванд. Яке аз онҳо бо мисраъи «Дар ишқ ҷуз таҳайюрам афзун намешавад», дигаре бо мисраъи «Ёрон ҳубобвор нафас вом кардаанд»
оғоз меёбанд.
Вале ин нусха як камбудии ҷиддӣ низ дорад. Дар он чанд шеър аз шоирони дигар, аниқтараш, ду ғазал аз Файзии Даканӣ ва як ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ дохил шудааст.
Нусха дар байни солҳои 1245-1247 (1829-1832) дар шаҳри Тошқӯрғони Афғонистон китобат шудааст. Котиби нусха Муҳаммадқосим ибни мулло Шафеъулло ном шахс аст, ки нусхаро ҳасбуламри Муҳаммад Аминбек халафи Қиличалихони атолиқ ном амир китобат кардааст.
Нусхаҳои дигари куллиёт, ки дар Архиви миллии Афғонистон мавҷуданд, чи аз ҷиҳати ҳаҷм ва чи аз ҷиҳати замони китобат, аз нусхаи боло беҳтар нестанд. Аз ин рӯ аз баррасии онҳо худдорӣ менамоем.
Нусхаҳои хаттии девони Бедил
Пеш аз он ки дар хусуси нусхаҳои хаттии девони Бедил сухан ронем, хотирнишон менамоем, ки шоир девони аввалини худро дар сини 42-43 солагиаш, дар байни солҳои 1096- 1098 (1685-1686) мураттаб кардааст. Ин маънӣ бо мавҷудияти ду далел ба исбот мерасад.
Далели аввал як ғазали шоир аст бо матлаъи зерин:
Машшотаи шӯхе ки ба дастат дили мо баст,
Мехост чаман тарҳ кунад, ранги ҳино баст.
Шералихони Лудӣ, ки муъосир ва яке аз ҳамсӯҳбатони Бедил, дар тазкираи худ «Миръотулхаёл» навиштааст, ки ин ғазал дар таҳнияти ҳинобандии Мир Лутфуллоҳ – писари бузурги Шукруллоҳхони Хофӣ-гуфта шудааст.
Бедил дар ин ғазал дар баробари ситоиши шахси мамдуҳ ба ҳодисаи аввалин бор девон тартиб додани худ низ ишора кардааст. Ӯ дар мақтаъи ғазал гуфтааст:
Бедил, ту ҳам аз шавқ чаман шав, ки ба ин ранг Шерозаи девони ту имрӯз ҳино баст.
Бино бар мазмуни байти мазкур, замони навиштани ин ғазал ва замони тадвини девони шоир як вақт аст. Ин кадом вақт аст? Чунонки дар мақолаи «Муҳити аъзам» ва таърихи таълифи он» навиштам, таърихи ошноии Бедил бо яке аз ҳокимони аср-Шукруллоҳхони Хофӣ (вафоташ-1696) ва писарони ӯ соли 1096 (1685) аст. Ҳар шеъре ки Бедил дар мадҳи Шукруллоҳхони Хофӣ ё писаронаш Лутфуллоҳхону Иноятуллоҳхон ва Кароматуллоҳхон гуфтааст, ё дар ҳамин сол-соли 1096 (1685) эҷод шудаанд ё баъд аз ин таърих. Аз ҷумла ғазале ки матлаъ ва мақтаъаш дар боло оварда шуд, низ бояд дар ҳамин вақт иншо шуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё