ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Девони Мирзо Бедил. Гузаронида шуд. Муҳаммад Бурҳоналихон. Муқаддимаи шаҳри рамазони 1206 (охири апрели 1792).
- Арзи мурарар дида шуд. Мӯҳр: Маҳороҷа Макишрой, 1203 (1788-1789).
- Куллиёти девони Мирзо Абдулқодри Бедил. ба қалами хоси мусанниф.
Дар саҳифаи аввал илова бар навиштаҷоти мазкур як мӯҳр бо номи Рой Ҳиммат (санаи мӯҳр 1123 (1711-17120 ва ду мӯҳр бо номи Муҳаммадшоҳ подшоҳи ғозӣ» низ дида мешавад.
Ҳабибӣ навиштааст, ки аз навиштаҷоти мазкури саҳифаи аввали нусха танҳои сатри аввал, яъне таъбири «Мусаввадаи девони қадим ва ҷадид. Фақир Бедил» ба хати матни девон монанд аст. Вале ҷои ибораи «Фақир Бедил»-илова кардааст Ҳабибӣ,
- қадре сиёҳ аст ва аз он маълум мешавад, ки иборатеро маҳв карда, ба ҷойи он ин калимотро навиштаанд. Бино бар ин,
-таъкид намудааст Ҳабибӣ, - калимоти «фақир Бедил» қадре машкук ба назар мерасад.
Ба қавли Ҳабибӣ, таърихи китобати нусха, ки дар охири он мавҷуд аст, дар ин шакл омадааст: «Даҳуми шаҳри рамазоналмубораки санаи 1108 як ҳазору яксаду ҳашти ҳиҷрати набӣ саллалоҳа алйҳи ва алоҳу дар балдаи Шоҳиҷаҳонобод ба таҳрир анҷомид. Алҳамду лиллоҳи».
Ҳабибӣ баъд аз зикри ин таърих навиштааст: «Дар тамоми матни китоб фақат ҳамин таърих мавҷуд аст. Вале зикре ва ишорате нест, ки нависандаи матн худи Бедил бошад…
Фақат ба унвони муқаддима ба хати сурх «Лироқима» мавҷуд аст ва бар варақи аввали он аз тарафи моликони мутаъаддиди он навишта шуда, ки ба қалами мусанниф, яъне Бедил бошад.
Вале ин даъво танҳо ки фоят намекунад, ки мо ин нусхаро ба хати худи Бедил бишуморем, то вақте ки як қаринаи хориҷӣ ва бурҳоне дигар бар он мавҷуд набошад».
Ҳабибӣ дар айни ҳол гӯшрас намудааст, ки хати нусха ба асли хати Бедил, ки ӯ дар Лоҳур ва Кобул дида будааст, шабоҳати зоҳирӣ дорад.
Дуруст аст, ки дар ин нусха санаде ки ба хати худи Бедил таъаллуқ доштани онро сареҳа исбот намояд, дида намешавад. Вале барои қатъиян рад кардани ин фикр низ далели кофӣ вуҷуд надорад. Баракс, мусаввадаи девон будани ин нусха, шабоҳати хати он ба хати Бедил, дар замони зиндагии шоир ва дар шаҳре, ки ӯ дар он иқомат дошт, китобат шуданаш ва ниҳоят шаҳодати хаттии чандин кас, ки дар варақи аввали нусха мавҷуд аст, имкон медиҳад тахмин намоем, ки нусха нусхаи асл аст. Далели дигари нусхаи асл будани он зикр нагардидани номи котиб аст. Ва ниҳоят, таъбири «ба таҳирир анҷомид» ки дар охири ҷумлаи таърихи китобат омадааст, ин тахминро тақвияти бештаре мебахшад. Чунон ки дар ҷои дигар дар мавриди нусхае аз маснавии «Муҳити аъзам» навиштаем, ибораҳои «таҳрир шуд», «ба таҳрир расид», ва ғайра дар бештари мавридҳо ба маънои эҷод шудан, таълиф гардидан, бори аввал ба рӯи коқаз омадан истеъмол мешаванд.
Аз ҷумлаи нусхаҳои қадими девони Бедил як нусха др Теҳрон, дар китобхонаи Мадрасаи олии Сипаҳсолор низ вуҷуд дорад. Ин нусха зери № 403 маҳфуз аст ва дар ҷилди дуввуми асари Ҳадоиқ ибни Юсуфи Шерозӣ «Феҳристи китобхонаи Мадрасаи олии Сипоҳсолор»
(кутуби хаттии форсиву арабиву туркӣ, Теҳрон, 1316-1318, саҳ. 572) тавсиф шудааст. Бино бар тавсифи муаллифи феҳрист, номи котиб ва соли китобати нусха қайд нашудаанд. Вале қароине ки дар худи нусха мавҷуданд, далел бар онанд, ки он барои худи муаллиф, яъне Бедил китобат шудааст ва «изофате ки дар ҳавошӣнигошта шуда, бо хати худи Бедил»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё