Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нусхаҳои хаттии осори мансури Бедил
Аз асарҳои насрии Бедил қадимтарин нусха нусхае аз «Никот»-и шоир аст, ки дар Китобхонаи марказии Ҳайдаробод (Дакан) нигоҳ дошта мешавад. Чунон ки дар бахши тавсифи нусхаҳои куллиёти шоир гуфтем, китобати ин нусха соли 1091 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1680 милодист. Такроран таъкид менамоем, ки ин нусха на танҳо қадимтарин нусха аз осори насрии Бедил аст, балки дар байни нусхаҳои қаламии тамоми осори ӯ низ мақоми аввал дорад. Китобхонае, ки ин нусха дар он маҳфуз аст, пештар бо номи Китобхонаи Осафияи Ҳайдаробод маъруф буд. Бунёдгузори ин китобхона яке аз ҳокимони вақти Дакан Низомулмулки Осафҷоҳ аст, ки дӯст ва шогирди Бедил мебошад. Аз эҳтимол дур нест, ки нусхаи мазкур аз они худи Осафҷоҳ бошад ва аз дасти худи Бедил ба ӯ расида бошад.
Нусхаи қадими дигари «Никот» дар шаҳри Тошканд, дар Институти дастхатҳои АИ ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст. Котиби нусха Абдурауфи Қандаҳорӣ ном дошта, нусхаро дар соли 1125 ҳиҷрӣ (1713 милодӣ) рӯйнавис кардааст (ниг. Каталог фонда Института рукописей АН Уз ССР Том. 2. Ташкент 1988).
Як нусхаи қадими «Никот»-ро дар ҳошияи девони шоир, ки дар Теҳрон, дар китобхонаи Мадрасаи олии Сипаҳсолор маҳфуз аст, дидан мумкин аст. Тибқи шаҳодати муаллифи феҳристи китобхонаи мазкур Ҳадоиқ ибни Юсуфи Шерозӣ, нусхаи «Никот» низ чун нусхаи девон ҳини дар қайди ҳаёт будани Бедил рӯйнавис шудааст.
Нусхае аз «Никот»-ро дар Музеи Британия пайдо намудан мумкин аст, ки китобаташ дар соли 1154 ҳиҷрӣ (1741-1742) сурат гирифтааст. (ниг. ба феристи Чарлз Рё, ҷилди 2, саҳ. 745).
Дар феҳристи Вл. Иванов «Нусхаҳои хаттии форсии Ҷамъияти Осиёи Бангола (захираи Сусоӣ, Калкутта 1924) се нусхаи «Никот» тавсиф шудааст, ки қадимтаринашон нусхаи соли 1182 (1768-1769) мебошад. Котиби нусха Ғуломаҳмад ном шахс аст.
Чанд нусхаи нисбатан қадими «Никот»-ро дар маркази шарқшиносии Россия шаҳри Санкт- Петербург дидан мумкин аст. Яке аз онҳо нусхаи соли 1202 ҳиҷрӣ (1787-1788 милодӣ) мебошад, ки дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри мазкур зери № 1264 маҳфуз аст. Ин нусха бо девони шоир ва бахше аз маснавии «Муҳити аъзам»-и ӯ дар як ҷилд аст.
Ду нусхаи дигари «Никот» дар Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Салтиков-Шедрин мавҷуд аст. Нусхаи № 448, ки дар соли 1217 (1802-1803) ва нусхаи № 319, ки дар соли 1221 (1806-1807) рӯйнавис шудаанд.
Пеш аз он ки дар бораи нусхаҳои хаттии бузургтарин асари насрии Бадил «Чорунсур»
сухан ронам, ишора ба як фикри баҳснокро зарур мешуморем. Гап дар сари он аст, ки дар феҳристи борҳо зикршудаи китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (Список восточных рукописей…) нусхае аз «Чорунсур» зикр ёфтааст, ки санаи китобаташ 1116 ҳиҷрӣ (1704- 1705) нишон дода шудааст. Мутаассифона, мо ин нусхаро надидаем, аз ин рӯ, дар борааш қатъиян чизе гуфта наметавонем. Вале тахмин мекунем, ки муаллифони феҳрист А. Пӯлодов ва Ҳ. Аҳроров дар ин ҷо ба иштибоҳ роҳ додаанд. Санаи 1116, ки дар охири нусха сабт гардидааст, набояд таърихи китобати нусха бошад. Ин сана санаи таърихи таълифи асар аст, ки аз қитъаи таърихи таълиф, ки дар охири аср мавҷуд аст, берун оварда шудааст. Дар ин ҷо низ ҳамон иштибоҳ, ки дар мавриди нусхаи № 1579 Китобхонаи миллии ба номи А.

пешина
аз 250
навбатӣ