ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
таъллуқ дорад. Дар ҳошияи варқҳои 235-287 матни «Никот»-и шоир ҷой гирифтааст, ки хаташ ба хати нусхаи девон монанд аст. Яъне котиби ҳам нусхаи девон ва ҳам нусхаи «Никот» як шахс аст. Дар се варақи охири девон, ки пас аз китобати нусха холӣ мондаанд, «як-ду мактуб ва матолиби мутафарриқаи назму наср мавҷуд аст, ки «зоҳиран, ба хати худи Бедил» иншо шудаанд. Нусха ба хати настаълиқи хуб китобат шуда, бештари калимаҳо бенуқта нигошта шудаанд. Нусха аз 407 варақ иборат буда, ҳар варақ дорои 34 сатр, яъне 34 байт аст. Ҳаҷми умумии он наздик ба 13-14 ҳазор байт мебошад. »
Чандин нусхаи хаттии девони Бедилро дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ дидан мумкин аст. Дар феҳристи мухтасари нусхаҳоии хаттии ин донишгоҳ, ки бо номи «Список восточных рукописей фундаментальной библиотеки Самаркандского университета имени Алишера Навои» (составители А. Пулатов, Х. К. Ахроров. Самарканд, 1977) ба табъ расидааст, аксари онҳо бо санаҳои китобаташон зикр гардидаанд. Яке аз нусхаҳои ин донишгоҳ нусхаи қарни XVII қаламдод шудааст. Гумони ғолиб бар он аст, ки санаи китобат дар худи нусха сабт наёфтааст ва ин фикр тахмини мураттибони феҳрист аст. Аз ин рӯ худи нусхаро надида, ба ақидаи онҳо ҳамроҳ шудан душвор аст. Зоҳиран, қадимтарин нусхаи девони Бедил дар ин китобхона нусхаи соли 1184 (1770-1771) аст, ки дар шаҳри Бухоро китобат шудааст. Бо истиснои ду нусхаи мазкур нусхаҳои дигари девон, ки наздик ба 50 адад ҳастанд, ҳама дар асрҳои 13-14 ҳиҷрӣ рӯйнавис шудаанд.
Дар ҷилди саввуми «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» (Душанбе, 1983, саҳ. 31-32), ки Н.
Кароматуллоева тартиб додаст, чанд нусха аз девони Бедил низ тавсиф шудааст. Аз ҷумла дар тавсифи нусхаи №1759 ин китобхона омодааст, ки ин нусха дар соли 1114 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1702 милодӣ рӯйнавис шудааст. Вале дар асл ин тавр нест. Рақаме, ки мураттиби феҳрест онро санаи китобати девон ҳисобидааст, ба нусхаи девон умуман дахл надорад. Ин санан, ки дар асл 1116 мебошад, дар охири асари дигари шоир «Чорунсур», ки дар ҳошияи девон омадааст, сабт ёфтааст. Аммо ин рақам дар ин ҷо низ таърихи китобат набуда, балки таърихи таълифи «Чорунсур» аст, ки касе онро аз қитъаи таърихи таъсиси асар истихроӣ намуда, дар поёнии нусха сабт намудааст. (Доир ба ин нусха ниг. ба мақолаи «Нусхае аз девони Бедил»).
Дар асари Еарж Буркуй «Нусхаҳои хаттии Афғонистон» (Қоҳира, 1966 ба забони франсавӣ) аз ҷумлаи нухсаҳои хаттии Музеи Кобул нусхае аз девони Бедил тавсиф шудааст, ки зери № 225 маҳфуз будааст. Ба қавли Буркуй, ин нусха дар соли 1120 ҳиҷрӣ (1708-1709) китобат шудааст.
Феҳристи Буркуй тавсифи нусхаҳои хаттии панҷ китобхона - ки тоҳхонаи хусусии Муҳаммад Зоҳиршоҳ, Китобхонаҳои Музеи Кобул, Вазорати матбуот, Вазорати маориф ва Музеи Ҳиротро дарбар кардааст. Ба ғайр аз нусхаҳои Музеи Ҳирот нусхаҳои хаттии чаҳор китобхонаи дигар, ки дар шаҳри Кобул воқеъ буданд, ҳама дар Архиви миллии Афғонистон гирдоварӣ шуда, дар ҳамон ҷо ҳифз карда мешаванд. Муаллифи ин сатрҳо дар солҳои 1983- 1985 дар Кобул машғули хидмат будам ва дар ин муддат ба аксар нусхаҳои осори Бедил, ки дар Архиви миллӣ мавҷуданд, ошно шудам. Аммо ба нусхаи зикршудаи девон, нусхае, ки таърихи китобаташон 1120 ҳиҷрӣ бошад, дучор наёмадам. Аз ин рӯ, дар хусуси то кадом андоза воқеъият доштани фикри Буркуй чизе гуфта наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё