ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чунончи, зикри Бедил аз тазкираҳои «Суҳуфи Иброҳим» ва «Ништари ишқ» асосан ҳамон аст, ки Хушгӯ навиштааст. Ё худ, маълумотҳои «Тазкираи беназир», «Хулосатулафкор», «Натоиҷулафкор» ва «Шамъи анҷуман» такрори навиштаҳои Мирғуломалии Озод мебошанд.
Бад-ин тариқ, тазкираҳои ду гурӯҳи аввалро муҳимтарин ва пурарзиштарин манбаъҳо доир ба Бедил шуморидан мумкин аст. Дар баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки дар тазкираҳои ду гурӯҳи аввал низ баъзе иштибоҳоту норасоиҳо мавҷуданд, ки ҳангоми арзёбӣ аз маълумоти онҳо гӯшрас хоҳанд шуд.
Инак, шурӯъ менамоем ба баррасии маълумоти тазкиранигорон дар бораи Бедил. Аввалин муаллифе, ки доир ба Бедил маълумот додааст, соҳиби «Тазкираи Насрободӣ (1672-1679) Мирзотоҳири Насрободист. Маълумоти Насрободӣ қадимтарин ва дар айни ҳол кӯтоҳтарин шарҳ дар бораи Бедил аст. Ӯ навиштааст: «Абдулқодири бедилтахаллус, ӯ низ аз вилояти Лоҳур аст» (Ниг.: «Тазкираи Насрободӣ», нашри Ваҳиди Дастгаргӣ, с. 451).
Тавре ки хоҳем дид, фикри Насрободӣ дар хусуси аз Лоҳур будани Бедил иштибоҳ аст.
Сабаби ин иштибоҳ, зоҳиран, он аст, ки замоне, ки тазкираи Насрободӣ навишта мешуд, Бедил дар Лоҳур ва ноҳияҳои атрофии он машғули хидмати аскарӣ буд. Чунончи, дар солҳои 1085-1086 (1674-1675) дар Лоҳур ва Ҳасанабдол зистанаш ҳам аз як қитъаи худи ӯ ва ҳам аз номаҳои яке аз дӯстонаш Эзидбахши Расо (вафоташ 1707-1708) ба исбот мерасад.
Манбаъи дигаре, ки роҷеъ ба Бедил маълумоти нисбатан муфассалро дар бар кардааст, тазкираи Шералихони Лудӣ «Миръотулхаёл» аст. Яке аз афзалиятҳои маълумоти Лудӣ он аст, ки ин маълумот, чунон ки гуфтем, аз назари худи Бедил гузаштааст. Муаллифи тазкира дар ин бора навиштааст: «Рӯзе ки муаллифи ин авроқ таърифи Мирзо Бедил, ки боло марқум кардааст, ба карои мутоллааш даровард, асари башошат бар чеҳраи муборакаш пайдо гардид ва чун ба хона ташриф бурд, ин чаҳор ғазал ба хати худ навишта фиристод».
Маълумоти Шералихонро аз ду ҷиҳат дорои аҳамият ва арзиши баланд донистан лозим аст. Яке он, ки ӯ аввалин касест, ки аз мансубияти миллӣ ё худ қабилавии Бедил сухан кардааст. Бино бар навиштаи ӯ, Бедил аз қавми барлоси чиғатоист. Аксари тазкиранависони баъдина ва муҳаққиқони муъосир дар ин бора аз Шералихон пайравӣ кардаанд ва ин ақида то ба имрӯз мавриди тардид ва шакку шубҳа қарор нагирифтааст.
Ҷиҳати дигари маълумоти Шералихон зикри навкарии Бедил дар саркори Муҳаммад Аъзамшоҳ аст. Дар ин бора низ сухани аввалро ҳамин муаллиф гуфтааст. Ӯ навиштааст:
«Дар авоили шубоб чанд рӯз, бино бар маслиҳате, навкарии шоҳзодаи олиҷоҳ султон Муҳаммад Аъзамшоҳ ихтиёр карда, ба мансаби умда сарфарозӣ ёфта буд».
Муаллифи «Миръотулхаёл» дар бахши намунаҳо аз осори Бедил сабабҳои эҷод шудани ду ғазали ӯро низ гӯшрас намудааст. Ин нукта дар баробари аз робитаи Бедил бо баъзе аз амирони аср дарак додан, дар кори равшан сохтани чанд лаҳзаи ҳаёт ё эҷодиёти ӯ низ кӯмак расонида метавонад.
Матлаъи яке аз он ғазалҳо ин аст:
Кошона салои айш дардод,
Эй даҳр, тараб муборакат бод.
Бино бар қавли Шералихон, Бедил ин ғазалро дар таҳнияти кадхудоии Мириноятуллоҳ ном писари дӯст ва ҳомии худ Шукруллоҳхони Хофӣ гуфтааст. Ҳар мисраи ин ғазал таърих аст, ки аз он санаи 1101 (1189-1190) бармеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё