Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз суханони мазкури Тарзӣ бармеояд, ки ӯ бидуни нусхаи «Муҳити аъзам» нусхаи дигареро низ аз осори Бедил дар даст доштааст, ки ба қавли ӯ, ба хати худи шоир китобат шуда будааст. Зоҳиран, монандие байни ин ду нусха мавҷуд буда, ки Тарзӣ китобати нусхаи «Муҳити аъзам»-ро низ ба қалами Бедил нисбат додааст. Лекин, ба фикри мо, ангезаи асосие, ки ӯро ба ин фикр водор кардааст, ҷумлаи зайл аст, ки дар охири нусха сабт гардидааст: «Рӯзи якшанбе нӯҳуми шаҳри зулқаъдаи санаи 1099 як ҳазору наваду нӯҳи ҳиҷрӣ таҳрир ёфт».
Яъне Ғуломмуҳаммадхони Тарзӣ, ғолибан, дар асоси ҳамин ҷумла нусхаи «Муҳити аъзам»-ро дастхати худи Бедил дониста аст. Дар нусха зикр наёфтани номи котиб низ шояд омили дигари ин фикри Тарзӣ шуда бошад.
Дар варақи аввали ин нусха амири вақти Афғонистон Ҳабибуллоҳхон (1901-1919), ки бо лақаби Сироҷалмиллат вад-дин машҳур буд, дар хусуси суханони мазкури Тарзӣ ин ҷумлаҳоро сабт намудааст: «Тарзӣ соҳиби марҳум марқум намуда, ки ин китоб ба хати Мирзо Бедил аст. Аммо санаде дар байн намебошад. Хайр, агар (ба хати Бедил) набошад ҳам
34 сол қабл аз замони фавти марҳум таҳрир шуда, холӣ аз ғаробат нахоҳад буд. Таҳрир явми ҷумъа, 17 рамазони 1333 (29 июни 1915-Б. Р) Сироҷалмиллат вад-дин».
Гуфтан лозим аст, ки аз навиштаи Ҳабибуллоҳхон ибораи «ба хати Бедил»-ро касе кӯр кардааст ва аввалин шубҳаро дар хусуси автограф будани ин нусха аз байн бурданӣ шудааст.
Масъалаи ба хати Бедил таъаллуқ доштани нусхаи мазкур дар адабиёти илмӣ, аз ҷумла дар китоби Серж Буркуй «Нусхаҳои хаттии Афғонистон» (Қоҳира, 1964 саҳ. 103-104) ва ду мақолаи Азизуддин Вакилии Фуфалзоӣ «Бедилу шоҳони Дурронӣ» (маҷаллаи «Жувандун», 1319 №41-42) ва «Алоқаи шоҳон ва мардуми Афғонистон роҷеъ ба шахсият ва осори Бедил»
(рӯзномаи «Анис» 5 ҳамали 1349) низ таъкид шудааст.
Доир ба ин нусха мақолаи алоҳидае ҳам бо унвони «Қадимтарин нусхаи хаттии маснавии «Муҳити аъзам» ба табъ расидааст, ки ба қалами Абдулқадири Муштарӣ таъаллуқ дорад (маҷаллаи «Хуросон», Кобул 1364 № 4-5). Муштарӣ ба эътибори «такмилии абёт ва набудани ағлот дар матн» ба хати Бедил китобат шудани онро аз эҳтимол дур намедонад.
Аммо навъияти қоғаз ва муқоваи нусхаро комилан мовароуннаҳрӣ дониста, дар ин асос то ҳадде шокӣ будани худро иброз медорад.
Гуфтан лозим аст, ки масъалаи мовароуннаҳрӣ будан ё набудани қоғаз ва муқовваи нусха ҳанӯз ба исбот нарасидааст ва дар ин бора ҳукми қатъӣ баровардан душвор аст.
Пеш аз он ки дар тасдиқ ё радди ин назария чизе бигӯем, яъне пеш аз он ки ба хати Бедил будан ё набудани ин нусхаро эътироф намоем, бояд ба як масъалаи дигар, ба масъалаи таърихи таълифи худи маснавӣ назаре бияфканем. Тавре ки дар мақолае бо номи «Муҳити аъзам» ва таърихи таълифи он» навиштаем, дар хусуси таърихи таълифи «Муҳити аъзам»
фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Иддае аз муҳаққиқон бар онанд, ки маснавӣ дар соли 1078 ҳиҷрӣ (1667-1668) таълиф шудааст. Гурӯҳи дигар санаи 1084 (1673-1674)-ро таърихи анҷоми он медонанд. Устод Садриддин Айнӣ ва дигар муҳаққиқони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ навиштаанд, ки асар дар соли 1092 (1681) эҷод шудааст. Мо дар ақидае ҳастем, ки «Муҳити аъзам» дар муддати нисбатан тӯлонӣ, дар байни солҳои 1078-1099 (1667-1668) навишата шудааст. Яъне Бедил дар соли 1078 (1667-1668) ба таълифи асар шурӯъ намуда, дар соли 1099(1687-1688) онро ба итмом расонидааст. Санаи 1078 (1667-1668)-ро оғози таърихи таълиф донистанамон бар ин асос аст, ки дар қадимтарин нусхаи хаттии асар, яъне дар нусхаи мавриди баррасӣ қарордошта, моддаи таърихи таълиф номи асар, яъне ибораи «муҳити аъзам» аст, ки ба санаи 1078 баробар мебошад. Санаи 1099 (1687-1688)-ро соли анҷоми таълиф пазируфтан мубнӣ бар ин далел аст, ки қадимтарин нусхаи хаттии маснавӣ дар ҳамин сол китобат шудааст.

пешина
аз 250
навбатӣ