Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фирдавсии Тоҷикистон рух дода буд, такрор шудааст. Яъне таърихи таълифи асар таърихи китобати нусха пиндошта шудааст.
Агар ин тахмини мо беасос набошад, аз ҷумлаи нусхаҳои ба мо маълуми «Чорунсур»
қадимтаринашон нусхаи № 1802 Институти дастхатҳои АИ ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳад буд.
Бино бар қавли мураттибони феҳристи ин муассиса, таърихи китобати нусхаи маззкур 1128 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1716 милодӣ мебошад. Котиби нусха мулло Абдуллоҳхоҷа ном шахс будааст (ниг. Каталог фонда Итститута рукописей АН Уз. ССР. Том 2. Ташкент, 1988).
Дуввумин нусхаи қадими «Чорунсур» нусхаи китобхонаи шахсии сокини шаҳри Равалпиндии Покистон Гулзор Аҳмадхон аст, ки дар моҳи шаъбони 1130 ҳиҷрӣ мутобиқ ба июли 1718 мелодӣ бо қалами шахси ба мо маълум Муҳаммадворас ибни Муҳаммадбоқари Сиддиқӣ китобат шудааст (ниг. Муҳаммадҳусайни Тасбеҳӣ, Китобхонаҳои Покистон. Ҷилди 1. Исломобод. 1977, саҳ. 493).
Як нусхаи қадими «Чорунсур» дар Китобхонаи миллии Париж маҳфуз аст, ки дар соли 1156 ҳиҷрӣ (1743 милодӣ) рӯйнавис шудааст. Котиби нусха Муҳаммадҷаъфар ибни шайх Муштоқмуҳаммад ном шахсе аст (ниг. Блоше. Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии Китобхонаи миллии Париж. Ҷилди 1. Париж. 1905, саҳ. 90).
Нусхаҳои қадими «Чорунсур»-ро дар китобхонаи Индия Оффис (як нусха) ва Ҷамъияти Осиёии Бангола (ду нусха) низ мебинем. Китобати нусхаи Индия Оффис 22 рамазони 1160 ҳиҷрӣ (27 сентябри соли 1747) ва китобати нусхаҳои Ҷамъияти Осиёии Бангола 1160, 1164 ҳиҷрӣ (1747, 1752 милодӣ) мебошад.
Дар китобхонаҳои Федератсияи Руссия низ ба нусхаҳои нисбатан қадими «Чорунсур»
дучор омадан мумкин аст. Чунончи, як нусхаи ин асар дар захираи дастхатҳои Институти Шарқшиносии АИ Россия (Санкт Петербург) зери № 107 мавҷуд аст, ки дар солҳои 1182 – 1184 ҳиҷрӣ (1768-1771 милодӣ) истинсох шудааст. Котиби нусха Муҳаммадсолеҳ ном шахс аст. Нусхаи дигаре, ки дар Санкт Петербург мавҷуд аст, нусхаи рақами 218 Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Салтиков – Шедрин аст, ки дар соли 1234 ҳиҷрӣ (1818-1819) рӯйнавис шудааст.
Дар Институти Шарқшиносии АИ Тоҷикистон низ чандин нусхаи «Чорунсур» мавҷуд аст, ки таърихҳои китобати аксари онҳо ибтидои асри XIX милодист. Чуночи, нусхаи № 812 соли 1800 (1215 ҳиҷрӣ) ва нусхаи рақами 1837 соли 1804 (1218 ҳиҷрӣ) китобат шудаанд (ниг.
Каталог восточных рукописей АН Тадж. ССР. Том4, Душанбе, 1970, ст. 51-52).
Аз саввумин асари насрии Бедил «Руқаъот» нусхаҳои хаттии қадим, мутаассифона, хеле кам ба назар мерасанд. Аз нусхаҳои ба мо маълуми ин асар қадимтарини онҳо нусхаи 2559\IV Институти Шарқшиносии АИ Тоҷикитсон аст, ки дар соли 1203 ҳ.қ. (1789 м) китобат шудааст (ниг. Каталог восточных рукописей АН Тадж. ССР, Том IV. Душанбе 1970).
Як нусхаи нисбатан қадими дигар дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мавҷуд аст. Китобати ин нусха дар соли 1222 ҳ.қ. (1807 милодӣ) сурат гирифтааст (ниг.
Список восточных рукописей…).
Чанд нусхаи «Руқаъот»-ро дар Институти шарқшиносии АИ Ӯзбакистон низ дидан мумукин аст, ки китобати ҳамаи онҳо дар асри XIX рух додааст (ниг. Собранные Восточных рукописей АН Узб. ССР. Том 1. стр. 156, Том 5, стр. 91).

пешина
аз 250
навбатӣ