ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бедил, ҳама тан ҳалқа шудӣ, лек чӣ ҳосил?
Бар хок нишастиву бар он нанишастӣ.
Ду байти охир рубоъӣ набуда, матлаъ ва мақтаъи ғазале ҳастанд, ки дар дигар нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои девон пурра дарӣ гардидааст. Равшан кардан душвор аст, ки ин ду байт матлаъ ва матқаъи ғазали нотамоманд, ё ки интихобан дар охири қисми рубоъиёт оварда шудаанд?
Бино бар санае, ки дар варақи охири нусха мавҷуд аст, китобати он 1102 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1690-1691 мелодист. Қобили зикр аст, ки ин сана дар охири нусха паиҳам се бор дарӣ гардидааст. Ду бори аввал фақат рақами 1102 ва бори саввум сана бо номи котиб дар ин шакл: «Таммалкитоб биавни маликулваҳҳоб. Сана 1102. Котиби ин нусха роҷии заъиф Муҳиддин ибни мулло Муҳаммадлатиф.
Шуд ба тавфиқи худои лониём ин китоб рӯзи душанбе шамом».
Чунон ки мебинем, нусха, гӯё, 32 сол пеш аз вафоти муаллиф истинсох шудааст ва дар байни нусхаҳои хаттии осори Бедил яке аз қадимтаринҳо ба шумор меравад.
Муаллифи ин сатрҳо ба ин нусхаи девони Бедил ҳанӯз соли 1974 дучор омада будам. Он вақт аз мушоҳадаи санаи китобати нусха хеле шод гаштам ва дар борааш мақолаи ҷудогонае навишта, ба мақсади муъайян кардани навъи коғаз нусхаро ба чанде аз донишмандони дастхатштнос, аз ҷумла ба профессор Аҳрор Мухторов, фозили мӯҳтарам Аскар Ягонӣ ва муҳаққиқи машҳур О. Ф. Акимушкин нишон додам. Ҳар сеи ин мутахассисон ба таърихи китобати нусха ба назари шубҳа нигаристанд. Онҳо изҳор намуданд, ки ин нусха нусхаи асри XVII нест. Чи аз рӯи намуди хат ва чи аз нигоҳи навъи коғаз нусха ба охири асри XVIII ва ҳатто ба асри XIX таъаллуқ дорад. О. Ф. Акимушкин тахмин намуд, ки имкон дорад, нусха аз рӯи нусхаи қадиме рӯйбардор шуда бошад. Ва он таърихе, ки дар охири нусха сабт аст, таърихи китобати ҳамон нусхаи қадим бошад.
Чун дар мавриди таърихи китобати нусха шакку шубҳа ба миён омад, мо низ аз нашри мақола дар бораи он худдорӣ намуда, доир ба он то ба имрӯз чизе нагуфтем. Ҳоло ки умуман нусхаҳои хаттии осори Бедил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ба хотир овардани онро низ лозим донистем. Зеро дар сурати нусхаи асрҳои XVIII-XIX будан ҳам он дорои чандин бартариҳо мебошад. Аввалан, агар ин нусха, воқеъан, аз рӯи нусхаи қадиме рӯйнавис шуда бошад, пас яқинан мунтахабе аз девони қадим шоир аст. Нусхаҳои мунтахаби девони қадим ниҳоят камшуморанд. Сониян, ин нусха дар такмил ва пурра сохтани девони ғазали Бедил низ судманд хоҳад буд. Дар он ғазалҳое мавҷуданд, ки дар нашрҳои комили осори шоир – нашрҳои Сафдарӣ (Бамбай, 1299), Кобул (1341-1344) ва Теҳрон (1376) ба назар намерасанд.
Инак матлаъҳои чанде аз ин қабил ғазалҳоро дар ин ҷо сабт менамоем:
Тааммул то чӣ дар гӯш афканад паймонаи моро, Навое нест дар хотир шикаси ранги миноро.
Умрест шӯълабории ашки равони мо,
Ку гарди ҳайрате ки бигирад инони мо?
Тарки тарабам ишрати бебаргунавоист,
Чун обила болиданам аз тангқабоист.
Чун шамъ барорад мижаам тори шарар мавӣ,
Ҳамчун пари парвона занад лахти ҷигар мавӣ.
Чаро баланд набошад чу шиша гардани мавӣ,
Ки бехудист дили офият ба кардани мавӣ.
Пас аз ошноӣ бо нусхаҳои мунтахаби девони қадими Бедил ба тавсифи нусхае аз матни комили он пардохтан мумкин аст. Ин нусха дар китобхонаи Индия-Оффиси Лондон маҳфуз аст ва нусхаи девони қадим буданаш дар варақи охири он қайд гардидааст. Тавсифи мухтасари нусха дар ҷилди якуми «Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии китобхонаи Индия Оффис» (Оксфорд, 1903, саҳ. 910) мавҷуд аст. Бино бар шаҳодати муаллифи феҳрист Ҳерман Эте, нусха 15 зилқаъдаи 1106 ҳиҷрӣ, мутрбиқ ба 22 июни 1695 милодӣ, яъне 26 сол қабл аз вафоти муаллиф дар Шоҳиҷаҳонобод (Деҳлии имрӯза) китобат шудааст. Котиби нусха хоҷа Бобоқаландари Қодирӣ ном шахс аст. Нусха бо муқаддимаи мансур оғоз шуда, бахшҳои ғазалу қасида ва рубоъиро дарбар кардааст. Бахши ғазалиёт бо ғазали «Нафас ошуфта медорад чу гул ҷамъияти моро», бахши қасоид бо қасидаи «Дар ҳарими хок моро мӯи пирӣ раҳбар аст» (Саводи аъзам) ба бахши рубоъиёт бо рубоъии «Ҳамди ду ҷаҳон сазост субҳонеро» оғоз меёбанд. Ҳаҷми умумии нусха тахминан 8-9 ҳазор байт аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё