Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Далели дигар мавҷудияти нусхае аз девони Бедил аст, ки дар соли 1098 ҳиҷрӣ (1686-16870 бо дасти худи ӯ китобат шудааст. Ин нусха феълан дар китобхонаи Донишгоҳи исломии Алигарҳ дар захираи Ҳабибганӣ маҳфуз аст. Дар асоси ин ду далел ба хулосае омадан мумкин аст, ки замони мураттаб шудани девони нахустини Бедил байни солҳои 1096-1098 (1686-1687) мебошад.
Аз нусхаҳои маълуми девони Бедил қадимтарини онҳо, чунон ки ишора шуд, нусхаи зикршудаи Ҳабибганӣ аст. Дар бораи ин нусха ду мақолаи алоҳида ба табъ расидааст. Яке мақолаест, ки дар шумораи январии соли 1934 маҷаллаи «Маъориф» (шаҳри Алигарҳи Ҳиндустон) чоп шудааст. Дигаре мақолаи Ёсинхони Ниёзӣ «Дар шинохти як нусхаи бебадали девони Бедил» аст, ки дар тасҳеҳ ва такмили мақолаи аввал иншо шудааст. (ниг.
маҷаллаи «Маъориф», Аъзамгарҳ. 1934, шумораи моҳи август).
Роҷеъ ба ин нусха баъзе ишораҳо дар рисолаи Абдулғанӣ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351) низ мавҷуданд.
Бино бар шаҳодати Ёсинхони Ниёзӣ, нусхаи мазкур дар соли 1098 ҳиҷрӣ (1686-1687) бо дасти худи Бедил китобат шудааст ва анвоъи гуногуни шеър: ғазал, рубоъӣ, мухаммас ва ғайраро дарбар кардааст. Нусха аз 5346 байт иборат мебошад. Тавре ки аз тадқиқоти мазкури Абдулғанӣ бар меояд, нусхаи Ҳабибганӣ замоне дар ихтиёри шогирди Бедил шоири маъруфи асри XVIII Анандроми Мухлис (ваф. 1751) қарор доштааст. Мухлис дар саҳифае аз он ибороти зайлро сабт намуда, ба хати Бедил будани онро таъкид кардааст. Ӯ навиштааст: «Ба дастхати Мирзо Бедил алайҳураҳма. Фақир Анандроми Мухлис аз назари Мирзосоҳиб гузаронида, ин маънӣ ба сиҳҳат расида» (ниг. Абдулғанӣ, саҳ. 104).
Анандроми Мухлис дар ҷои дигар низ аз ин нусхаи девони Бедил ёд кардааст. Ӯ дар ҳошияи чанд байт аз ду ғазали Бедил, ки ба дасти худи шоир китобат шудаанд, дар ин бора чунин навиштааст: «Ё файёз, ин сафҳа ба дастхати Мирзо Абдулқодири Бедил аст. Зоти муборакашон саромади соҳибкамолони рӯзгор дар интихоби варақгардониҳои лайлу наҳор буд. Роқим Анандроми Мухлис муддате мадид ашъори худ аз назари маънипарвараш гузаронида ва ба перояи ислоҳ расонида. Дар китобхонаи фақир девони эшон ба дастхати эшон аст ва ба сурату маънӣ ҳарду ба ҷилва омада. Шабеҳи эшон равнақафзои варақи охири девон аст» (Ориёно, Кобул, 1333, бурҷи ақраб).
Тавре ки мебинем, ба қавли Мухлис, дар варақи охири нусхаи китобхонаи ӯ сурати шоир низ мавҷуд будааст. Аммо он сурат дар нусхаи Ҳабибганӣ ба назар намерасад. Аз эҳтимол дур нест, ки суратро касе аз байн бурдааст.
Аз ҷумлаи нусхаҳои хаттии девони Бедил нусхаи дигареро зикр намудан лозим аст, ки ба эътибори баъзе хусусиятҳо мунтахаби девони қадими шоир мебошад. Ин нусха нусхаи № 715 китобхонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Нусха ба хати настаълиқи моил ба шикаста дар коғази абрешимӣ рӯйнавис шуда, 414 саҳифаро дар бар гирифтааст ва дар ҳар саҳифааш даҳтогӣ байт ҷойгир аст. Бо тавофут аз нусхаи Ҳабибганӣ ин нусха танҳо аз ғазазлу рубоъӣ иборат буда, 510 ғазал (4000 байт) ва 26 рубоъӣ дорад.
Бахши ғазалиёт бо ғазали машҳури «Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо» оғоз меёбад ва бо ғазали «Набарӣ гумон, ки яъне ба худо расида бошӣ» поён мепазирад. Қисмати рубоъиёт бо рубоъии «Фарёд ки ҷаҳл буд фаҳмидани мо»… сар шуда, бо ду байти зерин ба охир мерасад:
Рафтӣ чу май аз соғару дигар нанишастӣ,
Эй ашк, даме бар мижаи тар нанишастӣ.

пешина
аз 250
навбатӣ