Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғазали дуввум, ба гуфтаи муаллифи тазкира, дар таҳнияти ҳинобандии Мирлутфуллоҳ – писари бузурги Шукруллоҳхон иншо шудааст, ки матлаъаш ин аст:
Машшотаи шӯхе, ки ба дастат дили мо баст, Мехост чаман тарҳ кунад, ранги ҳино баст.
Нуктаи ҷолибе, ки аз ин ғазал бармеояд, он аст, ки шоир дар баробари ситоиш аз шахси мамдӯҳ ба ҳодисаи аввалин бор девони ашъор тартиб додани худ низ ишора намудааст. Ӯ дар мақтаи ин ғазал овардааст:
Бедил, ту ҳам аз шавқ чаман шав, ки ба ин ранг Шерозаи девони ту имрӯз ҳино баст.
Тавре ки медонем, таърихи ошноӣ ва рафоқати Бедил бо Шукруллоҳхону писарони ӯ соли 1096 (1685-86) аст (Ниг.: Ба мақолаи «Муҳити аъзам ва таърихи таълифи он»).
Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки қадимтарин нусхаи хаттии девони Бедил, ки дар китобхонаи Донишгоҳи исломии Алигарҳ (захираи Ҳабибганӣ) маҳфуз аст, соли 1098 (1686- 87) китобат шудааст. (Ниг.: Ба мак. «Чорунсур доир ба баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил»).
Ба эътибори ин ду далел ва ба туфайли ишораи мазкури Шералихон, ба натиҷае омадан мумкин аст, ки девони нахустини Бедил дар байни солҳои 1096-1098 (1685-1687) мураттаб шудааст.
Факти ҷолиби дигаре, ки аз тазкираи Шералихон бармеояд, баҳси Бедил ва шоири дигари асри XVII Носиралии Сарҳиндист, ки дар атрофии як байти Бедил сурат гирифта будааст.
Шералихони Лудӣ манзараи он баҳсро чунин ба қалам овардааст: «Рӯзе Мирзоро дар маҷлиси наввоб Шукруллоҳхон бо шайх Носиралӣ иттифоқи сӯҳбат афтод ва ин ғазал:
Нашуд оинаи кайфияти мо зоҳиророӣ,
Ниҳон мондем чун маънӣ ба чандин лафзпайдоӣ.
дар миён омад. Шайх дар матлаъи он сухан кард ва гуфт:

  • Он чӣ фармудаед, ки «Ниҳон мондем чун маънӣ ба чандин лафзпайдоӣ», хилофи дастур аст. Чи маънӣ тобеъи лафз аст. Ҳар гоҳ лафз пайдо гардад, маънӣ албатта зоҳир мешавад.
  • Мирзо табассум карду гуфт: - Маъние, ки шумо тобеъи лафз медоред, он низ лафзе беш нест. Аммо он чӣ ман маънӣ мегӯям, мин ҳайсиҳо, маъниест, ки ба ҳеҷ лафзе дарнамеояд.
    Масалан, ҳақиқати инсон, ки бо ин ҳама шурӯҳу тафосил, ки дар кутуб мундариӣ аст, ҳеҷ макшуф нашуд.
    (Шайх сокит монд. Аммо дар абёти дигар ваҷд кард).
    Шералихони Лудӣ роҷеъ ба муносибати Бедил ва Носиралӣ маълумоти дигаре низ дарӣ намудааст. Ӯ дар бахши намунаҳо аз ашъори Носиралӣ пас аз иқтибоси ғазале бо матлаъи:
    Муқими кӯи ту сахтикашони дилтанганд,
    Ки нола гар бикунанд фош, оташи санганд.
    навишатаст: «Чун шайх Носиралӣ ғазале, ки дар садр марқум гардид, бигуфт, дар Шоҳиҷаҳонобод овоза дарандохт, ки ҳар кас ин ғазалро ҷавоб тавонад расонид, агар дар мулки сухан даъвои худоӣ кунад, ман ба вай имон меорам. Иттифоқан, ҳеҷ яке аз мавзунон лаб ба ҷавоб накушод, магар Ибрат ба ишораи Мирзо Абдулқодири Бедил ғазале бигуфт.
    Шайх баъд аз истимоъи он сукут варзид».
    Шералихон ғазали ҷавобии Аҳмади Ибратро низ дар бахши намунаҳо аз ашъори ӯ сабт намудааст. Ӯ пеш аз сабти ғазали Ибрат навиштааст: «Ин ғазал, ки навишта мешавад, дар ҷавоби Носиралӣ гуфта… Бояд ки соҳибназарон қофияи ҳарду ғазалро аз рӯи маънӣ мулоҳаза фармоянд… Шайх (яъне Носиралӣ – Б.Р.) некӯ фармуда».
    Ҳоло ғазали Носиралӣ ва ҷавоби Аҳмади Ибратро иқтибос намуда, муқоисаи онҳоро ба худи хонанда ҳавола мекунем:
    Носиралӣ:
    Муқими кӯи ту сахтикашони дилтанганд,
    Ки нола гар бикунанд фош, оташи санганд.
пешина
аз 250
навбатӣ