Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳроров, нусхаи мазкур бо «Маснавӣ»-и Носиралии Сарҳиндӣ дар як ҷилд аст ва китобати ҳарду соли 1129 ҳиҷрӣ (1717 милодӣ) сурат гирифта аст (ниг. Список восточных рукописей фундаментальной библиотеки Самаркандского государственного Университета имени Алишера Навои. Самарканд. 1977, стр. 26).
Як нусхаи нисбатан қадими «Тилисми ҳайрат»-ро дар Архиви миллии Афғонистон дидан мумкин аст. Ин нусха ва боз нусхаҳои чанд асари дигар – «Муҳити аъзам»-и Бедил, ғазалҳои Нозим, «Масанавӣ»-и Носиралӣ, девони Ҷалоли Асир ва ғайра дар як ҷилданд ва ҳама бо як номи умумӣ – «Ҳафт рисола» зери № 127 \8 маҳфуз мебошанд. Санаҳои китобати ҳар кадоми онҳо ҳар хел аст. Девони Ҷалоли Асир дар соли 1178 (1764-1765), «Маснавӣ»-и Носиралӣ 1180 (1766-1767) «Тилисми ҳайрат» ва «Муҳити аъзам»-и Бедил 1184 (1770-1771) рӯйнавис шудаанд. Санаи китобати ғазалҳои Нозим қайд нагардидааст.
Дар радифи нусхаҳои мӯътабари «Тилисми ҳайрат» як нусхаи нисбатан ҷадид, нусхаи № 2559 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистонро низ ном бурдан лозим аст. Ин нусха агарчи дар охири асри 18 (1203\1789) китобат шудааст, аз ҷумлаи комилтарин нусхаҳои маснавӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми маснавӣ агар дар нашри Сафдарии куллиёти Бедил 3454 байт ва дар нашрҳои кобулӣ ва теҳронии он 3464 байт бошад, дар ин нусха 3484 байт аст. Яъне ҳаҷми он нисбат ба нашри Сафдарӣ 30 байт ва нисбат ба нашрҳои Кобулу Теҳрон 20 байт зиёд аст.
Аз маснавии «Тури маърифат» нусхаи алоҳидае, ки дар аҳди муаллиф рӯйнавис шуда бошад, то кунун ба назари ин ҷониб нарасидааст. Қадимтарин нусхае, ки мо аз он огоҳем, нусхаи китобхонаи Индия – Оффис аст, ки дар феҳристи борҳо зикршудаи Этте тавсиф шудааст. Бино бар тавсифи Этте, ин нусха бо нусхае аз «Чорунсур»-и шоир дар як ҷилд аст.
Китобати «Чорунсур» 1160 (1747) ва китобати «Тури маърифат» 1163 (1750) мебошад. (ниг.
Этте. саҳ. 160).
Дар феҳристи мазкури Этте нусхаи дигаре бо номи «Тури маърифат» тавсиф шудааст, ки китобаташ 2 рабеъулаввали 1191 (10 апрели 1777) қайд шудааст. Котиби нусха Муҳаммадҷаъфари Рифъатӣ ном шахс аст. Ба қавли Этте, нусха бо ин байт оғоз меёбад:
Бенавое зи маҳфили ҳастӣ
Дошт паймонаи тиҳидастӣ.
Вале ин байт аз «Тури маърифат» нест. Вазнаш ҳам бо вазни ин маснавӣ мувофиқат намекунад. Ин байт аз маснавии «Ирфон» аст. Пас нусхаи мазкур нусхаи «Тури маърифат»
набуда, балки бахше аз маснавии «Ирфон» мебошад. (ниг. Куллиёти Бедил, ҷ. 3. Кобул, 1342, Ирфон, саҳ. 150).
Дар Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон низ чанд нусхаи «Тури маърифат» мавҷуд аст. Қадимтарини онҳо нусхаи рақами 2559\2 мебошад. Ин нусха бо маснавии дигари шоир « Тилисми ҳайрат» дар як ҷилд аст. китобати ҳар дуи онҳо соли 1203 ҳиҷрӣ (1789 милодӣ) сурат гирифтааст.
Аз ҷумлаи нусхаҳои осори Бедил, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Лоҳур мавҷуданд, як нусха аз «Тури маърифат» низ вуҷуд доштааст. Бино бар гуфтаи хоҷа Ибоддулоҳи Ахтар, Мирзо Асадуллоҳхони Ғолиб ин нусхаро низ мутолиъа карда, дар саҳифаи аввалаш ин байтро навишта будааст:
Аз ин саҳифа ба навъе зуҳури маърифат аст, Ки зарра-зарра чароғони «Тури маърифат аст.

пешина
аз 250
навбатӣ