Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мирзо Бедил илова бар асарҳои зикргардида ду баёзи ашъор низ мураттаб намудааст, ки яке мунтахаби шоҳбайтҳо аз ғазалиёти худи ӯсту дигаре маҷмӯъаи осори шоирони дигар. Аз мавҷудияти баёзи аввал шогирди Бедил Биндробандоси Хушгӯ дар тазкирааш «Сафинаи Хушгӯ» хабар дода бошад ҳам нусхае аз он то кунун дастраси аҳли таҳқиқ нагардидааст.
Аммо аз баёзи дуввум як нусхаи хаттӣ маълум аст, ки дар Музеи Британия (Лондон) зери рақамҳои 16802 ва 16803 маҳфуз мебошад. Бино бар тавсифи Чарлз Рё, баёз аз ду ҷилд иборат буда, ҷамъан 882 варақ дорад. Ҷилди аввал дар моҳи зулқаъдаи 1152 (феврали 1740) ва ҷилди дуввум дар моҳи муҳаррами 1153 (апрел 1740) дар Лоҳур китобат шудаанд.
Баёз мунтахаби осори шоирони форсигӯ аз Хоқонии Шервонӣ (1126-1197) то муъосирони Бедилро дар бар кардааст. Мӯҳтавиёти он аз қасидаву ғазал, мухаммасу мустазод рубоъиву қитъа ва порчаҳои хурди маснавӣ иборат мебошад. (Дар ин бора ниг. ба мақолаи «Баёзи Мирзо Бедил» дар ҳамин маҷмӯа).
МУҲИТИ АЪЗАМ БА ХАТИ ХУДИ БЕДИЛ
Дар Архиви миллии Афғонистон аз мероси адабии Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) нусхаҳои хаттии зиёде мавҷуданд, ки барои таҳқиқи аҳволу афкор ва таҳияи матни илмии интиқодии осори ӯ дорои аҳамият ва арзиши бузурге мебошанд. Яке аз онҳо нусхаи маснавии «Муҳити аъзам» аст (нусхаи №35/8), ки 9 моҳи зулқаъдаи соли 1099 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 5 сентябри 1688 милодӣ, яъне 34 сол қабл аз вафоти муаллиф, китобат шудааст.
Ин нусха алҳол нусхаи дар ҷаҳон қадимтарини «Муҳити аъзам» аст ва дар байни осори умумии шоир низ, баъд аз нусхаҳои «Никот» (соли китобат 1091/1680-81) ва мунтахаби девони қадим (соли китобат 1098 (1688-87), ки дар китобхонаҳои Осафияи Ҳайдарободи Дакан ва Донишгоҳи мусулмонии Алигарҳ маҳфузанд, мақоми саввумро ишғол менамояд.
Мушаххасоти зоҳирии нусхаи мазкур ба қарори зайл аст: Андозаи нусха 23х12 см, хаташ настаълиқи моил ба шикаста, теъдоди авроқаш 184, ҳар варақаш дорои 34 байт ва ҳаҷми умумиаш наздик ба шаш ҳазор байт.
Дар ҳошияи варақи 4 нусха матни зерин ба назар мерасад, ки ба қалами Ғуломмуҳаммадхони Тарзӣ (1829-1901) таъаллуқ дорад. Тарзӣ навиштааст: «Мегӯяд бандаи мискини парешон Тарзии афғон, ки дар санаи 1288 нусхаи «Муҳити аъзам» аз тасонифи наҳанги баҳри маърифат ва гавҳари якдонаи дарёи ҳақиқат, айни инсони комил Мирзо Абдулқодири Бедил ба даст афтод. Аз ман иттифоқи нусхае ҳам ба дасти бонамати мубораки Мирзо буд. Бо ин китоб он қадар дилхушӣ даст дод, ки фавқи он тасаввур натавон кард. Пас ин ҳеҷмадонро ба хотир расид, ки бар ҳошияи ин нусха «Тилисми ҳайрат», ки аз китобҳои умдаи Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад, ба хати бенамати худ бинависам, то ёдгоре буда бошад. Муқаррар аст, ки бадонро ба рӯи некон ва ноқобилонро ба туфайли мақбулон бахшанд.
Шунидам, ки дар рӯзи уммеду бим
Бадонро ба некон бубахшад карим.
Фақат:
Ҳар кӣ хонад, дуъо тамаъ дорам,
З-он ки ман бандаи гунаҳгорам.
Ҳарара Тарзии парешони афғони қандаҳорӣ. Явми душанбе, 23 шаъбони аъзам, 1288 (13 – ноябри 1871 – Б. Р).
Гуфтан даркор аст, ки бо кадом сабабе мақсади Тарзӣ пурра амалӣ нагардидааст. Ӯ дар ҳошияи «Муҳити аъзам» ҳамагӣ 277 байти «Тилисми ҳайрат»-ро китобат кардаасту халос.

пешина
аз 250
навбатӣ