Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллифи феҳристи мазкур пас аз тавсифи нусха илова кардааст, ки девони қадими Бедил дар соли 1287 дар якҷоягӣ бо «Никот», «Руқаъот» ва «Чорунсур» ба табъ расидааст. Дар ин ҷо манзури муаллифи феҳрист яке аз нашрҳои маъруфи куллиёти Бедил аст, ки дар соли 1287 (1870) дар Лакҳнав чоп шудааст. Ин нашр, воқеъан, девони ғазалиёт ва се асари мазкури шоирро дар бар кардааст. Нашри мазкур бори дуввум дар соли 1292 (1875) дар Конпур низ чоп шудааст. Девони ғазалиёти Бедил дар ин нашрҳои куллиёт бо бисёр хусусиятҳояш ҳам аз нашрҳои дигари девон ва ҳам аз нусхаҳои хаттии он тавофутҳои ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, фикри Эте дар хусуси нашри девони қадим будани он аз ҳақиқат дур наменамояд. (Дар хусуси ин нашри куллиёт нигар: ба мақолаи «Аз таърихи нашри осори Бедил»).
Агар нусхаҳои хаттии девони Бедилро аз рӯи таърихҳои китобати онҳо аз назар гузаронем, саввумин нусхаи қадими девон нусхаи китобхонаи Донишгоҳи шаҳри Карочии Покистон хоҳад буд. Бино бар шаҳодати муаллифи китоби «Китобхонаҳои Покистон»
(Ҷилди 1, Исломобод, 1977) Муҳаммад Ҳусайни Тасбеҳӣ, ин нусхаи девони Бедил «Мусаввадаи девони қадим ва ҷадид» ном дошта, ба хати худи Бедил китобат шудааст. Дар бораи ин нусха мақолаи ҷудогонае низ мавҷуд аст, ки ба қалами муҳаққиқи маъруфи Афғонистон Абдулҳай Ҳабибӣ таъаллуқ дорад (Ниг.: А. Ҳаибӣ, Девони Бедил бо хати ӯ?- маҷаллаи «Адаб» Кобул, 1355, №3).
Ба қавли Ҳабибӣ, нусха даҳи рамазони 1108 (2 апрели 1696) дар шаҳри Шоҳиҷаҳонобод (Деҳлии имрӯза) китобат шудааст. Он аз 866 саҳифа иборат буда, ҳар саҳифааш дорои ду ҳошия мебошад. Дар мобайни саҳифаҳо ва дар ҳошияи аввал девони мураттаби ғазалу қасоид ва рубоъиёт ҷоӯ гирифта, то саҳифаи 846 идома ёфтааст. Дар охири саҳифаи 846 таърихи китобати девони мураттаб сабт ёфтааст. Дар мобайни ҳар саҳифа 15 сатр, яъне 15 байт ва дар ҳар саҳифаи ҳошияи аввал 14 байт ҷойгир шудааст. Ҳаҷми умумии девони мураттаб, ки дар мобайни саҳифаҳо ва ҳошияи аввал омадааст, 22842 байт мебошад. Ҳашт саҳифаи авали девонро муқаддимаи мансуре ишғол намудааст, ки бо ин ҷумла оғоз меёбад:
«Ҳамди мубдиъе, ки тараддуди анфоси аъёни кайфу кам мавқуфи таҳрирест аз сарангушти иродати ӯ».
Пас аз девони мураттаб ва сабти таърихи китобати он 796 байт дар охири нусха ва 2766 байти дигар дар ҳошияи дувуми нусха афзуда шудааст. Нусха умуман аз ғазалу қасидаву рубоъӣ ва ашъори мутафарриқа иборат буда, ҷамъан 26404 байтро фаро гирифтааст.
Хати нусха «нимшикасти хуб ва аксари он ғайри манқут аст, ки шахсе ноошно бо сабки Бедил онро ба заҳмат тавонад хонд» (А. Ҳабибӣ).
Коғази нусха кашмирии хокист. Тамоми саҳифаҳои он дар ҳолати хуб боқӣ мондаанд. Дар саҳифаи авали нусха дар қатори чанд мӯҳри дигар ду мӯҳри подшоҳи вақти Ҳиндустон Муҳаммадшоҳ (1131-1161 (1719-1748) низ мавҷуд аст. Мавҷудияти ин мӯҳрҳо далел бар он аст, ки ин нусха замоне дар ки обхонаи шоҳӣ нигаҳдорӣ мешудааст. Нусха то соли 1947, яъне то замони тақсими Ҳинду Покистон, дар яке аз китобхонаҳои Ҳиндустони ҷанубӣ маҳфуз будааст.
А. Ҳабибӣ нусхаро муфассал тавсиф намуда, дар баробари ин масъалаи ба хати Бедил таъаллуқ доштани онро ба зери шубҳа гузоштааст. Бино бар қавли Ҳабибӣ, дар саҳифаи аввали нусха навиштаҷоти зерин мавҷуд аст:

  1. Мусаввадаи девони қадим ва ҷадид. Фақир Бедил 2. Девон. Мусаввадаи хос ба қалами мусанниф. Харида. Маърифати девон – 125. Дохил шуд: 1279 (1862-1863).
пешина
аз 250
навбатӣ