Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар байни дастхатҳои девони Бедил нусхаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо фаро гирифтани баъзе ишора ва қайдҳои ҷолиб аз дигар нусхаҳо фарқ мекунанд. Яке аз чунин нусхаҳо нусхаи № 565 Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсии Тоҷикистон мебошанд. Ин нусха мунтахаби ғазалиёту мухаммас ва рубоъиёти шоир буда, дар соли 1246 (1830-1831) китобат шудааст. Номи котиб ва маҳалли китобат зикр наёфтаанд. Пас аз қайди таърихи китобат чанд мухаммас ва як пора шеър бо номи «Гудринома», ки ҷузве аз як мактуби шоир аст, сабт ёфтаанд. Хати онҳо низ ба хати матни асосӣ монанд аст. Дар ин нусха низ чанд ғазали Файзии Даканӣ дохил гардидааст. Хушбахтона, дар ин ҷо касе хонандагонро аз ин иштибоҳ огаҳ кардааст. Масалан, дар ҳошияи ғазали «Меравад он шаҳсавор бурда зи ҷонҳо шикеб» чунин навиштааст: «Ин ғазал аз шайх Файзии Файёзист. Дар ин ҷо саҳван навиштаанд. » Ё худ дар ҳошияи ғазали «Эй зи хубони ҷафоҷӯ дар ситамкорӣ масал» ин ҷумларо сабт намудааст: «Ин ғазал аз шайх Файзии Файёзӣ мебошад, ки дар девонҳои дастхати Бедил саҳван навишта шудааст».
Ҳамчунин дар ҳошияҳои чанд варақи ин нусха ғазалҳое мавҷуданд, ки баъдтар аз тарафи каси дигаре илова шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин ғазалҳо дар нашрҳои ба мо маълуми девони Бедил пайдо намешванд. Яке аз онҳо ғазалест бо матлаъи зерин:
Бақо гирифт ба фарқам, наво муборак бод,
Қабо бурид ба қаддам, қабо муборак бод.
Аз ҷумлаи нусхаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон боз ду нусхаи дигарро метавон зикр кард, ки чун нусхаи № 565 дорои ғазалҳои иловагӣ мебошанд. Яке нусхаи № 445, ки ғазале дорад бо ин матлаъ:
Ба имо сухан карданатро бинозам,
Ба андоз дил бурданатро бинозам.
Дигаре нусхаи № 746, ки шомили ғазали зайл мебошад:
Маст бар сарам омад офати дилу ҳуше,
Соя бар сарам афканд моҳи ҳолаоғӯше.
Оразаш зи май гулгун, лаб зи пон чу ёқуте, Чеҳра сандалиранге, бо ҳаё ҳамоғӯше.
Зулфлайлатулқадре, субҳиидрухсоре,
Ҳусни чеҳрааш бадре, настаринбаногӯше.
Зудҷанг бадхӯе, дерсулҳ маҳрӯе,
Шӯхи анбаринмӯе, пуритобу пурҷӯше.
Ошёни Бедилро рахт сӯхт аз ҳайрат,
Дуд аз дилаш бархост ҳамчу шамъи хомӯше.
Бо иқтибоси мисолҳои мазкур мо гуфтанӣ нестем, ки ғазалҳои иловагӣ ҳама моли Бедиланд ва бояд ба куллиёти осори ӯ дохил карда шаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки қисме аз онҳо ё аксари онҳо ба шоирони дигар таъаллуқ дошта бошанд. Мақсад аз овардани мисолҳо он аст, ки чигунагии нусхаҳои хаттии девони шоир муъайян гардад, ҳусну қубҳи онҳо барои мутахассисон то андозае ошкор шавад.
Дар охири бахши нусхаҳои мунтахаби девони Бедил аз нусхае ёд мекунем, ки замоне дар китобхонаи шоҳии Берлин маҳфуз буд. Ин нусха дар ҷилди чоруми феҳристи Вилҳелм Перч «Нусхаҳои хаттии китобхонаи шоҳии Берлин» (Берлин, 1888, саҳ. 939) тавсиф шудааст.
Тибқи тавсифи Перч, нусха 143 варақ дорад, яъне нусхаи мунтахаби девони шоир аст.
Нусхаи қадим будан ё набуданаш маълум нест. Зеро дар феҳрист на номи котиб зикр ёфтаасту на санаи китобат. Вале он аз дигар ҷиҳат – аз ҷиҳати фарогирии навъҳои гуногуни шеърӣ-қобили зикр мебошад. Мундариҷаи он иборат аст аз муқаддимаи девон, таркиббанду тарҷеъбанд, қасида, тамхис, маснавӣ, ғазал ва рубоъӣ. Бахши қасида бо қасидаи «Бад-он расид тароват зи файзи боди баҳор», бахши тамхис бо мухаммаси «Чун саҳар то чанд чоки ғам ба пироҳан занам?», бахши маснавӣ бо манзумаи «Ало эй зиреҳпӯши зеварнигор», бахши ғазалиёт бо ғазали «Эй оинаи ҳусни таманнои ту ҷонҳо» ва бахши рубоъиёт, ки 136 байт аст, бо рубоъии «Ё раб, зи майи шавқ аёғе бифирист» шурӯъ мешаванд.

пешина
аз 250
навбатӣ