Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар Институти осори хаттии АИ ҷумҳӯрии Ӯзбакитсон низ чанд нусхаи қадими девони Бедил маҳфуз будааст. Дар ҷилди дуввуми феҳристи ин муассиса, ки аз тавсифи нусхаҳои форсӣ иборат мебошад, се нусха аз девони Бедил қайд гардидааст, ки дутои онҳо, гӯё, дар замони зиндагии шоир китобат шуда бошад. Яке нусхаи №3797\1 аст, ки санаи китобаташ 1125 ҳиҷрӣ (1713 милодӣ) нишон дода шудааст. Дигаре нусхаи № 3473, ки соли 1133 ҳиҷрӣ (1720 милодӣ) рӯйнавис шуда будааст (ниг. Каталог фонда Института рукописей АН Узб.
ССР. Том 2. Ташкент, 1988).
Дар китобхонаи Бодлеани шаҳри Оксфорди Британия низ як нусхаи қадими девони Бедил мавҷуд аст, ки 2 сафари 1138 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 10 октябри 1725 китобат шудааст. Нусха аз ғазалу рубоъӣ иборат буда, бахши ғазалиёт бо ғазали «Эй гарди такопӯи суроғи ту нишонҳо»
ва бахши рубоъиёт бо рубоъии «Он дам ик ҳақиқати қидам пайдо шуд» шурӯъ мешаванд (ниг. Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи Бодлеан, Қисми 3, Оксфорд, 1954, саҳ. 712).
Нусхаҳои зиёди девони Бедилро дар Ҷамъияти осиёии Бангола (шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон) низ мебинем, ки қадимтарини онҳо нусхаи соли 1141 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1728- 1729 милодист, ки бо дасти Абдулмӯъмин ибни Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадфозил ном шахс китобат шудааст (ниг. Вл. Иванов, Нусхаҳои хаттии форсии Ҷамъияти осиёии Бангола, Калкутта, 1924, саҳ. 181-182).
Нусхае, ки дар китобхонаи Индия Оффиси Лондон маҳфуз аст, 6 раҷаби 1144 ҳиҷрӣ (4 январи 1732) китобат шудааст. Ин нусха низ аз ду бахш – бахши ғазал ва бахши рубоъӣ иборат аст. Бахшт ғазалиёт бо ғазали «Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о ва бахши рубоъиёт бо рубоъии «Гардун дар хок агар нишонад моро» оғоз меёбад (ниг. Ҳерман Эте, Нусхаҳои хаттии форсии китобхонаи Индия Оффис, ҷилди 1, саҳ. 912).
Аз нусхаҳои қадими девони Бедил як нусха бо номи «Интихоби девони Мирзо Абдулқодири Бедил» дар Музеи Британия (Лондон) маҳфуз аст. Ҳаҷми нусха 166 варақ буда, мунтахаби ғазалу рубоъӣ ва мухаммасҳои шоирро дарбар кардааст. Матни нусха бо ғазале шурӯъ мешавад, ки матлаъаш ин аст:
Ба ҳар ҷабин, ки бувад сатре аз китоби ҳаё, Зи нуқтаи арақам дорад интихоби ҳаё.
Китобати нусха дар моҳи шаъбони 1145(январи 1733) дар қалъаи Авсои Дакан сурат гирифтааст. Соҳиби нусха яке аз шогирдон ва ҳомиёни Бедил ҳокими онвақтаи Дакан Низомулмулки Осафҷоҳ (ваф. 1748) будааст (ниг. Чарлз Рё. Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии Музеи Британия. ҷилди 2, Лондон, 1882, саҳ. 706).
Аз ҷумлаи нусхаҳои қадими девони Бедил як нусха (№ 592) дар китобхонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ мавҷуд аст, ки дар соли 1151 ҳиҷрӣ (1738- 1739) китобат шудааст. Санаи китобати он дар ду ҷой – дар варақи аввал ва дар поёни бахши ғазалиёт сабт гардидааст. Номи котиб ва маҳалли китобат зикр наёфтааст. Нусха мунтахаби ғазалу рубоъиёти шоирро дарбар кардааст. Агар нусхаи № 715 ҳамин китобхонаро, ки тавсифаш гузашт, истисно кунем, нусхаи № 592 дар байни нусхаҳои то кунун маълуми китобхонаҳои Тоҷикистон қадимтарин нусхаи девони Бедил хоҳад буд. Нусха, мутаассифона, аз баъзе ноқисиҳо холӣ нест. Чунончи, чанд варақи аввали бахши ғазалиёт пора шуда, баъзеи онҳо аз байн рафтаанд. Дар натиҷаи шикасту рехти нусха хондани баъзе ҷойҳои матн душвор гардидааст.

пешина
аз 250
навбатӣ